https://sputnik.tj/20250805/baqoi-eron-taqviyati-tijorat-ittihodiyai-iqtisodii-avruosiyo-1069753541.html
Бақоӣ: Эрон дар масири тақвияти тиҷорат бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аст
Бақоӣ: Эрон дар масири тақвияти тиҷорат бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аст
Sputnik Тоҷикистон
Сухангуии вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба густариши ҳамкориҳои минтақаии Эрон, аз пешрафт ҳамкорӣ бо ИИАО ва Покистон хабар дод
2025-08-05T15:59+0500
2025-08-05T15:59+0500
2025-08-05T16:46+0500
эрон
иқтисод
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/05/1069753793_0:38:720:443_1920x0_80_0_0_a5dc57f4bd295d902a793564ffd11163.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Исмоил Бақоӣ, сухангуии вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишаст хабарии ҳафтагии худ дар хусуси равобити Эрону Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Покистон изҳор кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.Вай бо таъкид бар аҳамияти ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёи афзуд, ки ин иттиҳодия барои Эрон аз аҳамияти болоӣ бархурдор аст, чунки аввалин мувофиқатномаи тиҷорати озоди Эрон бо як гуруҳ аз кишварҳо бо ҳамин Иттиҳодияи мунъақид шудааст.Аз авоили соли гузашта бахше аз ин тавофуқномаи лозими иҷро шуда пешбинӣ мешавад, ки ҳудуди 90% аз колоҳои содиротӣ ва воридотии миёни Эрон ва кишварҳои узви ин Иттиҳодия, машмули муфоди ин тавофуқнома шаванд.Вай ҳамчунин баён кард, ки ширкати фаъоли Эрон дар иҷлосҳои ин Иттиҳодия чӣ дар ҷойгоҳи нозир ва чӣ дар қолаби узвият дар тавофуқнома, аз манзари иқтисодӣ бисёр ҳоизи аҳамият аст.Ҳамчунин сухангӯи ВУХ-и Эрон дар бораи равобит Покистон ишора кард.Вай гуфт, тавофуқҳое дар ҳавзаҳои муҳимм монанди гумрук, ҳавонавардӣ ва гардишгарии миёни ду кишвар дар даст пайгирӣ аст. Афзун бар ин, мавзӯи инъиқоди тавофуқномаи тиҷорати озоди миёни Эрону Покистон низ аз аҳамияти болоӣ бархурдор аст ва ҳам акнун дар марҳалаи танзими ҷузъиёт қарор дорад.Бақоӣ ҳамчунин гуфт сафари доктори Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон ба Осиёи марказӣ дар дастури кор қарор дорад.Вай гуфт оқои Ориф барои ширкат дар иҷлоси кишварҳои маҳсӯр дар хушкӣ ба Туркманистон сафар кард ва ҳафтаи оянда низ ба Қирғизистон сафар хоҳад кард то дар нишаст нахусти вазирони кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳузур ёбад.
https://sputnik.tj/20250804/naqshai-rohi-tijorati-ozod-miyoni-iiao-eron-tahiya-1069724593.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/05/1069753793_40:0:680:480_1920x0_80_0_0_682d50ebd5842f919265e72f87cb3d8a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, эрон, покистон, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод
ииао, эрон, покистон, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод
Бақоӣ: Эрон дар масири тақвияти тиҷорат бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аст
15:59 05.08.2025 (Навсозишуда: 16:46 05.08.2025) Сухангуии вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба густариши ҳамкориҳои минтақаии Эрон, аз пешрафт ҳамкорӣ бо ИИАО ва Покистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Исмоил Бақоӣ, сухангуии вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишаст хабарии ҳафтагии худ дар хусуси равобити Эрону Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Покистон изҳор кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Вай бо таъкид бар аҳамияти ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёи афзуд, ки ин иттиҳодия барои Эрон аз аҳамияти болоӣ бархурдор аст, чунки аввалин мувофиқатномаи тиҷорати озоди Эрон бо як гуруҳ аз кишварҳо бо ҳамин Иттиҳодияи мунъақид шудааст.
Аз авоили соли гузашта бахше аз ин тавофуқномаи лозими иҷро шуда пешбинӣ мешавад, ки ҳудуди 90% аз колоҳои содиротӣ ва воридотии миёни Эрон ва кишварҳои узви ин Иттиҳодия, машмули муфоди ин тавофуқнома шаванд.
Вай ҳамчунин баён кард, ки ширкати фаъоли Эрон дар иҷлосҳои ин Иттиҳодия чӣ дар ҷойгоҳи нозир ва чӣ дар қолаби узвият дар тавофуқнома, аз манзари иқтисодӣ бисёр ҳоизи аҳамият аст.
Ҳамчунин сухангӯи ВУХ-и Эрон дар бораи равобит Покистон ишора кард.
Вай гуфт, тавофуқҳое дар ҳавзаҳои муҳимм монанди гумрук, ҳавонавардӣ ва гардишгарии миёни ду кишвар дар даст пайгирӣ аст. Афзун бар ин, мавзӯи инъиқоди тавофуқномаи тиҷорати озоди миёни Эрону Покистон низ аз аҳамияти болоӣ бархурдор аст ва ҳам акнун дар марҳалаи танзими ҷузъиёт қарор дорад.
Бақоӣ ҳамчунин гуфт сафари доктори Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон ба Осиёи марказӣ дар дастури кор қарор дорад.
Вай гуфт оқои Ориф барои ширкат дар иҷлоси кишварҳои маҳсӯр дар хушкӣ ба Туркманистон сафар кард ва ҳафтаи оянда низ ба Қирғизистон сафар хоҳад кард то дар нишаст нахусти вазирони кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳузур ёбад.