ИИАО қоидаҳои ягонаи иқлимро таҳия мекунад

© Sputnik / Владислав Воднев / Гузариш ба медиабонкФлаги стран-участниц ЕАЭС. Архивное фото
Флаги стран-участниц ЕАЭС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2025
Обуна шудан
Қоидаҳои нав, эҷоди стандартҳои умумӣ ва рафъи монеаҳои тиҷорӣ миёни кишварҳои иттиҳодро дар назар дорад
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Комиссияи иқтисодии АвруОсиё нақшаи панҷсолаи рӯзномаи иқлимро дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии ИИАО пешниҳод мекунад.
Дар ин бора, Комиссияи иқтисодии АвруОсиёи хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар доираи ин барнома:
Эҷоди стандартҳои умумӣ барои танзими карбон;
мувофиқа кардани қоидаҳои аккредитатсияи мақомоте, ки маълумотро оид ба партовҳо тафтиш ва тасдиқ мекунанд;
рафъи монеаҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои иттиҳод вобаста ба тадбирҳои гуногуни иқлим;
ташкили муколама бо кишварҳои сеюм оид ба иқлим, бахусус дар масъалаҳои тиҷорат дар назар дошта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои 14-15 август дар шаҳри Чолпон-Ота ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё баргузор мешавад.
Дар ин ҷаласа, сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё масъалаҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳодро баррасӣ мекунанд.
Министр энергетики и инфраструктуры Евразийской экономической комиссии Арзыбек Кожошев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2025
Кожошев: ИИАО дорои захираҳои бузурги энергетикӣ аст
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0