https://sputnik.tj/20250718/iiao-zakhiraho-buzurg-energetiki-1069106199.html
Кожошев: ИИАО дорои захираҳои бузурги энергетикӣ аст
Кожошев: ИИАО дорои захираҳои бузурги энергетикӣ аст
Sputnik Тоҷикистон
Арзибек Кожошев ба иқтидори баланди энергетикии кишварҳои "панҷгона" таъкид кард
2025-07-18T14:01+0500
2025-07-18T14:01+0500
2025-07-18T14:01+0500
ииао
энергетика
вазорати энергетика ва захираҳои об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/12/1069107057_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_072d5df41dfa38919cb893961c7b9be2.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. ИИАО дорои захираҳои бузурги энержӣ мебошад, гуф вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии Авруосиё Арзибек Кожошев. Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё гузориш додааст.Гуфта мешавад, ки вазир дар қароргоҳи СММ дар Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор (HLPF-2025) гузориши худро таҳти унвони "Сектори энергетикии ИИАО дар шароити гузариш ба энергетика: мушкилот ва манфиатҳо" ироа кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ин шароит рушди мутаносиби ҳам манобеъи суннатӣ ва ҳам барқароршавандаи энергия муҳим аст. Танҳо чунин муносибат метавонад амнияти энергетикии ҳам миллӣ ва ҳам ҷаҳонро таъмин намояд. Кожошев ба иқтидори баланди энергетикии кишварҳои "панҷгона" таъкид карда, қайд кард, ки ИИАО дорои захираҳои бузурги энергетикӣ: 20% захираҳои гази ҷаҳон, 20% захираҳои ангишт, 7% захираҳои нафт ва 5% истихроҷи нерӯи барқи ҷаҳон аст.Вай ба ташаббусҳои ҳамгироӣ, аз ҷумла эҷоди бозорҳои муштараки нерӯи барқ, газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ, рушди инфрасохтори фаромарзӣ ва ҳамоҳангсозии рӯзномаи иқлими кишварҳои узви ИИАО таваҷҷӯҳи хоса дод. Дар қатори афзалиятҳо Қожошев ҳамкориҳои мутақобила бо шарикони байналмилалӣ ва ошкорбаёнӣ ба лоиҳаҳои муштаракро қайд кард.Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
https://sputnik.tj/20250619/putin-kishvarho-iiao-omoda-nestand-bozor-yagona-enerzhi-ejod-kunand-1068265033.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/12/1069107057_7:0:1146:854_1920x0_80_0_0_3e0e000b9d9d22334695df83bfc5e21e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, захираҳои энергетикӣ
ииао, захираҳои энергетикӣ
Кожошев: ИИАО дорои захираҳои бузурги энергетикӣ аст
Арзибек Кожошев ба иқтидори баланди энергетикии кишварҳои "панҷгона" таъкид кард
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. ИИАО дорои захираҳои бузурги энержӣ мебошад, гуф вазири энергетика ва инфрасохтори Комиссияи иқтисодии Авруосиё Арзибек Кожошев.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки вазир дар қароргоҳи СММ дар Форуми сиёсии сатҳи баланди СММ оид ба рушди устувор (HLPF-2025) гузориши худро таҳти унвони "Сектори энергетикии ИИАО дар шароити гузариш ба энергетика: мушкилот ва манфиатҳо" ироа кард.
"Соли 2017 ҷаҳон ба марҳилаи чоруми гузариш ба энергетикӣ ворид шуд, ки дар доираи он манбаъҳои барқароршаванда, рақамикунонӣ, технологияҳои каммасраф фаъолона рушд мекунанд ва равандҳои декарбонизатсия шиддат мегиранд", — гуфт вазир.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин шароит рушди мутаносиби ҳам манобеъи суннатӣ ва ҳам барқароршавандаи энергия муҳим аст. Танҳо чунин муносибат метавонад амнияти энергетикии ҳам миллӣ ва ҳам ҷаҳонро таъмин намояд.
Кожошев ба иқтидори баланди энергетикии кишварҳои "панҷгона" таъкид карда, қайд кард, ки ИИАО дорои захираҳои бузурги энергетикӣ: 20% захираҳои гази ҷаҳон, 20% захираҳои ангишт, 7% захираҳои нафт ва 5% истихроҷи нерӯи барқи ҷаҳон аст.
Вай ба ташаббусҳои ҳамгироӣ, аз ҷумла эҷоди бозорҳои муштараки нерӯи барқ, газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ, рушди инфрасохтори фаромарзӣ ва ҳамоҳангсозии рӯзномаи иқлими кишварҳои узви ИИАО таваҷҷӯҳи хоса дод.
Дар қатори афзалиятҳо Қожошев ҳамкориҳои мутақобила бо шарикони байналмилалӣ ва ошкорбаёнӣ ба лоиҳаҳои муштаракро қайд кард.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.