https://sputnik.tj/20230222/taloq-tojikiston-garontar-qonunguzori-1055105514.html
Нархи талоқ дар Тоҷикистон гаронтар мешавад: афзоиши боҷ барои ҷудошавии оилаҳо
Нархи талоқ дар Тоҷикистон гаронтар мешавад: афзоиши боҷ барои ҷудошавии оилаҳо
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"-ро қабул кардааст, ки ҳадаф коҳиши талоқ гуфта мешавад
2023-02-22T09:40+0500
2023-02-22T09:40+0500
2023-02-22T10:05+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
нарх
боҷ
вазир
адлия
сҳш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103079/31/1030793192_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_a1b12bf43c84128eac446beabab866b8.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Дар Тоҷикистон боҷро зиёд карданд, то талоқ коҳиш ёбад. Тағйирот дар ин бора ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ворид карда шуд. Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вазири адлияи Тоҷикистон, Музаффар Ашӯриён овардааст, ки бекор кардани ақди никоҳ дар ду-се соли охир рӯ ба афзоиш ниҳодаст. Вазир таъкид намудааст, ки дар пайи азҳампошии оилаҳо шумораи зиёди кӯдакони ноболиғ аз тарбияи яке аз волидон маҳрум мегарданд. Ӯ тавзеҳ додааст, ки дар маҷмӯъ, зиёда аз чор се ҳиссаи бекоршавии ақди никоҳ дар асоси ҳалномаи суд сурат мегирад. "Бо мақсади то андозае коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ бо ҳалномаи суд ва дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон андозаи боҷи давлатӣ аз як ва якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо мувофиқан ба ҳафт ва панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд", - гуфт ӯ.Маврид ба зикр аст, ки соли равон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 68 сомониро ташкил медиҳад. Бар асоси омори расмӣ, солил гузашта дар Тоҷикистон 13 ҳазор талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешӣ 162 ҳолат зиёд аст. Мақомот мегӯянд, дар бархе ҳолатҳо талоқҳо тақаллубиянд чун тоҷикистониён аз ин роҳ мехоҳанд дар Русия шаҳрвандиро ба даст оранд.
https://sputnik.tj/20220802/muhojirat-befarzandi-afzoish-taloq-1050426387.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103079/31/1030793192_84:0:1899:1361_1920x0_80_0_0_9d9c87f2e45ac79ae93464e00d9ebf50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, боҷ, ҷудошавӣ, оилаҳо, тоҷикистон
афзоиш, боҷ, ҷудошавӣ, оилаҳо, тоҷикистон
Нархи талоқ дар Тоҷикистон гаронтар мешавад: афзоиши боҷ барои ҷудошавии оилаҳо
09:40 22.02.2023 (Навсозишуда: 10:05 22.02.2023) Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ"-ро қабул кардааст, ки ҳадаф коҳиши талоқ гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Дар Тоҷикистон боҷро зиёд карданд, то талоқ коҳиш ёбад. Тағйирот дар ин бора ба қонун "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ворид карда шуд.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вазири адлияи Тоҷикистон, Музаффар Ашӯриён овардааст, ки бекор кардани ақди никоҳ дар ду-се соли охир рӯ ба афзоиш ниҳодаст.
Вазир таъкид намудааст, ки дар пайи азҳампошии оилаҳо шумораи зиёди кӯдакони ноболиғ аз тарбияи яке аз волидон маҳрум мегарданд.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки дар маҷмӯъ, зиёда аз чор се ҳиссаи бекоршавии ақди никоҳ дар асоси ҳалномаи суд сурат мегирад.
"Бо мақсади то андозае коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ бо ҳалномаи суд ва дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон андозаи боҷи давлатӣ аз як ва якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо мувофиқан ба ҳафт ва панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 68 сомониро ташкил медиҳад.
Бар асоси омори расмӣ, солил гузашта дар Тоҷикистон 13 ҳазор талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешӣ 162 ҳолат зиёд аст.
Мақомот мегӯянд, дар бархе ҳолатҳо талоқҳо тақаллубиянд чун тоҷикистониён аз ин роҳ мехоҳанд дар Русия шаҳрвандиро ба даст оранд.