https://sputnik.tj/20250803/maqomot-khujand-zahroludshavi-1069702207.html
Мақомоти Суғд заҳролудшавии 6 узви як хонаводаро шарҳ доданд
Мақомоти Суғд заҳролудшавии 6 узви як хонаводаро шарҳ доданд
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби заҳролудшавии 6 узви як хонаводаро мақомоти Суғд, нодуруст нигоҳ доштани маҳсулоти консервашуда гуфтанд
2025-08-03T14:05+0500
2025-08-03T14:05+0500
2025-08-03T14:05+0500
хуҷанд
тандурустӣ
саломатӣ
заҳролудшавӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/12/1060970419_0:57:3072:1785_1920x0_80_0_0_d3ae9a8579638c7283d04a5993a7b79b.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд тайи шаш моҳ як бемории ботулизм ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 6 нафар заҳролуд шудаанд. Дар ин бора, директори назорати санитарию эпидемиологии Суғд, Султон Раҳмонзода дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, хабар дод.Ба гуфтаи Раҳмонзода, бо вуҷуди заҳролудшавӣ, ҳолати марговар ба қайд гирифта нашудааст. Бино ба гузориши мақомот, сабаби заҳролудшавӣ бошад, нодуруст нигоҳ доштани маҳсулоти консервашуда аст.Мақомот аз мардум даъват кард, ки баъди консервонидани маҳсулот онро барои санҷиш ба марказҳои санитарию эпидемиологӣ оварда санҷанд, то ба ҷони худ хатар эҷод накунанд.Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустӣ аз коҳиши гирифторӣ ба ботулизм давоми се соли пеш (аз 2021 то 2023) дар кишвар хабар дода буд.Ба иттилои вазорат, агар дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 30 ҳодиса ба қайд гирифта, 118 нафар заҳролуд шуда, аз инҳо 7 нафарашон фавтида бошанд, пас дар соли 2022 17 ҳодиса ба қайд гирифта шуда, 47 нафар заҳролуд шуда, 6 нафар фавтидаанд, ки нисбатан камтар мебошад.Дар 8 моҳи соли 2023 бошад, дар ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ботулизм ба қайд гирифта шуда, 10 нафар заҳролуд шуданд ва 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд.Аз дуди ангишт дар Тоҷикистон ҳамасола одамони зиёд осеб мебинандВазорат қайд кард, ки дар 10 соли охир ҳодисаҳои бақайдгирии бемории ботулизм аз истеъмоли маҳсулотҳои консервашудаи дар корхонаҳои саноати хӯрока, сехи консервабарорӣ ва аз муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо ба қайд гирифта нашудааст.Ҳодисаҳои ба қайд гирифташуда 100% аз истеъмоли хуришҳои консервагии дар шароти хона омодашуда мебошад.
https://sputnik.tj/20230831/vazorat-tandurusti-bemori-botulizm-tojikiston-kam-1059157566.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/12/1060970419_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_27996766cbecdc07d2a0e76d916c5aa6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
беморӣ, ботулизм, тоҷикистон
беморӣ, ботулизм, тоҷикистон
Мақомоти Суғд заҳролудшавии 6 узви як хонаводаро шарҳ доданд
Сабаби заҳролудшавии 6 узви як хонаводаро мақомоти Суғд, нодуруст нигоҳ доштани маҳсулоти консервашуда гуфтанд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд тайи шаш моҳ як бемории ботулизм ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 6 нафар заҳролуд шудаанд.
Дар ин бора, директори назорати санитарию эпидемиологии Суғд, Султон Раҳмонзода дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, хабар дод.
Ба гуфтаи Раҳмонзода, бо вуҷуди заҳролудшавӣ, ҳолати марговар ба қайд гирифта нашудааст.
"Аз ҷониби марказҳои санитарию эпидемиологӣ чораҳои фаврӣ андешида шуда, беморон сари вақт табобат гирифта, ба хонаҳояшон фиристода шуданд", - гуфт оқои Раҳмонзода.
Бино ба гузориши мақомот, сабаби заҳролудшавӣ бошад, нодуруст нигоҳ доштани маҳсулоти консервашуда аст.
Мақомот аз мардум даъват кард, ки баъди консервонидани маҳсулот онро барои санҷиш ба марказҳои санитарию эпидемиологӣ оварда санҷанд, то ба ҷони худ хатар эҷод накунанд.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати тандурустӣ аз коҳиши гирифторӣ ба ботулизм давоми се соли пеш (аз 2021 то 2023) дар кишвар хабар дода буд.
Ба иттилои вазорат, агар дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 30 ҳодиса ба қайд гирифта, 118 нафар заҳролуд шуда, аз инҳо 7 нафарашон фавтида бошанд, пас дар соли 2022 17 ҳодиса ба қайд гирифта шуда, 47 нафар заҳролуд шуда, 6 нафар фавтидаанд, ки нисбатан камтар мебошад.
Дар 8 моҳи соли 2023 бошад, дар ҷумҳурӣ 4 ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ботулизм ба қайд гирифта шуда, 10 нафар заҳролуд шуданд ва 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд.
Вазорат қайд кард, ки дар 10 соли охир ҳодисаҳои бақайдгирии бемории ботулизм аз истеъмоли маҳсулотҳои консервашудаи дар корхонаҳои саноати хӯрока, сехи консервабарорӣ ва аз муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳодисаҳои ба қайд гирифташуда 100% аз истеъмоли хуришҳои консервагии дар шароти хона омодашуда мебошад.