https://sputnik.tj/20250729/muloqot-emomali-rahmon-sodir-jabborov-cholpon-ota-1069573477.html
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов дар Чолпон-Ота
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов дар Чолпон-Ота
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардорон зимни мулоқот натиҷаи сафарҳои давлатии чанде пеши якдигарро ба Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ карда, таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи аломатгузории марз кардаанд
2025-07-29T16:11+0500
2025-07-29T16:11+0500
2025-07-29T16:28+0500
эмомалӣ раҳмон
қирғизистон
чолпон-отаи қирғизистон
мулоқот
президент
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1d/1069570629_0:196:2048:1348_1920x0_80_0_0_17b81bae5f41d5de90274d8975cdd024.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар шаҳри Чолпон-Ота мулоқот карданд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии кишвардори Тоҷикистон гузориш медиҳад.Гуфта мешавад, ки ин мулоқоти кории ду президент буда, дар доираи он, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон ҳамаҷониба муҳокима шудааст.Ҳамчунин зимни суҳбат, натиҷаи сафарҳои давлатии чанде пеши кишвардори Тоҷикистон ба Қирғизистон ва раисиҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.Манбаъ афзуда, ки кишвардорон ҳамчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кардаанд.Дӯстии абадӣ: шоми Раҳмон ва Ҷабборв дар Душанбе чӣ гуна гузашт?Ёдрас мешавем, ки ахиран президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз Тоҷикистон боздид карда буд. Дар доираи ин сафари кишвардори Қирғизистон миёни Душанбе ва Бишкек 14 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд.
https://sputnik.tj/20250717/safar-jabborov-tojikiston-1069067586.html
қирғизистон
чолпон-отаи қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1d/1069570629_83:0:1906:1367_1920x0_80_0_0_c449d60c5c83a7845d0410abf9401684.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, раҳмон, ҷабборов, чолпон-ота
мулоқот, раҳмон, ҷабборов, чолпон-ота
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов дар Чолпон-Ота
16:11 29.07.2025 (Навсозишуда: 16:28 29.07.2025) Кишвардорон натиҷаи сафарҳои давлатии якдигарро ба Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ карда, ба масъалаи аломатгузории марз таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардаанд
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар шаҳри Чолпон-Ота мулоқот карданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии кишвардори Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин мулоқоти кории ду президент буда, дар доираи он, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон ҳамаҷониба муҳокима шудааст.
Ҳамчунин зимни суҳбат, натиҷаи сафарҳои давлатии чанде пеши кишвардори Тоҷикистон ба Қирғизистон ва раисиҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
"Сарони давлатҳо муҳиммияти рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои дуҷонибаро таъкид карда, ба масъалаҳои пешбурди раванди демаркатсияи хатти Сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки кишвардорон ҳамчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз Тоҷикистон боздид карда буд. Дар доираи ин сафари кишвардори Қирғизистон миёни Душанбе ва Бишкек
14 санади нави ҳамкорӣ имзо шуд.