https://sputnik.tj/20250723/naqsha-andoz-viloyat-khatlon-barziyod-1069220024.html
Нақшаи андози вилояти Хатлон барзиёд иҷро шуд
Нақшаи андози вилояти Хатлон барзиёд иҷро шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бо вуҷуди барзиёд иҷро гардидани нақшаи андози вилоят, ду шаҳру навоҳӣ натавонистанд нақшаро пурра иҷро намоянд
2025-07-23T09:13+0500
2025-07-23T09:13+0500
2025-07-23T09:13+0500
андоз
хатлон
буҷа
иҷрои нақша
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0c/1063897269_0:322:3069:2048_1920x0_80_0_0_edec7330afe14fc0a530ff98f39349a0.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ иҷрои нақшаи умумии андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷавии вилояти Хатлон 101,29% таъмин гардида, 1,5 млрд сомонӣ ба буҷа ворид шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша, 18,6 млн ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 268,1 млн сомонӣ бештар аст. Дар ин бора, сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон Ҷӯрабек Кенҷаев зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа хабар дод.Бо вуҷуди ин, ду шаҳру ноҳия - Левакант ва Ёвон натавонистаанд, нақшаи андозро пурра иҷро кунанд. Ба гуфти ӯ, аз ин ҳисоб, 42,3 млн сомонӣ ба буҷа ворид нашудааст. Бақияи умумии қарзи андозҳо дар вилоят ба ҳолати 1 июли соли 2025-ум 190,1 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали сол 17,2 млн сомонӣ зиёд аст. Қарзи андози иҷтимоӣ бошад, 56,2 млн сомонӣ, аз он 52,8 млн ба бахши ғайрибуҷавӣ рост меояд. Теъдоди умумии андозсупорандагони қарздор 12 ҳазору 300 нафар мебошад. Аз ин шумора 3073 шахси ҳуқуқӣ ва 9227 соҳибкори инфиродӣ будааст. Бо вуҷуди ирсоли 29 ҳазору 75 огоҳинома ба андозсупорандагон, танҳо 49,7 млн сомонӣ ба буҷа баргардонида шуд, ки аз нигоҳи мақомоти андоз нокифоя арзёбӣ мегардад. Дар натиҷаи татбиқи қарорҳои маҷбурӣ 92,1 млн сомонӣ ҷамъоварӣ гардид, ки 77,6% иҷроиши қарорҳоро дар бар мегирад.Манбаъ афзуд, ки натиҷаҳои шаш моҳаи аввали соли 2025 нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди рушди умумии нишондиҳандаҳо, ҳанӯз ҳам бархе аз масъалаҳо, аз ҷумла нокомилии шаҳру ноҳияҳои алоҳида дар иҷрои нақшаи андоз ва афзоиши қарзи андоз, нигаронкунанда боқӣ мемонанд.
https://sputnik.tj/20250517/rahmon-shahr-navohi-tojikiston-million-somoni-zarar-davlat-ovardand-1067363992.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0c/1063897269_282:0:3013:2048_1920x0_80_0_0_2decb8e691d3af1351244aae5001e95e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, андоз, вилояти хатлон,
нақша, андоз, вилояти хатлон,
Нақшаи андози вилояти Хатлон барзиёд иҷро шуд
Бо вуҷуди барзиёд иҷро гардидани нақшаи андози вилоят, ду шаҳру навоҳӣ натавонистанд нақшаро пурра иҷро намоянд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ иҷрои нақшаи умумии андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷавии вилояти Хатлон 101,29% таъмин гардида, 1,5 млрд сомонӣ ба буҷа ворид шудааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша, 18,6 млн ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 268,1 млн сомонӣ бештар аст.
Дар ин бора, сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон Ҷӯрабек Кенҷаев зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа хабар дод.
Бо вуҷуди ин, ду шаҳру ноҳия - Левакант ва Ёвон натавонистаанд, нақшаи андозро пурра иҷро кунанд. Ба гуфти ӯ, аз ин ҳисоб, 42,3 млн сомонӣ ба буҷа ворид нашудааст.
Бақияи умумии қарзи андозҳо дар вилоят ба ҳолати 1 июли соли 2025-ум 190,1 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали сол 17,2 млн сомонӣ зиёд аст.
Қарзи андози иҷтимоӣ бошад, 56,2 млн сомонӣ, аз он 52,8 млн ба бахши ғайрибуҷавӣ рост меояд.
Теъдоди умумии андозсупорандагони қарздор 12 ҳазору 300 нафар мебошад. Аз ин шумора 3073 шахси ҳуқуқӣ ва 9227 соҳибкори инфиродӣ будааст.
Бо вуҷуди ирсоли 29 ҳазору 75 огоҳинома ба андозсупорандагон, танҳо 49,7 млн сомонӣ ба буҷа баргардонида шуд, ки аз нигоҳи мақомоти андоз нокифоя арзёбӣ мегардад.
Дар натиҷаи татбиқи қарорҳои маҷбурӣ 92,1 млн сомонӣ ҷамъоварӣ гардид, ки 77,6% иҷроиши қарорҳоро дар бар мегирад.
Манбаъ афзуд, ки натиҷаҳои шаш моҳаи аввали соли 2025 нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди рушди умумии нишондиҳандаҳо, ҳанӯз ҳам бархе аз масъалаҳо, аз ҷумла нокомилии шаҳру ноҳияҳои алоҳида дар иҷрои нақшаи андоз ва афзоиши қарзи андоз, нигаронкунанда боқӣ мемонанд.