https://sputnik.tj/20250705/prokuror-khatlon-jinoyat-parvanda-1068653984.html
Зиёд шуд: Прокурори Хатлон аз мизони ҷинояткорӣ ва ифшои парвандаҳо гуфт
Зиёд шуд: Прокурори Хатлон аз мизони ҷинояткорӣ ва ифшои парвандаҳо гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Прокурори Хатлон гуфтаат, ки содиршавии ҷиноят дар қаламрави вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар шудааст 05.07.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-07-05T13:22+0500
2025-07-05T13:22+0500
2025-07-17T13:08+0500
дар тоҷикистон
хатлон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_0:134:1632:1052_1920x0_80_0_0_b1aea94ecf10332a735b57ab957adac5.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон сатҳи ҷинояткорӣ тамоюли болоравӣ доштааст. Дар ин бора прокурори вилоят Авазҷон Назарзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди зертобеяш иттилоъ додааст. Ба гуфтаи вай, дар ин муддат дар вилоят 2892 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 ҳолат бештар мебошад. Сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо ба таъкиди мақомдор 85,29-%¬ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ин давра 218 ҷинояти пинҳонмонда ошкор ва 82 парванда ба суд ирсол шудааст.Дар самти назорати умумӣ ба гуфтаи оқои Назарзода 1276 санҷиш гузаронида, 25 ҳазору 905 қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади бартарафсозии онҳо 4733 амр, 3636 эътироз ва 2074 пешниҳод ирсол гардидааст.Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки аз аввали сол ба мақомоти прокуратураи вилоят 4652 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардида, 439 ҳолати поймолшавии ҳуқуқ муайян ва барқарор шудааст. Инчунин, 52 санҷиш гузаронида, 516 қонунвайронкунӣ ошкор ва нисбат ба бархе аз ҳолатҳо 19 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
https://sputnik.tj/20240808/afzoishi-jinoyatkori-tojikiston-odamkushi-duzdi-ziyod-1063853812.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_219:78:1632:1138_1920x0_80_0_0_7a0428bcec911e1b3f47af2269df3d3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хатлон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, хатлон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Зиёд шуд: Прокурори Хатлон аз мизони ҷинояткорӣ ва ифшои парвандаҳо гуфт
13:22 05.07.2025 (Навсозишуда: 13:08 17.07.2025) Прокурори Хатлон гуфтаат, ки содиршавии ҷиноят дар қаламрави вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар шудааст
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар вилояти Хатлон сатҳи ҷинояткорӣ тамоюли болоравӣ доштааст.
Дар ин бора прокурори вилоят Авазҷон Назарзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди зертобеяш иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи вай, дар ин муддат дар вилоят 2892 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 ҳолат бештар мебошад.
Сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо ба таъкиди мақомдор 85,29-%¬ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ин давра 218 ҷинояти пинҳонмонда ошкор ва 82 парванда ба суд ирсол шудааст.
Дар самти назорати умумӣ ба гуфтаи оқои Назарзода 1276 санҷиш гузаронида, 25 ҳазору 905 қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади бартарафсозии онҳо 4733 амр, 3636 эътироз ва 2074 пешниҳод ирсол гардидааст.
Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки аз аввали сол ба мақомоти прокуратураи вилоят 4652 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардида, 439 ҳолати поймолшавии ҳуқуқ муайян ва барқарор шудааст.
Инчунин, 52 санҷиш гузаронида, 516 қонунвайронкунӣ ошкор ва нисбат ба бархе аз ҳолатҳо 19 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.