https://sputnik.tj/20250721/sodiroti-eron-iiao-afzoish-yoft-1069173410.html
Содироти Эрон ба кишварҳои ИИАО 22% афзоиш ёфт
Содироти Эрон ба кишварҳои ИИАО 22% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар аз моҳи март то июни соли равон содироти маҳсулоти Эрон ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба маротиб афзоиш ёфтааст
2025-07-21T16:39+0500
2025-07-21T16:39+0500
2025-07-21T19:18+0500
иқтисод
ииао
авруосиё
содирот
тиҷорат
ҳамкорӣ
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1d/1067164162_0:242:3068:1968_1920x0_80_0_0_26b3e064ab1dbf7810bc24b556427b07.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Масъули Созмони рушди тиҷорати Эрон Илҳом Каримӣ ахиран гуфт, ки содироти ин кишвар ба кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар семоҳаи аввали соли тақвимии Эрон (аз 21 март оғоз шуд) 22% афзоиш ёфтааст.Оқои Каримӣ самаранокии тавофуқнома дар бораи тиҷорати озод миёни Эрон ва ИИАО ишора кард ва афзуд, ки ин созишнома аз 15 майи соли 2025 миёни Эрон ва кишварҳои узви ин Иттиҳод эътибор пайдо кардааст.Вай бо таъкид бар ин, ки ҳарду ҷониб бесаброна интизори ин тавофуқ ҳастанд, гуфт, ки Эрон ва кишварҳои узви ИИАО дар оянда ба тиҷорати дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.Вай гуфт, таҳқиқоти оморӣ дар бораи вазъи тиҷорӣ миёни Эрон ва ИИАО аз оғози ҳамкориҳои умедбахши ду тараф шаҳодат медиҳад.Вай илова кард, ки аз 21 март то 22 июни соли 2025 Эрон ба кишварҳои узви ИИАО ба маблағи 532 миллион доллар колоҳои ғайри нафтӣ содир кардааст, ки 22% афзоиш ёфтааст.Ба гуфтаи оқои Каримӣ, маҳсулоти эронӣ асосан ба Русия ва Арманистон содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 33 ва 28% бештар аст.
https://sputnik.tj/20250716/eron-hamkori-iiao-gustarish-1069049033.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/1d/1067164162_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e33e73edf077977460945c38099e38b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, ҳамкорӣ, ииао, авруосиё, содирот, иқтисод
эрон, ҳамкорӣ, ииао, авруосиё, содирот, иқтисод
Содироти Эрон ба кишварҳои ИИАО 22% афзоиш ёфт
16:39 21.07.2025 (Навсозишуда: 19:18 21.07.2025) Дар аз моҳи март то июни соли равон содироти маҳсулоти Эрон ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба маротиб афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Масъули Созмони рушди тиҷорати Эрон Илҳом Каримӣ ахиран гуфт, ки содироти ин кишвар ба кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар семоҳаи аввали соли тақвимии Эрон (аз 21 март оғоз шуд) 22% афзоиш ёфтааст.
Оқои Каримӣ самаранокии тавофуқнома дар бораи тиҷорати озод миёни Эрон ва ИИАО ишора кард ва афзуд, ки ин созишнома аз 15 майи соли 2025 миёни Эрон ва кишварҳои узви ин Иттиҳод эътибор пайдо кардааст.
Вай бо таъкид бар ин, ки ҳарду ҷониб бесаброна интизори ин тавофуқ ҳастанд, гуфт, ки Эрон ва кишварҳои узви ИИАО дар оянда ба тиҷорати дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.
Вай гуфт, таҳқиқоти оморӣ дар бораи вазъи тиҷорӣ миёни Эрон ва ИИАО аз оғози ҳамкориҳои умедбахши ду тараф шаҳодат медиҳад.
Вай илова кард, ки аз 21 март то 22 июни соли 2025 Эрон ба кишварҳои узви ИИАО ба маблағи 532 миллион доллар колоҳои ғайри нафтӣ содир кардааст, ки 22% афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи оқои Каримӣ, маҳсулоти эронӣ асосан ба Русия ва Арманистон содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 33 ва 28% бештар аст.