“Ҳамеша қарздор” – шарҳи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар бораи қарзҳояш

© Sputnik / Всеволод ТарасевичОросительный канал в Исфаринском районе Согдийской области. Архивное фото
Оросительный канал в Исфаринском районе Согдийской области. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон сабабҳои ҳамеша қарздори “Барқи тоҷик” буданашро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Ду сол аз бахшида шудани қарзи чандсадмиллионии ин ниҳод аз сӯи ҳукумат мегузарад, аммо ҳоло қарзҳои Агентӣ дигарбора аз марзи дусад миллион сомонӣ убур кардаанд.
Соли 2023 ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор 467 миллион сомонӣ қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пеши “Барқи тоҷик” – ро аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ҷуброн кард. Аммо бо гузашти ду сол Агентӣ дигарбора яке аз бузургтарин қарздорон аз ҳисоби барқ аст.
Зафарбек Давлатзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар шарҳи мавзуъ гуфт, пайдоиши қарзҳо асосан ба пайваста баланд шудани тарифаҳои нерӯи барқ ва пардохт нашудани ҳаққи хизмати обрасонӣ аз сӯи истифодабарандагони об вобаста аст.
“Азбаски дар кишвари мо объёрӣ бештар тариқи дастгоҳҳои обкашӣ (насосҳо) сурат мегирад, барқи зиёд ва маболиғи калон ҳам харҷ мешавад. Пардохтҳое, ки сурат мегиранд, харҷи моро ҳатто барои баровардани худи об намепӯшонад”, - гуфт Зафарбек Давлатзода.
Вай афзуд, агар дар бархе манотиқ як метри мукааб об бо 10 дирам ба даст ояд, дар бархеи дигар аз 15 то 20 дирам харҷ дорад.
“Хизматрасонии обрасонӣ ҳоло 5 дирам аст, як сол пеш 2 дирам буд. Нархро Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъйид мекунад. Аз сӯи дигар, 70% - и обе, ки мо ба хоҷагии халқ таҳвил медиҳем, тариқи пойгоҳҳои обкашӣ кашида мешавад”, - гуфт Зафарбек Давлатзода.
Бино ба иттилои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, дар нимаи аввали соли равон ин ниҳод ҳудуди 1 миллиарду 900 миллион метри мукааб ба арзиши 92,5 миллион сомонӣ ба истифодабарандагон об расонда, фақат 27,9 миллион сомонӣ ё 30% - и маблағи хизматрасонии худро ба даст овардааст.
Сады Хуросона в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2025
Дар вилояти Хатлон наздики 3 ҳазор ҳолати қонуншикании замин ошкор шудааст.
Агентӣ дар ним соли гузашта 451,7 миллион киловат-соат барқ ба маблағи 58,1 миллион сомонӣ истифода карда, фақат 15 миллиони онро пардохт кардааст. Ва ин ҳам дар ҳоле ки аз 1 апрели соли равон бино ба қарори ҳукумати Тоҷикистон қимати барқ барои пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрӣ дар марҳалаи аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр – 12,27 (дар гузашта 9,2) дирам ва аз 1-уми октябр то 31-уми март – 35,36 (дар гузашта 26,51) дирам таъйин кард.
Дар ин миён, дар пайи даъвои идораҳои Агентӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва прокуратура дар шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо ба маблағи 45,5 миллион сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои шикоятӣ пешниҳод шуда, фақат 7,2 миллион сомонӣ рӯёнда шудааст. Дар умум истифодабарандагони об аз Агентӣ бо ҳисоби солҳои гузашта 353,1 миллион сомонӣ қарздор ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0