https://sputnik.tj/20250804/zelenskiy-ukraina-gharb-khashm-1069712806.html
"Зеленский метарсад": Чизе, ки дар Украина мегузарад, Ғарбро ба хашм меорад
"Зеленский метарсад": Чизе, ки дар Украина мегузарад, Ғарбро ба хашм меорад
Sputnik Тоҷикистон
Зеленский аз тарси украиниҳо намехоҳад муноқишаро хотима диҳад, мегӯяд рӯзноманигор Фазӣ 04.08.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-08-04T10:36+0500
2025-08-04T10:36+0500
2025-08-04T10:36+0500
украина
ғарб
аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/16/1069226115_0:274:3072:2002_1920x0_80_0_0_92599559dca57e66aab07f746509d0d3.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.Владимир Зеленский аз тарси шаҳрвандони украинӣ намехоҳад, барои хотима додан ба муноқишаи низомӣ талош кунад. Дар ин бора, рӯзноманигор Томас Фазӣ дар шабакаи иҷтимоъии X дар шарҳи наворҳои охирини сафарбаркунии нерӯҳо дар Киев гуфтааст."Яке аз сабабҳои хотима наёфтани ҷанг ин аст, ки Зеленский ва кураторҳои ғарбии ӯ метарсанд, ки украинҳои оддӣ баробари дубора ба озодии баён расидан, аз сиёсати хунини низомии бо бераҳмии шадид бар онҳо таҳмилшуда, огоҳ мешаванд", - гуфт ӯ. Дар интернет наворҳои сафарбарии иҷборӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Украина ба таври густурда паҳн шудааст, ки дар ин сабтҳо намояндагони комиссариатҳои ҳарбии Украина, мардонро дар микроавтобусҳо бурда, аксаран боздоштшудаҳоро лату кӯб ва алайҳи онҳо аз зӯри бозу истифода мекунанд.Қонун дар бораи таҳкими сафарбаркунӣ дар Украина аз 18 майи соли 2024 эътибор пайдо кард. Ин санад аз ҳамаи даъватшавандагон талаб мекунад, ки маълумоти худро дар комиссариати ҳарбӣ нав кунанд. Барои ин шахсан ба комиссариати ҳарбӣ омада ё дар “ҳисоботи электронии даъватшаванда” сабти ном шудан лозим аст. Қонун муқаррар кардааст, ки даъватшавандагон бояд ҳамеша билети ҳарбии худро бо худ дошта бошанд ва бо дархости аввалини кормандони комиссариати ҳарбӣ ё пулис пешниҳод кунанд.
https://sputnik.tj/20250725/muloqot-rusiya-ukraina-nihoi-1069412318.html
украина
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/16/1069226115_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_60d2af5522806f906a40dd52e0635ae8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, хашми ғарб,
"Зеленский метарсад": Чизе, ки дар Украина мегузарад, Ғарбро ба хашм меорад
Зеленский аз тарси украиниҳо намехоҳад муноқишаро хотима диҳад, мегӯяд рӯзноманигор Фазӣ
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.Владимир Зеленский аз тарси шаҳрвандони украинӣ намехоҳад, барои хотима додан ба муноқишаи низомӣ талош кунад.
Дар ин бора, рӯзноманигор Томас Фазӣ дар шабакаи иҷтимоъии X дар шарҳи наворҳои охирини сафарбаркунии нерӯҳо дар Киев гуфтааст.
"Яке аз сабабҳои хотима наёфтани ҷанг ин аст, ки Зеленский ва кураторҳои ғарбии ӯ метарсанд, ки украинҳои оддӣ баробари дубора ба озодии баён расидан, аз сиёсати хунини низомии бо бераҳмии шадид бар онҳо таҳмилшуда, огоҳ мешаванд", - гуфт ӯ.
Дар интернет наворҳои сафарбарии иҷборӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Украина ба таври густурда паҳн шудааст, ки дар ин сабтҳо намояндагони комиссариатҳои ҳарбии Украина, мардонро дар микроавтобусҳо бурда, аксаран боздоштшудаҳоро лату кӯб ва алайҳи онҳо аз зӯри бозу истифода мекунанд.
Қонун дар бораи таҳкими сафарбаркунӣ дар Украина аз 18 майи соли 2024 эътибор пайдо кард. Ин санад аз ҳамаи даъватшавандагон талаб мекунад, ки маълумоти худро дар комиссариати ҳарбӣ нав кунанд.
Барои ин шахсан ба комиссариати ҳарбӣ омада ё дар “ҳисоботи электронии даъватшаванда” сабти ном шудан лозим аст. Қонун муқаррар кардааст, ки даъватшавандагон бояд ҳамеша билети ҳарбии худро бо худ дошта бошанд ва бо дархости аввалини кормандони комиссариати ҳарбӣ ё пулис пешниҳод кунанд.