https://sputnik.tj/20250730/sodirot-eron-iiao-rusiya-sharik-1069601978.html
Содироти Эрон ба кишварҳои ИИАО ба 532 млн. доллар расид: Русия шарики асосӣ
Содироти Эрон ба кишварҳои ИИАО ба 532 млн. доллар расид: Русия шарики асосӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми содироти Эрон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзудааст
2025-07-30T17:21+0500
2025-07-30T17:21+0500
2025-07-30T17:21+0500
ииао
эрон
русия
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063356955_0:363:2996:2048_1920x0_80_0_0_e872fae45d435b7a308fe1698190e68c.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Содироти Эрон ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 22% афзудааст. Шарикии асосӣ Русия мебошад.Дар ин бора, масъули дабирхонаи мувофиқатномаи тиҷорати озоди Эрону АвруОсиё Илҳом Ҳоҷикаримӣ ба хабаргузории "ecoiran" гуфт.Ба гуфтаи вай, тайи се моҳи ибтидои сол, мизони содироти Эрон ба АвруОсиёи рушди 22% дар арзиши содиротро нисбат ба соли гузашта нишон медиҳад ва ба рақами қобили мулоҳизаи 532 милюн доллар расидааст. Оқои Ҳоҷикаримӣ, гуфт, ки бештарин мизони афзоиши содирот, марбут ба Русия ва Арманистон аст, ки ба тартиби 33% ва 28% рушди нисбат ба сол гузашта доштааст. Тайи ҳамин муддат мизони воридот бар 380 млн. доллар буда, ки нисбат ба соли гузаштаи коҳиши се дарсадиро нишон медиҳад. Дар феҳристи ақломи содиротии Эрон ба АвруОсиёи илова бар колоҳои кишоварзии колоҳои санъатӣ низ ба сабади содиротии Эрони изофа шудааст ва пешбинӣ мешавад дар фароянди тиҷорати озоди содироти ақломи санъатӣ низ ба ҳавзаи АвруОсиёи тавсеаи бештарӣ пайдо кунад .Потенсиали 12 миллиард долларии содироти Эрон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёИн мақомдори эронӣ мувофиқатномаи тиҷорати озоди байни Эрону Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ки шомили кишварҳои Русия, Қазоқистон, Белорус, Арманистон ва Қирғизистон мешавад, гоми муҳим дар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории минтақа донист.Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
https://sputnik.tj/20250721/sodiroti-eron-iiao-afzoish-yoft-1069173410.html
эрон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/1a/1063356955_99:0:2830:2048_1920x0_80_0_0_1b577ddb13563c524e078a2c28af4ec8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, иқтисод, содирот
Содироти Эрон ба кишварҳои ИИАО ба 532 млн. доллар расид: Русия шарики асосӣ
Ҳаҷми содироти Эрон бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзудааст
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Содироти Эрон ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё 22% афзудааст. Шарикии асосӣ Русия мебошад.
Дар ин бора, масъули дабирхонаи мувофиқатномаи тиҷорати озоди Эрону АвруОсиё Илҳом Ҳоҷикаримӣ ба хабаргузории "ecoiran" гуфт.
Ба гуфтаи вай, тайи се моҳи ибтидои сол, мизони содироти Эрон ба АвруОсиёи рушди 22% дар арзиши содиротро нисбат ба соли гузашта нишон медиҳад ва ба рақами қобили мулоҳизаи 532 милюн доллар расидааст.
Оқои Ҳоҷикаримӣ, гуфт, ки бештарин мизони афзоиши содирот, марбут ба Русия ва Арманистон аст, ки ба тартиби 33% ва 28% рушди нисбат ба сол гузашта доштааст.
Тайи ҳамин муддат мизони воридот бар 380 млн. доллар буда, ки нисбат ба соли гузаштаи коҳиши се дарсадиро нишон медиҳад.
Дар феҳристи ақломи содиротии Эрон ба АвруОсиёи илова бар колоҳои кишоварзии колоҳои санъатӣ низ ба сабади содиротии Эрони изофа шудааст ва пешбинӣ мешавад дар фароянди тиҷорати озоди содироти ақломи санъатӣ низ ба ҳавзаи АвруОсиёи тавсеаи бештарӣ пайдо кунад .
Ин мақомдори эронӣ мувофиқатномаи тиҷорати озоди байни Эрону Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, ки шомили кишварҳои Русия, Қазоқистон, Белорус, Арманистон ва Қирғизистон мешавад, гоми муҳим дар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории минтақа донист.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.