https://sputnik.tj/20250806/bebandubori-bozori-taksi-sharhi-maqomot-1069759589.html
"100 сомонӣ" ва бебандуборӣ дар бозори такси – шарҳи мақомот
"100 сомонӣ" ва бебандуборӣ дар бозори такси – шарҳи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба шикоёти ронандаҳои ширкатҳои таксиронии Душанбе посух дод
2025-08-06T09:36+0500
2025-08-06T09:36+0500
2025-08-06T11:18+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
такси
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1f/1051077306_378:1193:2048:2132_1920x0_80_0_0_b1f464dd8983ef2cf9f7c373961f6796.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Беш аз як моҳ ба ин сӯ таксистҳо ба ширкатҳои таксиронӣ рӯзона 100 сомонӣ пардохт мекунанд, ки дар қиёс бо қабл 4 баробар зиёд аст.Мақсуд Рамазонзода, сардори Раёсати зиддиинҳисории шаҳри Душанбе, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи аз 13 ба 4 адад ихтисор шудани ширкатҳои таксиронӣ вазъ тағйир ёфт ва ҳанӯз маблағи пардохти рӯзонаи таксистҳо низ мувофиқа нашудааст.Қаблан дар Душанбе 13 ширкати таксиронӣ фаъолият мекард, ки барои ҳамагӣ 4350 квота ё шумораи нақлиётро дарбар мегирифт. Ҳоло, бино ба иттилоъи расмӣ, теъдоди ширкатҳои таксиронӣ ба 4 адад коҳиш ёфта, квотаи нақлиёти таксӣ барои онҳо 12 ҳазор адад муқаррар шудааст.Таксистҳо чӣ мегӯянд?Мушоҳидаҳои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар пайи ин ихтисор ва дар пайи он идғоми таксиронҳои 9 ширкати дигар (3333, 6161, 4444, 2525, 888, 1111 ва ғайра) ба 4 ширкат (9090, 8000, 7000 ва 6000) як гуна бебандуборӣ ба миён омадааст.Қабл аз ҳама ихтисори ширкатҳо худ далели инҳисор шудани соҳаро агар ба намоиш гузорад, муқаррар шудани маблағи пардохти рӯзона ба ширкатҳо дар ҳаҷми 100 сомонӣ низ мӯҷиби шикоёти таксиронҳо шудааст.Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тақрибан бо 100 таксирони Душанбе тайи як моҳи ахир ҳамсуҳбат шуд ва онҳо дар суҳбатҳо аз ин шикоят мекунанд, ки дар гузашта агар онҳо 10% ё 13% аз ҳаққи хизматрасонии худ ба мизоҷонро ба ширкатҳо месупориданд, ҳоло бидуни ягон қоида ширкатҳо аз онҳо рӯзона 100 сомонӣ талаб мекунанд.Дар пайи ин як гуна бебандуборӣ дар фаъолияти таксиҳо низ ба вуҷуд омадааст. Масалан, агар дар гузашта онҳо қатъан бо хизматрасонӣ дар дохили шаҳр машғул буданд ва ба мизоҷон хизмат мерасонданд, ҳоло бо хатсайрҳои ғайрирасмӣ, аз қабили “3”, “8”, “Садбарг”, “Корвон” ва ғайра ҳаракат мекунанд. Онҳо ба ҷои як мизоҷ 4 мизоҷро аз роҳҳо ҷамъ намуда, ба манзил мерасонанд. Дар пайи ин он мизоҷоне, ки мехоҳанд ба ҷое бираванд, наметавонанд такси пайдо кунанд.“Бубинед, агар бо хатсайри “3” мо чаҳор мизоҷро барем, 40 сомонӣ ба даст меорем. Агар як нафарро орем, чизе беш аз 20 сомонӣ ҳаққи роҳ мешавад. Кадоме беҳтар? Маълум. Нақшаи маблағи рӯзонаро аз ҳамин роҳ пурра накунем, дигар роҳ нест”, - гуфт яке аз таксиронҳо.Ба қавли онҳо, қаблан маблағи моҳонае, ки онҳо барои ширкатҳо пардохт мекарданд, чизе миёни 800 то 900 сомонӣ буд, ҳоло ин рақам ба 3000 сомонӣ мерасад.Шарҳи мақомотСардори Раёсати зиддиинҳисории шаҳри Душанбе гуфт, коҳиши теъдоди ширкатҳои таксиронӣ аз 13 ба 4 худ як талоши шаҳрдорӣ барои ба танзим даровардани кори таксиҳои шаҳрӣ аст.Хадамоти таксиронии модерн ҳудуди 10 сол ба ин сӯ ддар шаҳри Душанбе ва сипас шаҳрҳои дигар арзи вуҷуд ва хеле ба зудӣ рушд кард. Ин рушд бахусус баъд аз ворид шудани электромобилҳо ё худравҳои барқии чинӣ суръати бештар пайдо кард, ки бино ба иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, фақат дар нимсолаи аввали соли равон 13 ҳазор адад ё 2,5 маротиба бештар аз ҳамин давраи соли гузашта (5266 адад) ворид шудааст.Ҳаққи пардохти такси дар Душанбе барои тамоми ширкатҳо ягона буда, 2,5 километри роҳ 10 сомонӣ ва сипас ҳар километр 2,5 сомонӣ арзиш дорад.
https://sputnik.tj/20240802/ziyonu-istehsoli-khudravhoi-barqi--sharhi-vazir-1063767039.html
https://sputnik.tj/20250427/tojikiston-moshinhoi-barqi-vorid-1067134483.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1f/1051077306_351:1055:1945:2251_1920x0_80_0_0_c8d6c1bf00ab5edbbdf15c5fd8f7cc4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нақлиёт, такси, шикоят, ронанда, душанбе
тоҷикистон, нақлиёт, такси, шикоят, ронанда, душанбе
"100 сомонӣ" ва бебандуборӣ дар бозори такси – шарҳи мақомот
09:36 06.08.2025 (Навсозишуда: 11:18 06.08.2025) Эксклюзив
Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ба шикоёти ронандаҳои ширкатҳои таксиронии Душанбе посух дод
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Беш аз як моҳ ба ин сӯ таксистҳо ба ширкатҳои таксиронӣ рӯзона 100 сомонӣ пардохт мекунанд, ки дар қиёс бо қабл 4 баробар зиёд аст.
Мақсуд Рамазонзода, сардори Раёсати зиддиинҳисории шаҳри Душанбе, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар пайи аз 13 ба 4 адад ихтисор шудани ширкатҳои таксиронӣ вазъ тағйир ёфт ва ҳанӯз маблағи пардохти рӯзонаи таксистҳо низ мувофиқа нашудааст.
“Ҳеҷ ягон ширкат маблағи пардохтҳо ва дигар аснодро ҳанӯз ниҳоӣ накардааст. Мо аз мушкил огоҳӣ дорем ва сари ҳалли он кор мекунем”, - гуфт Мақсуд Рамазонзода.
Қаблан дар Душанбе 13 ширкати таксиронӣ фаъолият мекард, ки барои ҳамагӣ 4350 квота ё шумораи нақлиётро дарбар мегирифт. Ҳоло, бино ба иттилоъи расмӣ, теъдоди ширкатҳои таксиронӣ ба 4 адад коҳиш ёфта, квотаи нақлиёти таксӣ барои онҳо 12 ҳазор адад муқаррар шудааст.
Мушоҳидаҳои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар пайи ин ихтисор ва дар пайи он идғоми таксиронҳои 9 ширкати дигар (3333, 6161, 4444, 2525, 888, 1111 ва ғайра) ба 4 ширкат (9090, 8000, 7000 ва 6000) як гуна бебандуборӣ ба миён омадааст.
Қабл аз ҳама ихтисори ширкатҳо худ далели инҳисор шудани соҳаро агар ба намоиш гузорад, муқаррар шудани маблағи пардохти рӯзона ба ширкатҳо дар ҳаҷми 100 сомонӣ низ мӯҷиби шикоёти таксиронҳо шудааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон тақрибан бо 100 таксирони Душанбе тайи як моҳи ахир ҳамсуҳбат шуд ва онҳо дар суҳбатҳо аз ин шикоят мекунанд, ки дар гузашта агар онҳо 10% ё 13% аз ҳаққи хизматрасонии худ ба мизоҷонро ба ширкатҳо месупориданд, ҳоло бидуни ягон қоида ширкатҳо аз онҳо рӯзона 100 сомонӣ талаб мекунанд.
“Ба мо гуфтанд, ки чӣ коре мекунед, намекунед, кор мекунед, ё намекунед, рӯзона ҳатман ҳамин маблағро биспоред. Дар акси ҳол, ҷойро холӣ кунед”, - гуфт яке аз онҳо.
Дар пайи ин як гуна бебандуборӣ дар фаъолияти таксиҳо низ ба вуҷуд омадааст. Масалан, агар дар гузашта онҳо қатъан бо хизматрасонӣ дар дохили шаҳр машғул буданд ва ба мизоҷон хизмат мерасонданд, ҳоло бо хатсайрҳои ғайрирасмӣ, аз қабили “3”, “8”, “Садбарг”, “Корвон” ва ғайра ҳаракат мекунанд. Онҳо ба ҷои як мизоҷ 4 мизоҷро аз роҳҳо ҷамъ намуда, ба манзил мерасонанд. Дар пайи ин он мизоҷоне, ки мехоҳанд ба ҷое бираванд, наметавонанд такси пайдо кунанд.
“Бубинед, агар бо хатсайри “3” мо чаҳор мизоҷро барем, 40 сомонӣ ба даст меорем. Агар як нафарро орем, чизе беш аз 20 сомонӣ ҳаққи роҳ мешавад. Кадоме беҳтар? Маълум. Нақшаи маблағи рӯзонаро аз ҳамин роҳ пурра накунем, дигар роҳ нест”, - гуфт яке аз таксиронҳо.
Ба қавли онҳо, қаблан маблағи моҳонае, ки онҳо барои ширкатҳо пардохт мекарданд, чизе миёни 800 то 900 сомонӣ буд, ҳоло ин рақам ба 3000 сомонӣ мерасад.
Сардори Раёсати зиддиинҳисории шаҳри Душанбе гуфт, коҳиши теъдоди ширкатҳои таксиронӣ аз 13 ба 4 худ як талоши шаҳрдорӣ барои ба танзим даровардани кори таксиҳои шаҳрӣ аст.
“Азбаски тағйирот нав ба миён омадааст, як каме вақт зарур аст, ки ҳама чӣ ҷойи худро гирад. Мо ҳатман мушкилро ҳал мекунем”, - гуфт Мақсуд Рамазонзода.
Хадамоти таксиронии модерн ҳудуди 10 сол ба ин сӯ ддар шаҳри Душанбе ва сипас шаҳрҳои дигар арзи вуҷуд ва хеле ба зудӣ рушд кард. Ин рушд бахусус баъд аз ворид шудани электромобилҳо ё худравҳои барқии чинӣ суръати бештар пайдо кард, ки бино ба иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, фақат дар нимсолаи аввали соли равон 13 ҳазор адад ё 2,5 маротиба бештар аз ҳамин давраи соли гузашта (5266 адад) ворид шудааст.
Ҳаққи пардохти такси дар Душанбе барои тамоми ширкатҳо ягона буда, 2,5 километри роҳ 10 сомонӣ ва сипас ҳар километр 2,5 сомонӣ арзиш дорад.