https://sputnik.tj/20250805/amonatbonk-afzoishi-peshnihodi-qarzhoi-ipoteki-1069745846.html
“Амонатбонк” аз афзоиши пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ хабар дод
“Амонатбонк” аз афзоиши пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини “Амонатбонк” мегӯянд, ки Бонк ба пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ ба аҳолии кишвар аҳамияти хос медиҳад
2025-08-05T13:34+0500
2025-08-05T13:34+0500
2025-08-05T14:38+0500
амонатбонк
қарздиҳӣ
қарзҳо
молия
бонк
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/05/1069753226_0:56:1930:1142_1920x0_80_0_0_0b32b654b81e45d777d5f75626f5192a.jpg
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли 2025, ба 113 нафар қарзҳои ипотекӣ дар ҳаҷми 34 млн. сомонӣ дода шудааст.Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ масъулини “Амонатбонк” хабар доданд.Ба иттилои мутахассисони ин бонк ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 маротиба бештар мебошад.Меъёри ипотекаи “Амонатбонк” бо асъори миллӣ 18% солона бо муҳлати 10 сол ва 14% солона бо муҳлати 7 сол мебошад. Шарти ҳатмӣ пешпардохт дар ҳаҷми 30% аз ариши манзил мебошад.Масъулини “Амонатбонк” қайд карданд, ки барои дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дар самти таъмини шароити беҳтари зиндагии аҳолӣ, ба қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ низ аҳамияти хос медиҳад.Ёдовар мешавем, ки Дар соли 2024 ба 144 нафар ба маблағи 42 млн сомонӣ қарзҳои ипотекӣ бо 18% солона пешниҳод карда шудааст.Ба гуфтаи КВД “Амонатбонк” Алиҷон Салимзода бонк ба пешнҳоди қарз барои иптоека аз соли 2022 шурӯъ кард.Қайд карда шуд, ки ҳаҷми қарз барои ипотекаи “Амонатбонк” дар соли 2024 дар муқоиса ба ду соли пешин 3 баробар зиёд шуда буд.Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки Амонатбонк нимсолаи аввали соли 2025-ро бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст кард.Дар нимсолаи якуми соли 2025, Бонк аз ҳисоби захираҳои дохиливу хориҷӣ ба зиёда аз 28 ҳазор мизоҷ беш аз 1 млрд. сомонӣ қарз пешниҳод намуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 7,9% афзоиш ёфтааст.Ҳаҷми сармояи Бонк дар нимсолаи якуми соли 2025 зиёда аз 1 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 фоиз афзоиш ёфтааст.Дороиҳои умумии Бонк дар давраи ҳисоботӣ 9,6 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 8,6 млрд. сомониро ташкил доданд, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 — 20,5% ва 21,6% зиёд мебошанд.Дар ин давра Бонк ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар маҷмуъ 62,1 млн. сомонӣ маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро пардохт намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,6 фоиз бештар аст.
https://sputnik.tj/20240311/agar-bonk-kor-nakunad-chi-tavr-pul-firistem-maslihathoi-muhojironi-tojik-1062006483.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/05/1069753226_76:0:1840:1323_1920x0_80_0_0_2f6f4b8eb52843cb2879195ff06a1134.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амонатбонк, ипотека, қарз, бонк, молия, иқтисод
амонатбонк, ипотека, қарз, бонк, молия, иқтисод
“Амонатбонк” аз афзоиши пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ хабар дод
13:34 05.08.2025 (Навсозишуда: 14:38 05.08.2025) Масъулини “Амонатбонк” мегӯянд, ки Бонк ба пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ ба аҳолии кишвар аҳамияти хос медиҳад
ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Дар нимсолаи якуми соли 2025, ба 113 нафар қарзҳои ипотекӣ дар ҳаҷми 34 млн. сомонӣ дода шудааст.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ масъулини “Амонатбонк” хабар доданд.
Ба иттилои мутахассисони ин бонк ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 маротиба бештар мебошад.
Меъёри ипотекаи “Амонатбонк” бо асъори миллӣ 18% солона бо муҳлати 10 сол ва 14% солона бо муҳлати 7 сол мебошад. Шарти ҳатмӣ пешпардохт дар ҳаҷми 30% аз ариши манзил мебошад.
Масъулини “Амонатбонк” қайд карданд, ки барои дастгирии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дар самти таъмини шароити беҳтари зиндагии аҳолӣ, ба қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ низ аҳамияти хос медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Дар соли 2024 ба 144 нафар ба маблағи 42 млн сомонӣ қарзҳои ипотекӣ бо 18% солона пешниҳод карда шудааст.
Ба гуфтаи КВД “Амонатбонк” Алиҷон Салимзода бонк ба пешнҳоди қарз барои иптоека аз соли 2022 шурӯъ кард.
Қайд карда шуд, ки ҳаҷми қарз барои ипотекаи “Амонатбонк” дар соли 2024 дар муқоиса ба ду соли пешин 3 баробар зиёд шуда буд.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки Амонатбонк нимсолаи аввали соли 2025-ро бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст кард.
Дар нимсолаи якуми соли 2025, Бонк аз ҳисоби захираҳои дохиливу хориҷӣ ба зиёда аз 28 ҳазор мизоҷ беш аз 1 млрд. сомонӣ қарз пешниҳод намуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 7,9% афзоиш ёфтааст.
Ҳаҷми сармояи Бонк дар нимсолаи якуми соли 2025 зиёда аз 1 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дороиҳои умумии Бонк дар давраи ҳисоботӣ 9,6 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 8,6 млрд. сомониро ташкил доданд, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 — 20,5% ва 21,6% зиёд мебошанд.
Дар ин давра Бонк ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар маҷмуъ 62,1 млн. сомонӣ маблағҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро пардохт намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,6 фоиз бештар аст.