Ҷамъоварӣ зиёд шуд?: Мақомоти Гулистон беш аз 96% пули барқро пардохт кардааст

© Sputnik / Амир ИсаевЭлектросчетчики на улице
Электросчетчики на улице   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2025
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Гулистони вилдояти Суғд дар нишасти матбуоть аз беҳтар шудани вазъи ҷамъоварии пули қувваи барқ дар шаҳр хабар дод
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Мақомоти шаҳри Гулистони вилдояти Суғд дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар шаш моҳи соли равон шаҳр дар ҳаҷми 100,7 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода намудааст
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра корхонаву сокинони шаҳр 97,1 миллион сомонӣ пули барқро пардохт намудааст, ки ин нишондиҳанда 96,4%-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳаол мақомоти шаҳр хабар доданд, ки корхонаҳои саноатӣ, ки дар ин минтақа фаъолият мекунад дар шаш моҳи соли равон ба маблағи 2 млрд. 371 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.
“Вазни қиёсии корхонаҳои шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоят 13,1% ташкил медиҳад”, - қайд намудаанд масъулини шаҳри Гулистон.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки корхонаҳои ин шаҳр истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯйи 90 намуди аслӣ ба роҳ мондаанд.
Девушка записывает показания счетчика  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2025
Нозирони барқ аз кор ронда мешаванд: Раҳмон гуфт, пули ҷамъкардаашон ба маошашон намерасад
Ёдовар мешавем, ки ба итттилои мақомот талафоти барқ дар Тоҷикистон дар нимсола ба 17,9% баробар шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3% кам аст.

Тавре ноиби додситони кулли Тоҷикистон, Сарвар Азимзода иттилоъ дода буд, ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ зиёда аз 735 млн сомонӣ зиёд карда шудааст.
Албатта, дар расидан ба натиҷаҳои назаррас саҳми кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ ҷой дорад, изҳор дошт додситон.
Ба иттилои муовини Прокурори генералии Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти прокуратура тавассути тадбирҳои андешида дар нимсолаи якуми соли раовн оид ба назорати қонунгузорӣ дар соҳаи энергетика дар маҷмуъ 2326 амр, 221 пешниҳод, 3800 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ, маъмурӣ пешниҳод шуда, 190 парвандаи ҷиноятӣ дар миқёси ҷумҳурӣ оғоз гардида, 273 миллион сомонӣ зарар рӯёнида шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, 15-уми апрел ба тарҳи қонуне имзо кард, ки барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як баромадаш гуфт, ки бо мақсади ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ дар кишвар аз ҷониби давлату Ҳукумат чораҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд, аммо омилҳое ҳастанд, ки ба ин халал эҷод мекунанд.
Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2025
Муҷозот барои напардохтани пули барқ расмӣ шуд: Раҳмон қонунро имзо кард
Ӯ аз аҳолӣ хост, ки ба масъалаи сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ аҳаммияти ҷиддӣ дода шавад, зеро талафоти неруи барқ, хусусан, талафоти ғайритехникӣ ва истифодаи ғайриқонунии он ҳанӯз зиёд аст.
Талафоти неруи барқ дар соли 2024 ба 4,5 миллиард киловатт – соат ё 20% ва дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба 1,3 миллиард киловатт – соат ё 20,5 фоиз баробар гардидааст, ки ппрезидент онро боиси нигаронии ҷиддӣ хонд.
"Ҳоло он ки барои таъмини пурраи аҳолии мамлакат бо қувваи барқ, ҳамагӣ 1,5 млрд соат зарур асту халос. Яъне қувваи барқи ҳоло дар Ватан истеҳсолшаванда пурра ба мардум мерасад ва зиёдатӣ мекунад, агар ҳисобу китоби дақиқ ба роҳ монда шавад",- гуфт Раҳмон.
вай ҳамчунин аз сатҳи ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ низ нигаронӣ кард, ки 83,5%, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 89,9% иҷро гардидааст, ки қонеъкунанда нест.
"Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз рӯйи арзонии неруи барқ дар қатори даҳгонаи аввали кишварҳои дунё қарор дорад", - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Ӯ аз мақомоти марбута хост, ки бо мақсади пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо дар низоми энергетикии мамлакат, ба роҳ мондани назорати ҷиддии истифодаи неруи барқ ва комилан аз байн бурдани талафоти ғайритехникии он тамоми чораҳоро биандешанд.
Лентаи хабарҳо
0