https://sputnik.tj/20250430/tojikiston-kishvarhoi-idm-kamtarin-tavarrum-qayd-1067178424.html
Дар Тоҷикистон миёни бархе аз кишварҳои ИДМ камтарин таваррум ба қайд гирифта шудааст
Дар Тоҷикистон миёни бархе аз кишварҳои ИДМ камтарин таваррум ба қайд гирифта шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2025-ро дар мизони 5% нигоҳ дорад
2025-04-30T16:39+0500
2025-04-30T16:39+0500
2025-04-30T16:39+0500
дар тоҷикистон
сатҳи таваррум
таваррум
бонки миллӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Тайи се моҳи аввали соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон ҳудуди на бештар аз 1,3%-ро ташкил дод, омадааст дар хабари Бонки миллии Тоҷикистон.Тавре Бонки миллӣ қайд кардааст ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 03 банди фоизӣ кам мебошад.Бонки танзимгар мегӯяжд, ки танҳо дар моҳи марти соли равон сатҳи таваррум 0,6 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 0,2 банди фоизӣ (б.ф.) кам мебошад.Ҳамчунин сатҳи таварруми солона бошад, дар моҳи марти соли 2025 3,4 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин моҳи соли гузашта 0,2 б.ф. кам мебошад.Дар моҳи марти соли 2025 ба иттилои Бонки миллӣ сатҳи таварруми солона дар кишварҳои шарикони савдо ва минтақа, аз ҷумла Туркия 38,1 фоиз, Ӯзбекистон 10,3%, Қазоқистон 10%, Беларус 5,9%, Гурҷистон 3,5% ва Арманистон 3,3% ба назар расид.Сатҳи таварруми аслӣ, ки қисман омилҳои монетариро инъикос менамояд, дар моҳи марти соли ҷорӣ -0,2%-ро ташкил намуда, бо арзёбии солона ба 1,2 фоиз баробар гардид.Меъёри бозтамвил бе тағйир дар сатҳи 8,75% муқаррар карда шудааст.Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2025-ро дар мизони 5% нигоҳ дорад.Бонки миллии Тоҷикистон қайд кардааст, ки барои расидан ба мақсади асосӣ-нигоҳ доштани сатҳи муътадилии нархҳои дохилӣ, татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзиро минбаъд низ идома медиҳад.Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми пасттарин —3,7% дар соли 2013 сабт гардида, беҳтарин нишондод дар замони истиқлолият маҳсуб меёбад аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад.
https://sputnik.tj/20250224/baor-sathi-tavarrum-tojikiston-surat-megirad-1066347360.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, таваррум, иқтисод, қайд, идм, бонки мллӣ, сатҳи таваррум
тоҷикистон, таваррум, иқтисод, қайд, идм, бонки мллӣ, сатҳи таваррум
Дар Тоҷикистон миёни бархе аз кишварҳои ИДМ камтарин таваррум ба қайд гирифта шудааст
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2025-ро дар мизони 5% нигоҳ дорад
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Тайи се моҳи аввали соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон ҳудуди на бештар аз 1,3%-ро ташкил дод, омадааст дар хабари Бонки миллии Тоҷикистон.
Тавре Бонки миллӣ қайд кардааст ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 03 банди фоизӣ кам мебошад.
Бонки танзимгар мегӯяжд, ки танҳо дар моҳи марти соли равон сатҳи таваррум 0,6 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 0,2 банди фоизӣ (б.ф.) кам мебошад.
Ҳамчунин сатҳи таварруми солона бошад, дар моҳи марти соли 2025 3,4 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин моҳи соли гузашта 0,2 б.ф. кам мебошад.
Дар моҳи марти соли 2025 ба иттилои Бонки миллӣ сатҳи таварруми солона дар кишварҳои шарикони савдо ва минтақа, аз ҷумла Туркия 38,1 фоиз, Ӯзбекистон 10,3%, Қазоқистон 10%, Беларус 5,9%, Гурҷистон 3,5% ва Арманистон 3,3% ба назар расид.
Сатҳи таварруми аслӣ, ки қисман омилҳои монетариро инъикос менамояд, дар моҳи марти соли ҷорӣ -0,2%-ро ташкил намуда, бо арзёбии солона ба 1,2 фоиз баробар гардид.
Меъёри бозтамвил бе тағйир дар сатҳи 8,75% муқаррар карда шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2025-ро дар мизони 5% нигоҳ дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон қайд кардааст, ки барои расидан ба мақсади асосӣ-нигоҳ доштани сатҳи муътадилии нархҳои дохилӣ, татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзиро минбаъд низ идома медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми пасттарин —3,7% дар соли 2013 сабт гардида, беҳтарин нишондод дар замони истиқлолият маҳсуб меёбад аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад.