Баъд аз қабули қонун ҷамъоварии пули барқ дар шаҳри Кӯлоб беҳтар шуд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСнятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2025
Обуна шудан
Масъулини ширкати "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Кӯлоб эълон карданд, ки нақшаи ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ 32,3% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Табарзода Темур, роҳбари Филиали Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Кӯлоб зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки Дар ин давра аз системаи энергетикӣ ба миқдори 710 млн 819 ҳазор кВт/соат барқ қабул карда шуда, ба истеъмолкунандагон ба миқдори 252 млн 173 ҳазор кВт/соат барқ расонида шудааст.
Вай қайд кард, ки иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда дар филиал ба маблағи 170 млн 250 ҳазор сомонӣ ё худ 87,6%-и нақшаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта ба маблағи 41,5 млн сомонӣ ё ин ки 32,3% зиёд мебошад.
Ҳамчунин ин мақомдор таъкид кард, ки фонди таъмири дар нимсолаи авввали соли 2025 1,8 млн сомонӣ иҷро карда шудааст, ки 43,5%-и нақшаро ташкил мекунад.
Аз он ҷумла, таъмири асосӣ 535,5 ҳ. сомонӣ 32,6% ва таъмири ҷорӣ 453,6 ҳазор сомонӣ 27,7% иҷро шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ба итттилои мақомот талафоти барқ дар Тоҷикистон дар нимсола ба 17,9% баробар шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3% кам аст.
Электросчетчики на улице   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2025
Ҷамъоварӣ зиёд шуд?: Мақомоти Гулистон беш аз 96% пули барқро пардохт кардааст
Тавре ноиби додситони кулли Тоҷикистон, Сарвар Азимзода иттилоъ дода буд, ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ зиёда аз 735 млн сомонӣ зиёд карда шудааст.
Албатта, дар расидан ба натиҷаҳои назаррас саҳми кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ ҷой дорад, изҳор дошт додситон.
Ба иттилои муовини Прокурори генералии Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти прокуратура тавассути тадбирҳои андешида дар нимсолаи якуми соли раовн оид ба назорати қонунгузорӣ дар соҳаи энергетика дар маҷмуъ 2326 амр, 221 пешниҳод, 3800 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ, маъмурӣ пешниҳод шуда, 190 парвандаи ҷиноятӣ дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз гардида, 273 миллион сомонӣ зарар рӯёнида шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, 15-уми апрел ба тарҳи қонуне имзо кард, ки барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Талафоти неруи барқ дар соли 2024 ба 4,5 миллиард киловатт – соат ё 20% ва дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба 1,3 миллиард киловатт – соат ё 20,5 фоиз баробар гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0