https://sputnik.tj/20250801/tojikiston-kudak-yatim-1069648165.html
Дар ним сол дар Тоҷикистон 4 ҳазор кӯдак ятим монд
Дар ним сол дар Тоҷикистон 4 ҳазор кӯдак ятим монд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомоти кишвар, дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор никоҳ бекор ва қариб 4 ҳазор кӯдак ятим шудааст
2025-08-01T14:59+0500
2025-08-01T14:59+0500
2025-08-01T14:59+0500
дар тоҷикистон
никоҳ
кӯдакони ятим
талоқ
оила
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/02/1057497703_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_cc3f8b117c6ec450a0d6fb24d0121226.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 117 ақди никоҳ бекор шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 291 адад кам будааст.Дар ин бора Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.Ба гуфтаи вай, дар натиҷаи бекоршавии ин теъдод ақди никоҳ 3 ҳазору 632 кӯдакони ноболиғ ятим монданд.Вай илова кард, ки дар давоми шаш моҳи соли равон дар кишвар 30 ҳазору 356 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 78 адад зиёд аст.Файзиддинзода гуфт, дар ним соли гузашта 230 ақди никоҳ дар асоси қарори додгоҳ (кам кардани синни никоҳӣ) сурат гирифтааст, ки 100 адад аз соли пеш камтар аст.Пошхӯрии оилаҳо ва маҳрум шудани фарзандон аз тарбияи яке аз волидайн солҳост, ки аз мавзӯъҳои нигаронкунанда дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.Тибқи омори расмӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон 9 ҳазор оила аз ҳам ҷудо шудаанд.Ёдовар мешавем, ки дар моҳи июл мақомоти Тоҷикистон хабар дод, ки нархи талоқ дар кишвар ду баробар боло меравад.Тағйирот дар ин бора ба қонун дар бораи боҷи давлатиро вакилони Маҷлиси намояндагон ворид карданд.Аз ин ба баъд, барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон, ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, дар асоси аризаи якҷояи ҳамсарон ба андозаи 10 нишондиҳанда ва дар асоси ҳалномаи суд бошад, ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, боҷ ситонида хоҳад шуд.Дар ҳоли ҳозир нархи талоқ дар Тоҷикистон ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомониро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20230222/taloq-tojikiston-garontar-qonunguzori-1055105514.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/02/1057497703_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_f9bd58a2aa56d4083c3b54fa14de4a9f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кӯдак, ятим, никоҳ, занон, мақомот
тоҷикистон, кӯдак, ятим, никоҳ, занон, мақомот
Дар ним сол дар Тоҷикистон 4 ҳазор кӯдак ятим монд
Ба гуфтаи мақомоти кишвар, дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор никоҳ бекор ва қариб 4 ҳазор кӯдак ятим шудааст.
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 117 ақди никоҳ бекор шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 291 адад кам будааст.
Дар ин бора Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, дар натиҷаи бекоршавии ин теъдод ақди никоҳ 3 ҳазору 632 кӯдакони ноболиғ ятим монданд.
Вай илова кард, ки дар давоми шаш моҳи соли равон дар кишвар 30 ҳазору 356 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 78 адад зиёд аст.
Файзиддинзода гуфт, дар ним соли гузашта 230 ақди никоҳ дар асоси қарори додгоҳ (кам кардани синни никоҳӣ) сурат гирифтааст, ки 100 адад аз соли пеш камтар аст.
Пошхӯрии оилаҳо ва маҳрум шудани фарзандон аз тарбияи яке аз волидайн солҳост, ки аз мавзӯъҳои нигаронкунанда дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.
Тибқи омори расмӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон 9 ҳазор оила аз ҳам ҷудо шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи июл мақомоти Тоҷикистон хабар дод, ки нархи талоқ дар кишвар ду баробар боло меравад.
Тағйирот дар ин бора ба қонун дар бораи боҷи давлатиро вакилони Маҷлиси намояндагон ворид карданд.
Аз ин ба баъд, барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон, ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, дар асоси аризаи якҷояи ҳамсарон ба андозаи 10 нишондиҳанда ва дар асоси ҳалномаи суд бошад, ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, боҷ ситонида хоҳад шуд.
Дар ҳоли ҳозир нархи талоқ дар Тоҷикистон ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомониро ташкил медиҳад.