https://sputnik.tj/20230831/vazorat-tandurusti-bemori-botulizm-tojikiston-kam-1059157566.html
Вазорати тандурустӣ: Бақайдгирии бемории ботулизм дар Тоҷикистон кам гардидааст
Вазорати тандурустӣ: Бақайдгирии бемории ботулизм дар Тоҷикистон кам гардидааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иддао дорад, ки дар се соли ахир бақайдгирии бемории ботулизм дар байни аҳолӣ нисбатан кам гардидааст
2023-08-31T18:59+0500
2023-08-31T18:59+0500
2023-08-31T18:59+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
бемор
вазорати тандурустӣ
сироят
кам
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102848/82/1028488206_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_d7daa7979d876e0add3eee3d3066f1c7.jpg
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Бемории ботулизм дар давоми 3 соли охир (2021, 2022 ва 8 моҳи соли 2023) нишон медиҳад, ки бақайдгирии бемории ботулизм дар байни аҳолӣ нисбатан кам гардидааст. Дар ин бора вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои вазорат, агар дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 30 ҳодиса ба қайд гирифта, 118 нафар заҳролуд шуда, аз инҳо 7 нафарашон фавтида бошанд, пас дар соли 2022 17 ҳодиса ба қайд гирифта шуда, 47 нафар заҳролуд шуда, 6 нафар фавтидаанд, ки нисбатан камтар мебошад. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои вазорат дар 8 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 4 ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ботулизм ба қайд гирифта шуда, 10 нафар заҳролуд шуданд ва 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Вазорат қайд кардааст, ки дар 10 соли охир ҳодисаҳои бақайдгирии бемории ботулизм аз истеъмоли маҳсулотҳои консервашудаи дар корхонаҳои саноати хӯрока, сехи консервабарорӣ ва аз муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо ба қайд гирифта нашудааст.Ҳодисаҳои ба қайд гирифташуда 100% аз истеъмоли хуришҳои консервагии дар шароти хона омодашуда мебошад.
https://sputnik.tj/20230819/khatlon-inshoot-tandurusti-bunyod-1058913594.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102848/82/1028488206_69:0:790:541_1920x0_80_0_0_16732892aa265ea73b01860d79b497fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, беморӣ, ботулизм, тандурустӣ, вазорати тандурустӣ, аҳолӣ, кам гардидан
тоҷикистон, беморӣ, ботулизм, тандурустӣ, вазорати тандурустӣ, аҳолӣ, кам гардидан
Вазорати тандурустӣ: Бақайдгирии бемории ботулизм дар Тоҷикистон кам гардидааст
Вазорати тандурустии Тоҷикистон иддао дорад, ки дар се соли ахир бақайдгирии бемории ботулизм дар байни аҳолӣ нисбатан кам гардидааст
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Бемории ботулизм дар давоми 3 соли охир (2021, 2022 ва 8 моҳи соли 2023) нишон медиҳад, ки бақайдгирии бемории ботулизм дар байни аҳолӣ нисбатан кам гардидааст.
Дар ин бора вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, агар дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 30 ҳодиса ба қайд гирифта, 118 нафар заҳролуд шуда, аз инҳо 7 нафарашон фавтида бошанд, пас дар соли 2022 17 ҳодиса ба қайд гирифта шуда, 47 нафар заҳролуд шуда, 6 нафар фавтидаанд, ки нисбатан камтар мебошад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои вазорат дар 8 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 4 ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ботулизм ба қайд гирифта шуда, 10 нафар заҳролуд шуданд ва 3 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Вазорат қайд кардааст, ки дар 10 соли охир ҳодисаҳои бақайдгирии бемории ботулизм аз истеъмоли маҳсулотҳои консервашудаи дар корхонаҳои саноати хӯрока, сехи консервабарорӣ ва аз муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳодисаҳои ба қайд гирифташуда 100% аз истеъмоли хуришҳои консервагии дар шароти хона омодашуда мебошад.