Дар Хатлон талоқ кам шудаасту никоҳ зиёд

© Sputnik / Амир ИсаевСвадьба, архивное фото
Свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2025
Обуна шудан
Мақомот омилҳои кам шудани ҷудошавии оилаҳоро ба корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдан миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон рабт дод
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ба иттилои Раёсати адлияи вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми се моҳи соли ҷорӣ 449 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои ин манбаъ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112 ҳолат камтар аст.
Мақомот омилҳои кам шудани ҷудошавии оилаҳоро ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, аз ҷониби кормандони шуъбаю бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳо рабт доданд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар се моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 7 ҳазору 340 ҳолати бастани ақди никоҳ бақайд гирифта шудааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳазору 886 ақди никоҳи шаҳрвандон ба расмият дароварда шуда буд.
Свадьба в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2025
Кумитаи занон: Дар Тоҷикистон издивоҷу талоқ кам шудааст
Қайд карда шудааст, ки бастани ақди никоҳ дар се моҳи соли 2025-ум 455 ҳолат зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ аз ҷониби бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳо якҷо бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамагӣ дар ин давра 51 ҳазоур 627 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 686 сабт зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0