https://sputnik.tj/20250804/rahmon-ba-turkmaniston-raft-1069729336.html
Раҳмон ба Туркманистон рафт
Раҳмон ба Туркманистон рафт
Sputnik Тоҷикистон
Қарор аст, раисҷумҳури Тоҷикистон дар конфронси сеюм кишварҳои рӯ ба инкшоф, ки роҳи баҳрӣ надоранд иштирок намояд
2025-08-04T17:34+0500
2025-08-04T17:34+0500
2025-08-05T11:14+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
туркманистон
ҳамкорӣ
президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/05/1069742443_308:130:2047:1108_1920x0_80_0_0_8c9e23db7c878c329f9e3fc182adffee.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба Туркманистон сафар кард, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.Бояд гуфт, ки дар минтақаи миллии сайёҳии Аваза дар чаҳорчӯби Конфронси сеюми СММ кишварҳои дар рӯ ба инкишоф, ки роҳи баҳрӣ надоранд оғоз ёфт, ки дар он раисҷумҳури Тоҷикистон иштирок хоҳад кард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири кишвар, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.Манбаъ қайд кардааст, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Ёдовар мешавем, ки бори ахир раисҷумҳури Тоҷикистон ба Туркманистон 11 октябри соли 2024 сафар карда буд ва бо мақоти олии ин кишвар дидору гуфтугҳо сурат гирифту санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.Ҳамчунин 4-5 апрели соли гузашта сафари расмии пешвои миллии халқи туркман - Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов ба Тоҷикистон сурат гирифта буд.Зимни сафараш ба Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни ду кишвар 5 санади нав ба имзо расиданд.
https://sputnik.tj/20250729/muloqot-emomali-rahmon-sodir-jabborov-cholpon-ota-1069573477.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/05/1069742443_366:0:2047:1260_1920x0_80_0_0_4213905dcaad030db5c037cae2e4fa5f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркманистон, сафар, раисҷумҳур, раҳмон, иштирок
тоҷикистон, туркманистон, сафар, раисҷумҳур, раҳмон, иштирок
Раҳмон ба Туркманистон рафт
17:34 04.08.2025 (Навсозишуда: 11:14 05.08.2025) Қарор аст, раисҷумҳури Тоҷикистон дар конфронси сеюм кишварҳои рӯ ба инкшоф, ки роҳи баҳрӣ надоранд иштирок намояд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба Туркманистон сафар кард, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Бояд гуфт, ки дар минтақаи миллии сайёҳии Аваза дар чаҳорчӯби Конфронси сеюми СММ кишварҳои дар рӯ ба инкишоф, ки роҳи баҳрӣ надоранд оғоз ёфт, ки дар он раисҷумҳури Тоҷикистон иштирок хоҳад кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Тоҷикистонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири кишвар, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки бори ахир раисҷумҳури Тоҷикистон ба Туркманистон 11 октябри соли 2024 сафар карда буд ва бо мақоти олии ин кишвар дидору гуфтугҳо сурат гирифту санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳамчунин 4-5 апрели соли гузашта сафари расмии пешвои миллии халқи туркман - Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳамадов ба Тоҷикистон сурат гирифта буд.
Зимни сафараш ба Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни ду кишвар 5 санади нав ба имзо расиданд.