Нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз даст ба худкушӣ задани духтарони ноболиғ

© Foto / Комитет по делам женщин и семьи при Правительстве Республики ТаджикистанБунафша Файзиддинзода, председатель Комитета по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан
Бунафша Файзиддинзода, председатель Комитета по делам женщин и семьи при Правительстве Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2025
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомоти кишвар дар шаш моҳи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 100 зан ва 30 духтари ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар давоми шаш моҳи соли равон, 30 духтари ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд, ки нисбат ба нимаи аввали соли гузашта, шаш ҳолат зиёд будааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон хабар дод.
Ин зани мақомдор ҳамчунин хабар дод, ки дар ин давра ҳамчунин 102 зан дар Тоҷикистон худкушӣ кардаанд, ки хушбахтона назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 8 ҳолат камтар будааст.
Хонум Файзиддинзода дар нишасти матбуотӣ инчунин қайд кард, ки дар Тҷикистон занон дар ним сол 792 ҷиноят ва духтарони 10 ҷиноят содир кардаанд.
“Содиршавии ҷиноят аз сӯи занон дар қиёс ба 6 моҳи соли 2024, 8 ҳолат ва аз тарафи духтарон 2 ҳолат бештар будааст”, - гуфт ӯ.
Раиси Кумитаи занон илова кард, ки дар шаш моҳ нисбати занон 1 ҳазору 810 ҷиноят ва нисбати духтарон 154 ҷиноят содир шудааст.
Ҳамчунин мақомдори тоҷик нисбати занону мардон ёдовар шуд.
Дети в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2025
Дар ним сол дар Тоҷикистон 4 ҳазор кӯдак ятим монд
Ба гуфтаи хонум Файзиддинзода дар шаш моҳи соли равон ба Кумита зӯроварӣ нисбати занон афзоиш ёфтааст.
Файзиддинзода гуфт, дар ин давра ниҳоди зери раҳбарии ӯ, 1 ҳазору 763 шикояти занон дар мавриди зӯроварии мардонро дарёфт кардааст, ки нисбат ба 6 моҳи соли пеш 256 ҳолат бештар будааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи кор бо занон аз камшвии зӯроваӣ нисбати мардон дар Тоҷикистон хабар дод.
Вай гуфт ба ниҳодаш 251 шикояти мардон аз зӯроварии занон ворид шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 86 ҳолат камтар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0