Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд арзиши интернет то 55% поён карда шуд

© Sputnik / Амир ИсаевДевушка снимает видео на смартфон
Девушка снимает видео на смартфон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2025
Обуна шудан
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ки аз ҷониби операторони хориҷӣ арзиши воридотии интернет ба кишвар ба таври назаррас кам карда шуд
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ахиран дар ҷаласаи Ҳайати мушовараи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, сардори ин ниҳод Исфандиёри Саъдулло гуфт, ки дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо операторони хориҷӣ арзиши воридотии интернет ба Тоҷикистон ба таври назаррас кам карда шуд.
Вай гуфт, арзон шудани интернет боис он гардид, ки арзиши хизматрасониҳои интернети мобилӣ ва собит аз тарафи операторони ватанӣ коҳиш дода шавад.
“Дар натиҷа, ҳаҷми бастаҳои интернети мобилӣ ба ҳадди минималӣ то 20 фоиз зиёд пешниҳод карда мешавад”, гуфт ӯ.
Вайҳамчунин илова кард, ки арзиши тарофаҳои провайдерони интернети собит ба ҳисоби миёна, то 55 фоиз, поён карда шуда, тарофаҳои бо суръати камтар аз 5Мбит/с, бекор гардиданд.
Раиси Хадамоти алоқа дар ин ҷаласа ҳамчунин таъкид кард, ки дар се моҳи соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 330 адад стансияҳои базавӣ насб карда шудааст.
Вышка сотовой связи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2025
Мақомот даромади бахши алоқа дар Тоҷикистонро эълон кард
Қайд карда шудааст, ки дар доираи "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" роҳандозии шабакаҳои насли 5G дар Тоҷикистон густариш дода шуданд.
Ҳамчунин Хадамоти алоқа қайд кардааст, ки маркази тамос барои ҳалли масъалаҳои техникӣ ва дархостҳои марбут ба соҳаи алоқаи барқӣ то санаи 3 апрели соли 2025 2 758 адад арзу шикоят ворид гардида, аз ин шумора 1 882 адад иҷро ва боқимонда 876 адад арзу шикоят мавриди баррасӣ қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0