https://sputnik.tj/20250803/iiao-qoida-tanzim-bozor-doru-1069705338.html
ИИАО қоидаҳои нави танзими бозори маводи дорувориро тасдиқ кард
ИИАО қоидаҳои нави танзими бозори маводи дорувориро тасдиқ кард
Sputnik Тоҷикистон
Қоидаҳо тартиби умумии гузаронидани санҷишҳоро дарбар мегирад, ки ҳангоми бақайдгирии доруҳои аслӣ дар кишварҳои мухталифи иттиҳод аз санҷишҳои такрорӣ озод мешавад
2025-08-03T17:42+0500
2025-08-03T17:42+0500
2025-08-03T17:42+0500
ииао
бозор
дорусозӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1e/1063029072_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7405e6af85927fbea57bd3658d6108fe.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар бахши танзими бозори умумии таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ қарор қабул кард. Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қоидаҳои нави санҷишҳои фармасевтиро, ки мутобиқати талаботи таҷрибаи лабораториро тафтиш мекунанд, тасдиқ кард. "Ин қоидаҳо ба таҷрибаи кишварҳои узви ИИАО дар баҳодиҳии марказҳое, ки таҳқиқоти пеш аз клиникии бехатарии доруҳои аслӣ мегузаронанд, асос ёфтаанд ва равишҳои байналмилалие, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд тавсия додааст, ба инобат гирифта шудаанд", — шарҳ додааст, хадамоти матбуотии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.Қоидаҳо расмиёти умумии гузаронидани санҷишҳоро дар бар мегирад, ки аз санҷишҳои такрорӣ ҳангоми бақайдгирии доруҳои аслӣ дар кишварҳои гуногуни ИИАО пешгирӣ мекунанд.Онҳо инчунин равишҳои арзёбии хатарҳои марбут ба ихтилофоти муайяншударо дар бар мегиранд.Интизор меравад, ки бозори кишварҳои “панҷгона”-и АвруОсиё танҳо бо доруҳои аслии бехатар таъмин шуда, аз сабти номҳои доруҳое, ки бехатарии онҳо дуруст таъйид нашудааст, пешгирӣ мекунад. Қаблан Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё талаботро барои тарҳрезии дастурҳои доруворӣ тасдиқ карда буд.
https://sputnik.tj/20250110/tojikiston-korkhona-istehsoli-doru-mashghul-ast-1065813340.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1e/1063029072_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_8281f80965231bd909d6d11e0ea0f7ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, қоидаҳои нав,
ИИАО қоидаҳои нави танзими бозори маводи дорувориро тасдиқ кард
Ин қоидаҳо тартиби умумии гузаронидани санҷишҳоро дарбар мегирад, ки ҳангоми бақайдгирии доруҳои аслӣ дар кишварҳои мухталифи иттиҳод аз санҷишҳои такрорӣ озод мешавад
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар бахши танзими бозори умумии таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ қарор қабул кард.
Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қоидаҳои нави санҷишҳои фармасевтиро, ки мутобиқати талаботи таҷрибаи лабораториро тафтиш мекунанд, тасдиқ кард.
"Ин қоидаҳо ба таҷрибаи кишварҳои узви ИИАО дар баҳодиҳии марказҳое, ки таҳқиқоти пеш аз клиникии бехатарии доруҳои аслӣ мегузаронанд, асос ёфтаанд ва равишҳои байналмилалие, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд тавсия додааст, ба инобат гирифта шудаанд", — шарҳ додааст, хадамоти матбуотии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Қоидаҳо расмиёти умумии гузаронидани санҷишҳоро дар бар мегирад, ки аз санҷишҳои такрорӣ ҳангоми бақайдгирии доруҳои аслӣ дар кишварҳои гуногуни ИИАО пешгирӣ мекунанд.
Онҳо инчунин равишҳои арзёбии хатарҳои марбут ба ихтилофоти муайяншударо дар бар мегиранд.
Интизор меравад, ки бозори кишварҳои “панҷгона”-и АвруОсиё танҳо бо доруҳои аслии бехатар таъмин шуда, аз сабти номҳои доруҳое, ки бехатарии онҳо дуруст таъйид нашудааст, пешгирӣ мекунад.
Қаблан Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё талаботро барои тарҳрезии дастурҳои доруворӣ тасдиқ карда буд.