https://sputnik.tj/20250728/malum-makotib-tojikiston-omuzgor-namerasad-1069503533.html
Маълум шуд, ки дар макотиби Тоҷикистон чанд омӯзгор намерасад
Маълум шуд, ки дар макотиби Тоҷикистон чанд омӯзгор намерасад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъкид мекунад, ки барои таъмини муассисаҳои таълимии кишвар бо омӯзгорони касбӣ корбариро таҳким бахшидаст
2025-07-28T09:37+0500
2025-07-28T09:37+0500
2025-07-28T12:47+0500
дар тоҷикистон
вазорати маорифу илми тоҷикистон
маориф
омӯзгор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102873/41/1028734181_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_a656ea96aecf8dba5a5b970b0b4a604c.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Идораҳои маорифи шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар соли таълими гузашта аз норасоии беш аз 3,8 ҳазор омӯзгор ҳисобот додаанд.Дар ин бора роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки асосан омӯзгорони фанҳои дақиқ намерасанд.Аммо нарасидани кадрҳо дар ҳоли коҳиш аст - дар оғози сол, тавре вазир Раҳим Саидзода хабар дод, 4301 нафарро ташкил дода буд.Бино ба маълумоти Вазорати маориф, ҳоло дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 130 ҳазору 732 нафар омӯзгорон фаъолият доранд. Аз ин шумора 86250 нафарашон занон мебошанд. Ба гуфтаи вазир сози қаблӣ 3168 нафар хатмкунандагони макотиби олӣ ба шаҳру ноҳияҳо фиристода шудаанд. Аз ин 2251 нафарашон ба кор шурӯъ карданд, 734 нафар бо сабабҳои узрнок нарафтанд, 183 нафарашон бе сабаб нарафтанд.Ба иттилои ин ниҳод, дар соли таҳсили 2025-2026 дар Тоҷикистон 4037 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият хоҳад кард, ки аз ин 287 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 364 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3386 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Ҳамзамон ҳоло дар ҷумҳурӣ 170 муассисаи типи нав – 83 гимназия ва 87 литсей фаъъоланд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба гуфтаи вазири маориф, 2 миллиону 357 ҳазору 56 нафар хонандагон таҳсил мекунанд.
https://sputnik.tj/20250627/prezident-vaziron-maorif-tandurust-kambud-nohiya-vmkb-hal-kunand-1068498584.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102873/41/1028734181_139:0:2870:2048_1920x0_80_0_0_fb087b8d784aefb51637a83cbadd14b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
макотиб тоҷикистон омӯзгор намерасад
макотиб тоҷикистон омӯзгор намерасад
Маълум шуд, ки дар макотиби Тоҷикистон чанд омӯзгор намерасад
09:37 28.07.2025 (Навсозишуда: 12:47 28.07.2025) Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъкид мекунад, ки барои таъмини муассисаҳои таълимии кишвар бо омӯзгорони касбӣ корбариро таҳким бахшидаст
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Идораҳои маорифи шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар соли таълими гузашта аз норасоии беш аз 3,8 ҳазор омӯзгор ҳисобот додаанд.
Дар ин бора роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки асосан омӯзгорони фанҳои дақиқ намерасанд.
Аммо нарасидани кадрҳо дар ҳоли коҳиш аст - дар оғози сол, тавре вазир Раҳим Саидзода хабар дод, 4301 нафарро ташкил дода буд.
Бино ба маълумоти Вазорати маориф, ҳоло дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 130 ҳазору 732 нафар омӯзгорон фаъолият доранд. Аз ин шумора 86250 нафарашон занон мебошанд.
Ба гуфтаи вазир сози қаблӣ 3168 нафар хатмкунандагони макотиби олӣ ба шаҳру ноҳияҳо фиристода шудаанд. Аз ин 2251 нафарашон ба кор шурӯъ карданд, 734 нафар бо сабабҳои узрнок нарафтанд, 183 нафарашон бе сабаб нарафтанд.
Ба иттилои ин ниҳод, дар соли таҳсили 2025-2026 дар Тоҷикистон 4037 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият хоҳад кард, ки аз ин 287 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 364 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3386 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Ҳамзамон ҳоло дар ҷумҳурӣ 170 муассисаи типи нав – 83 гимназия ва 87 литсей фаъъоланд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба гуфтаи вазири маориф, 2 миллиону 357 ҳазору 56 нафар хонандагон таҳсил мекунанд.