https://sputnik.tj/20250517/rahmon-shahr-navohi-tojikiston-million-somoni-zarar-davlat-ovardand-1067363992.html
Раҳмон 5 шаҳру навоҳии Тоҷикистонро ном бурд, ки миллионҳо сомонӣ аз андоз қарздоранд
Раҳмон 5 шаҳру навоҳии Тоҷикистонро ном бурд, ки миллионҳо сомонӣ аз андоз қарздоранд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари давлат, ки бо сафари корӣ дар ноҳияи Данғара қарор дорад, бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳрӣ ҷаласаи машваратӣ баргузор кард 17.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-17T12:41+0500
2025-05-17T12:41+0500
2025-05-17T12:41+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
андоз
иҷрои нақша
иқтисод
данғара
данғара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/19/1067115705_0:66:2048:1218_1920x0_80_0_0_6eb27a676b8c95c574e921ed3c6b3192.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Сангвор, Левакант, Ёвон, Панҷакент ва Ишкошим нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳоро иҷро накардаанд. Дар ин бора бо нигаронӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратӣ бо раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар дар ноҳияи Данғара изҳор дошт.Ба таъкиди президент, аз ҳисоби иҷро накардани нақшаи андозу пардохтҳо ин 5 шаҳру навоҳӣ ба буҷаи давлат беш аз 90 млн сомонӣ ворид накарданд, ки бисёр нигаронкунанда аст.Аз ин рӯ, ӯ роҳбарони вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ, Вазорати молия, Кумитаи андозро вазифадор намуд, ки ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.Дар идома президент қайд намуд, ки дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ 8,2% афзоиш ёфта, сатҳи таваррум 1,8% ташкил дод.Дар ҳамин ҳол, Кумитаи андози Тоҷикистон семоҳаи якуми соли ҷориро ҷамъбаст намуда, гуфт иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 111,9 % таъмин гардид.Ба гуфтаи ин ниҳод, ба ҷои 5,4 млрд сомонӣ ба буҷети давлатӣ 6,9 млрд сомонӣ ворид гардид.Қайд карда шудааст, ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 648,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20250505/afzoishi-jamovari-andoz-tojikiston-1067219770.html
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/19/1067115705_0:0:1821:1366_1920x0_80_0_0_fb4168835fe7cce8e8105c512f099f80.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, андоз, иҷрои нақша, иқтисод, данғара, данғара
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, андоз, иҷрои нақша, иқтисод, данғара, данғара
Раҳмон 5 шаҳру навоҳии Тоҷикистонро ном бурд, ки миллионҳо сомонӣ аз андоз қарздоранд
Роҳбари давлат, ки бо сафари корӣ дар ноҳияи Данғара қарор дорад, бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳрӣ ҷаласаи машваратӣ баргузор кард
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Сангвор, Левакант, Ёвон, Панҷакент ва Ишкошим нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳоро иҷро накардаанд.
Дар ин бора бо нигаронӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратӣ бо раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар дар ноҳияи Данғара изҳор дошт.
Ба таъкиди президент, аз ҳисоби иҷро накардани нақшаи андозу пардохтҳо ин 5 шаҳру навоҳӣ ба буҷаи давлат беш аз 90 млн сомонӣ ворид накарданд, ки бисёр нигаронкунанда аст.
Аз ин рӯ, ӯ роҳбарони вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ, Вазорати молия, Кумитаи андозро вазифадор намуд, ки ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар идома президент қайд намуд, ки дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ 8,2% афзоиш ёфта, сатҳи таваррум 1,8% ташкил дод.
"Дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 110,6% иҷро гардида, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин карда шуд", - изҳор дошт роҳбари давлат
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи андози Тоҷикистон семоҳаи якуми соли ҷориро ҷамъбаст намуда, гуфт иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 111,9 % таъмин гардид.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ба ҷои 5,4 млрд сомонӣ ба буҷети давлатӣ 6,9 млрд сомонӣ ворид гардид.
Қайд карда шудааст, ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 648,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.