https://sputnik.tj/20250722/tojikiston-muzokirot-britoniyo-ganji-oksus-idoma-1069646548.html
Тоҷикистон музокиротро бо Бритониё дар бораи баргардонидани "ганҷи Оксус" идома медиҳад
Тоҷикистон музокиротро бо Бритониё дар бораи баргардонидани "ганҷи Оксус" идома медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон бозгашти "ганҷи Оксус" яке аз авлавиятҳои асосии боқӣ мемонад ва музокирот бо Бритониё барои бозгашти онҳо идома дорад
2025-07-22T09:17+0500
2025-07-22T09:17+0500
2025-08-01T13:20+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
дарёфти ганҷина
бритониё
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/01/1069646711_0:69:800:519_1920x0_80_0_0_5c9100ff1af60f11b229d166dd6b5f5b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Тоҷикистон муборизаро барои баргардонидани "ганҷи Оксус", маҷмӯаи нодири ганҷҳои бостонӣ, ки беш аз як аср пеш дар гузашта аз сӯйи Бритониё бурда шуда буд, идома медиҳад.Тавре директори Агентии ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангии кишвар Шералӣ Хоҷазода хабар дод, баргардонидани маҷмӯаи нодири "ганҷи Оксус", ки дар наздикии Амударё ёфт ва дар асри 19 ба империяи Британия бурдашуда, яке аз афзалиятҳои ниҳод аст.Вай таъкид кард, мутаасифона ин масъала бо бритониё дар марҳилаи музокирот боқӣ мондааст.Ганҷинаи Омӯ мураккаб аз 200 ёдгори нодири тилоии садаҳои 6 то 3-и пеш аз милод аз гаронарзиштарин маҷмӯаҳои ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар соли 1877 дар Тахти Сангин, дар қаламрави феълии Тоҷикистон ошкор шудаанд. Ҳамон сол кишоварзони маҳаллӣ ин хазинаро ба тоҷирони бухороӣ ва онҳо дар навбати худ ин ганҷи бебаҳоро дар Ҳиндустон ба инглисҳо фурӯхтаанд.Ҳамин тариқ, ин бозёфтҳои таърихӣ дар осорхонаи Бритониёи Кабир ҷой гирифтанд. Дар авохири даҳаи 1970 Ганҷинаи Омӯ ё Дафинаи Амударё зери ҳимояти киштии низомии Бритониё ба Эрмитажи Ленинград (Санкт-Петербурги кунунӣ)-и Русия мунтақил шуд ва барои як моҳ ба маърази тамошо гузошта шуд. Таърихнигорон мегӯянд, ин нахустин бор буд, ки як киштии низомӣ масъулияти ҳифозат аз як маҷмӯаи намоиширо дошт.Аввалин бор раиси пешини Бунёди Фарҳанги Тоҷикистон, шоираи тоҷик Гулрухсор дар солҳои 1990 масъалаи бозгардони ганҷинаи Омӯро ба миён гузошта буд. Дертар, чанд сол пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ ба иин мавзӯъ ишора кард. Вай гуфт, "Хазинаи Амударё" моли Тоҷикистон аст ва бояд бозпас дода шавад. Вале Осорхонаи Бритониё ин талаби Тоҷикистонро рад кард ва аммо баъдан эълом дошт, ки омодааст намоиши нусхаҳои ёдгориҳои “Хазинаи Омӯ”-ро дар Тоҷикистон ташкил кунад.
https://sputnik.tj/20250414/osorkhona-harbi-tarikhi-jangi-buzurgi-vatani-donishgoh-khujand-1066979100.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/01/1069646711_0:34:800:634_1920x0_80_0_0_4d24e0c949f446ae2e2ab75f0d924fb8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, оксус, ганҷ, бриитониё, гуфтугӯ, идома,
тоҷикистон, оксус, ганҷ, бриитониё, гуфтугӯ, идома,
Тоҷикистон музокиротро бо Бритониё дар бораи баргардонидани "ганҷи Оксус" идома медиҳад
09:17 22.07.2025 (Навсозишуда: 13:20 01.08.2025) Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон бозгашти "ганҷи Оксус" яке аз авлавиятҳои асосии боқӣ мемонад ва музокирот бо Бритониё барои бозгашти онҳо идома дорад
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Тоҷикистон муборизаро барои баргардонидани "ганҷи Оксус", маҷмӯаи нодири ганҷҳои бостонӣ, ки беш аз як аср пеш дар гузашта аз сӯйи Бритониё бурда шуда буд, идома медиҳад.
Тавре директори Агентии ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангии кишвар Шералӣ Хоҷазода хабар дод, баргардонидани маҷмӯаи нодири "ганҷи Оксус", ки дар наздикии Амударё ёфт ва дар асри 19 ба империяи Британия бурдашуда, яке аз афзалиятҳои ниҳод аст.
Вай таъкид кард, мутаасифона ин масъала бо бритониё дар марҳилаи музокирот боқӣ мондааст.
"Дарвоқеъ, ин масъала чандин сол боз бисёриҳоро нигарон кардааст. Ҳамаи ин дар барномаи мост",-таъкид кард ӯ.
Ганҷинаи Омӯ мураккаб аз 200 ёдгори нодири тилоии садаҳои 6 то 3-и пеш аз милод аз гаронарзиштарин маҷмӯаҳои ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар соли 1877 дар Тахти Сангин, дар қаламрави феълии Тоҷикистон ошкор шудаанд. Ҳамон сол кишоварзони маҳаллӣ ин хазинаро ба тоҷирони бухороӣ ва онҳо дар навбати худ ин ганҷи бебаҳоро дар Ҳиндустон ба инглисҳо фурӯхтаанд.
Ҳамин тариқ, ин бозёфтҳои таърихӣ дар осорхонаи Бритониёи Кабир ҷой гирифтанд. Дар авохири даҳаи 1970 Ганҷинаи Омӯ ё Дафинаи Амударё зери ҳимояти киштии низомии Бритониё ба Эрмитажи Ленинград (Санкт-Петербурги кунунӣ)-и Русия мунтақил шуд ва барои як моҳ ба маърази тамошо гузошта шуд. Таърихнигорон мегӯянд, ин нахустин бор буд, ки як киштии низомӣ масъулияти ҳифозат аз як маҷмӯаи намоиширо дошт.
Аввалин бор раиси пешини Бунёди Фарҳанги Тоҷикистон, шоираи тоҷик Гулрухсор дар солҳои 1990 масъалаи бозгардони ганҷинаи Омӯро ба миён гузошта буд. Дертар, чанд сол пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ ба иин мавзӯъ ишора кард. Вай гуфт, "Хазинаи Амударё" моли Тоҷикистон аст ва бояд бозпас дода шавад. Вале Осорхонаи Бритониё ин талаби Тоҷикистонро рад кард ва аммо баъдан эълом дошт, ки омодааст намоиши нусхаҳои ёдгориҳои “Хазинаи Омӯ”-ро дар Тоҷикистон ташкил кунад.