https://sputnik.tj/20250722/hajm-gardish-rusiya-tojikiston-milliard-1069211207.html
Ҳаҷми гардиши колои Русия ва Тоҷикистон беш аз як миллиард долларро ташкил дод
Ҳаҷми гардиши колои Русия ва Тоҷикистон беш аз як миллиард долларро ташкил дод
Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон чанд сол боз мизони табодули худро пайваста афзоиш медиҳанд ва имрӯз ин рақам аз як миллиард доллар гузаштааст
2025-07-22T15:40+0500
2025-07-22T15:40+0500
2025-07-24T15:31+0500
дар тоҷикистон
русия
гардиши молу коло
миллиард
иқтисод
фбиом - 2025
фбиом-2025 дар душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/02/1067805008_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_1d615569c4e73544ca79526b6d002a85.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон гардиши молро то миллиард доллар афзоиш доданд. Дар ин бора Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар Форуми якуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, хабар дод. Ин рақам аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2025 ҳисоб шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 10% зиёдтар аст.Ба гуфтаи дипломат, дар Тоҷикистон бо ширкати Русия беш аз 30 тарҳ дар бахшҳои муҳими иқтисод, аз ҷумла энержӣ, истихроҷи маъдан ва саноати сабук ва кишоварзӣ амалӣ мешавад. Дар Тоҷикистон ширкатҳои гуногуни муштараки тоҷикӣ - русӣ, аз ҷумла "Газпромнефт-Тоҷикистон", "Мегафон", "НБО Сангтӯда-1", "Гемотест", "Вилдберри" ва ғайра бомуваффақият фаъолият доранд. Ба гуфтаи Григорев, Осиёи Марказӣ шарики муҳими стратегӣ барои Русия буда, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа аз авлавияти сиёсати хориҷӣ ва стратегияи иқтисодии Русия маҳсуб мешавад. Вай изҳор дошт, ки Русия ба густариши лоиҳаҳои муштарак оид ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, ҳамкориҳои саноатӣ, инчунин технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ ҳавасманд аст.Қаблан дар чорчӯби Намоишгоҳи байнулмилалии тиҷоратии "Суғд-2025" дар шаҳри Хуҷанд, миёни Русия ва Тоҷикистон 22 созишномаи ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар ба имзо расида буд. Русия ва Тоҷикистон тӯли чанд сол аст, ки ҳаҷми муомилоти молро пайваста афзоиш медиҳанд. Ҳамин тариқ, то аввали соли 2024 он ба 1,7 млрд доллар расид, ки ин баландтарин нишондод дар тамоми давраи муносиботи тиҷории байни кишварҳо мебошад.
https://sputnik.tj/20241214/tijorati-viloyati-sughd-beshtar-bo-kishvarhoi-rusiya-uzbekiston-va-qazoqiston-ast-1065511772.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/02/1067805008_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_f2f90bad7e463b20c2648e4fd19526c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳаҷм, гардиши коло, русия ва тоҷикистон
ҳаҷм, гардиши коло, русия ва тоҷикистон
Ҳаҷми гардиши колои Русия ва Тоҷикистон беш аз як миллиард долларро ташкил дод
15:40 22.07.2025 (Навсозишуда: 15:31 24.07.2025) Русия ва Тоҷикистон чанд сол боз мизони табодули худро пайваста афзоиш медиҳанд ва имрӯз ин рақам аз як миллиард доллар гузаштааст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон гардиши молро то миллиард доллар афзоиш доданд.
Дар ин бора Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар Форуми якуми иқтисодии Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе ҷараён дорад, хабар дод.
Ин рақам аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2025 ҳисоб шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 10% зиёдтар аст.
"Мисоли барҷастаи эътимоди ҳақиқӣ ва устувории иқтисодии равобити Русияву Тоҷикистон афзоиши гардиши мол миёни кишварҳои мост, ки дар шаш моҳи аввали соли 2025 ба беш аз як миллиард расид", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи дипломат, дар Тоҷикистон бо ширкати Русия беш аз 30 тарҳ дар бахшҳои муҳими иқтисод, аз ҷумла энержӣ, истихроҷи маъдан ва саноати сабук ва кишоварзӣ амалӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон ширкатҳои гуногуни муштараки тоҷикӣ - русӣ, аз ҷумла "Газпромнефт-Тоҷикистон", "Мегафон", "НБО Сангтӯда-1", "Гемотест", "Вилдберри" ва ғайра бомуваффақият фаъолият доранд.
Ба гуфтаи Григорев, Осиёи Марказӣ шарики муҳими стратегӣ барои Русия буда, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа аз авлавияти сиёсати хориҷӣ ва стратегияи иқтисодии Русия маҳсуб мешавад.
Вай изҳор дошт, ки Русия ба густариши лоиҳаҳои муштарак оид ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, ҳамкориҳои саноатӣ, инчунин технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ ҳавасманд аст.
Қаблан дар чорчӯби Намоишгоҳи байнулмилалии тиҷоратии "Суғд-2025" дар шаҳри Хуҷанд, миёни Русия ва Тоҷикистон 22 созишномаи ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар ба имзо расида буд.
Русия ва Тоҷикистон тӯли чанд сол аст, ки ҳаҷми муомилоти молро пайваста афзоиш медиҳанд. Ҳамин тариқ, то аввали соли 2024 он ба 1,7 млрд доллар расид, ки ин баландтарин нишондод дар тамоми давраи муносиботи тиҷории байни кишварҳо мебошад.