https://sputnik.tj/20250802/qirghiziston-imsol-tojikiston-sayyohat-1069675844.html
Қирғизистониҳо имсол бештар аз Тоҷикистон боздид кардаанд
Қирғизистониҳо имсол бештар аз Тоҷикистон боздид кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Узбекистон аз рӯи шумораи сафари сайёҳон ба Тоҷикистон пешсаф аст ва Русия дар ин раддабандӣ дар ҷои дувум қарор дорад
2025-08-02T14:41+0500
2025-08-02T14:41+0500
2025-08-02T14:41+0500
қирғизистон
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
зиёд шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/01/1069645756_0:32:2048:1184_1920x0_80_0_0_83e8fb8e639292ed6ef0532384bb87e2.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Теъдоди сайёҳон аз Қирғизистон ба Тоҷикистон беш аз 2000% афзоиш ёфтааст. Дар ин бора, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Рустам Холматиён, дар нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2025 аз ҷумҳурии ҳамсоя 48 ҳазору 275 нафар бо мақсади сайёҳӣ вориди кишвар шудаанд.Дар ҳамин ҳол, дар ҳамин давраи соли гузашта, ин нишондод 23 маротиба камтар – ҳамагӣ 2096 нафарро ташкил дода буд.Ҳамин тариқ, афзоиши гардиши сайёҳон аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар шаш моҳ аз 2200% гузашт. Дар мавриди теъдоди умумии сайёҳон, Узбекистон дар ҷои аввал, Русия дар ҷои дуюм ва Қирғизистон дар ҷои севум боқӣ мемонанд.Дар нимсолаи аввали соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 925,7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дидан кардаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 177,4 ҳазор нафар ё 23,7% зиёд мебошад. Аз ин шумора 850,6 ҳазор нафар ё 91,9% аз кишварҳои ИДМ омадаанд, ки 699,4 нафарашон махсус барои сайёҳӣ омадаанд.
https://sputnik.tj/20250717/safar-jabborov-tojikiston-1069067586.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/01/1069645756_318:0:1897:1184_1920x0_80_0_0_f9a9ae27e2d95ee98e905ad7e21bc2cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, имсол, тоҷикистон,
қирғизистон, имсол, тоҷикистон,
Қирғизистониҳо имсол бештар аз Тоҷикистон боздид кардаанд
Эксклюзив
Узбекистон аз рӯи шумораи сафари сайёҳон ба Тоҷикистон пешсаф аст ва Русия дар ин раддабандӣ дар ҷои дувум қарор дорад
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Теъдоди сайёҳон аз Қирғизистон ба Тоҷикистон беш аз 2000% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Рустам Холматиён, дар нишасти хабарӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли 2025 аз ҷумҳурии ҳамсоя 48 ҳазору 275 нафар бо мақсади сайёҳӣ вориди кишвар шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳамин давраи соли гузашта, ин нишондод 23 маротиба камтар – ҳамагӣ 2096 нафарро ташкил дода буд.
Ҳамин тариқ, афзоиши гардиши сайёҳон аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар шаш моҳ аз 2200% гузашт. Дар мавриди теъдоди умумии сайёҳон, Узбекистон дар ҷои аввал, Русия дар ҷои дуюм ва Қирғизистон дар ҷои севум боқӣ мемонанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 925,7 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ дидан кардаанд.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 177,4 ҳазор нафар ё 23,7% зиёд мебошад.
Аз ин шумора 850,6 ҳазор нафар ё 91,9% аз кишварҳои ИДМ омадаанд, ки 699,4 нафарашон махсус барои сайёҳӣ омадаанд.