https://sputnik.tj/20250801/bonki-milli-poinravii-sathi-tavarrum-1069647277.html
Бонки миллӣ аз поинравии сатҳи таваррум хабар дод
Бонки миллӣ аз поинравии сатҳи таваррум хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки таваррум асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба амал омад
2025-08-01T13:34+0500
2025-08-01T13:34+0500
2025-08-01T13:34+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки миллӣ
таваррум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061684757_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_30931eef5cbca02f5040a20cba3f967a.jpg
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Сатҳи таваррум дар шашмоҳаи якуми соли равон 1,8%-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 2,9% ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 3,4% ба амал омад.Ҳамчунин ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ таварруми солона моҳи июни соли равон дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок -5 фоиз ±2 банди фоизӣ қарор дошта, 3,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,1 банди фоизӣ зиёд мебошад.Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2025 фаъолияти худро тибқи қонунгузории соҳавӣ ва дар асоси "Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2025 ва давраи миёнамуҳлат" амалӣ намуд.Вай таъкид кард, ки зимни амали намудани ин сиёсат рушди босуботи молиявию иқтисодӣ дар кишвар таъмин карда шуд.
https://sputnik.tj/20250430/tojikiston-kishvarhoi-idm-kamtarin-tavarrum-qayd-1067178424.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/02/0e/1061684757_39:0:1175:852_1920x0_80_0_0_0b4cee3755d11a75d3a41db5c2ded982.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтисод, таваррум, бонки миллӣ, болороавӣ нарх, хизматрасонӣ
тоҷикистон, иқтисод, таваррум, бонки миллӣ, болороавӣ нарх, хизматрасонӣ
Бонки миллӣ аз поинравии сатҳи таваррум хабар дод
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки таваррум асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба амал омад
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Сатҳи таваррум дар шашмоҳаи якуми соли равон 1,8%-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.
Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, ки ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 2,9% ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 3,4% ба амал омад.
Ҳамчунин ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ таварруми солона моҳи июни соли равон дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок -5 фоиз ±2 банди фоизӣ қарор дошта, 3,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,1 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли 2025 фаъолияти худро тибқи қонунгузории соҳавӣ ва дар асоси "Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2025 ва давраи миёнамуҳлат" амалӣ намуд.
Вай таъкид кард, ки зимни амали намудани ин сиёсат рушди босуботи молиявию иқтисодӣ дар кишвар таъмин карда шуд.