https://sputnik.tj/20250110/tojikiston-korkhona-istehsoli-doru-mashghul-ast-1065813340.html
Дар Тоҷикистон 67 корхона ба истеҳсоли дору машғул аст
Дар Тоҷикистон 67 корхона ба истеҳсоли дору машғул аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ гуфт, ки дар соли гузашта барои муассисаҳои тиббии кишвар ба маблағи 206,4 млн. сомонӣ дору ва молҳои тиббӣ, харидорӣ шуд
2025-01-10T09:36+0500
2025-01-10T09:36+0500
2025-01-10T14:24+0500
дар тоҷикистон
ҷамолиддин абдуллозода
тандурустӣ
коргоҳ
маводи доруворӣ
истеҳсоли доруворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102995/76/1029957694_0:38:3043:1750_1920x0_80_0_0_b349238aecf7f6c9b582b994fed8c96b.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар як ҷаласае ахиран гуфт, ки Айни замон дар ҷумҳурӣ 67 корхонаҳои ватанӣ ба истеҳсоли дуру машғул ҳастанд.Ба гуфтаи вай, ин корхонаҳо истеҳсоли зиёда аз 598 намуд ва 351 номгӯи дору, молҳои тиббӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахши ватаниро ба роҳ мондаанд.Ҳамчунин вазир қайд кард, ки нисбати ба соли 2023, дар Тоҷикистон 6 корхонаи дорубарорӣ, ҳамчунин 27 намуд ва 26 номгуй дору ва молҳои тиббӣ зиёд мебошад.Вай илова кард, ки айни ҳол бо мақсади таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ бо дору ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ 3342 муассисаи фармасевтӣ фаъолият дошта, дар соли ҳисоботӣ 257 иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти фарматсевтӣ ва муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дода шуд.Вазир қайд кард, ки дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 240 муассиса мавҷуд буда, шумораи кормандони соҳа 4484 нафар, аз ҷумла кормандони иҷтимоӣ ва хизматрасон 3360 нафарро ташкил медиҳанд.Аз ҷониби ҳамаи самтҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 976705 нафар хизмат расонида шудааст.Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни паёмаш ба парлумон ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба мардум, норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ, истифодаи самараноки таҷҳизотҳои ҳозиразамони тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббӣ таъкид кард.
https://sputnik.tj/20241009/khatlon-tabib-namerasad-suporishi-bartaraf-mushkilot-1064638492.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102995/76/1029957694_28:0:2759:2048_1920x0_80_0_0_8a0396bba0baccf1c0270a40c18c2c77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тандурустӣ, доруворӣ, истеҳсол, корхона, вазири тандурустӣ, ҷамолиддин абдуллозода
тоҷикистон, тандурустӣ, доруворӣ, истеҳсол, корхона, вазири тандурустӣ, ҷамолиддин абдуллозода
Дар Тоҷикистон 67 корхона ба истеҳсоли дору машғул аст
09:36 10.01.2025 (Навсозишуда: 14:24 10.01.2025) Вазири тандурустӣ гуфт, ки дар соли гузашта барои муассисаҳои тиббии кишвар ба маблағи 206,4 млн. сомонӣ дору ва молҳои тиббӣ, харидорӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар як ҷаласае ахиран гуфт, ки Айни замон дар ҷумҳурӣ 67 корхонаҳои ватанӣ ба истеҳсоли дуру машғул ҳастанд.
Ба гуфтаи вай, ин корхонаҳо истеҳсоли зиёда аз 598 намуд ва 351 номгӯи дору, молҳои тиббӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахши ватаниро ба роҳ мондаанд.
Ҳамчунин вазир қайд кард, ки нисбати ба соли 2023, дар Тоҷикистон 6 корхонаи дорубарорӣ, ҳамчунин 27 намуд ва 26 номгуй дору ва молҳои тиббӣ зиёд мебошад.
Вай илова кард, ки айни ҳол бо мақсади таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ бо дору ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ 3342 муассисаи фармасевтӣ фаъолият дошта, дар соли ҳисоботӣ 257 иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти фарматсевтӣ ва муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда дода шуд.
Вазир қайд кард, ки дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 240 муассиса мавҷуд буда, шумораи кормандони соҳа 4484 нафар, аз ҷумла кормандони иҷтимоӣ ва хизматрасон 3360 нафарро ташкил медиҳанд.
Аз ҷониби ҳамаи самтҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 976705 нафар хизмат расонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни паёмаш ба парлумон ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба мардум, норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ, истифодаи самараноки таҷҳизотҳои ҳозиразамони тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббӣ таъкид кард.