Аз ТАЛКО то "Роғун": қарздорони асосии барқ маълум шуданд

© Sputnik / Амир ИсаевЭлектросчетчики на улице
Электросчетчики на улице   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2025
Обуна шудан
Қарзи аҳолӣ аз барқ дар Тоҷикистон кам шудаасту аз идораю корхонаҳои давлатӣ афзудаст
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Ҳаҷми қарзи аҳолӣ аз барқ ба ҳолати аввали июл қариби 1,7 млрд сомонӣ арзёбӣ шуд, ки нисбати аввали сол 40 млн сомонӣ кам мебошад.
Дар ин бора, намояндагони Шабакаҳои тақсимоти барқ зимни нишасти матбуотӣ гузориш доданд.
Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон тайи ним сол беш аз 3 млрд сомонӣ ё ҳудуди 89%-и пули барқи ҳисобишуда ҷамъоварӣ шудааст.
Сабаби асосии пурра ҷамъоварӣ нашудани маблағи ҳисобшудаи барқ асосан корхонаю ташкилотҳои буҷавӣ, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, ҶСК “НБО Роғун" ва ташкилотҳои "Обу корезии ҷумҳурӣ" мебошанд, ки пулро саривақт надодаанд, иттилоъ дод ширкати масъули тақсимоти барқ зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамин тавр, ТАЛКО аз барқ қариби 718 млн сомонӣ қарздор мебошад.
Ин дар муқоиса бо ҳаҷми қарз дар аввали соли равон, 146 млн сомонӣ афзоишро нишон медиҳад.
Оросительный канал в Исфаринском районе Согдийской области. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2025
“Ҳамеша қарздор” – шарҳи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар бораи қарзҳояш
Қарзи "Роғун" аз барқ дар ним соли аввали соли равон қариб 4 баробар зиёд шудааст. Ин нерӯгоҳ ба ҳолати 1 июли соли равон аз барқ 53,5 млн сомонӣ қарздор аст, ки нисбати аввали сол 39 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар баробари ин, "Барқи тоҷик" тайи ним сол қариби 8,9 млрд кВт*соат тавлид кардааст. Ин дар муқоиса бо шашмоҳаи аввали соли гузашта қариби 945 мдрд кВт*соат зиёд гардидааст.
Ба муштариён дар Тоҷикистон тайи ним сол ба маблағи беш аз 3,3 млрд сомонӣ барқ расонда шудааст. Ин дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли гузашта қариби 28% зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0