Тиҷорати вилояти Суғд бештар бо кишварҳои Русия Узбекистон ва Қазоқистон аст

© Foto / Пресс-служба главы Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2024
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки вилоят бо беш аз 60 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дорад
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ахиран хабар дод, ки Тоҷикистон бо беш аз 100 кишвари дунё ва вилояти Суғд бошад, бо беш аз 60 кишвари дунё робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дорад.
Вай афзуд, ки дар ин раванд корҳои зиёд барои ҳамгироии кишварамон дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва махсусан бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО), Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ба анҷом расонида шуданд.
Ҳамчунин раиси вилояти Суғд қайд кард, ки ҳамкорони асосии вилояти Суғд дар гардиши савдои хориҷӣ Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Чин, Туркия, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра мебошанд.
Вай илолва кард, ки вилояти Суғд барои афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳо саъю талош намуда, хоҳони густариши равобити устувори дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатӣ бар пояи прагматизми иқтисодӣ ва ҳусни тафоҳум мебошад.
Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки барои рушди соҳибкорӣ ва саноат, ки яке аз соҳаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб меравад, пайваста аҳамияти хоса дода мешавад.
Давлатали Саид, глава Хатлонской области Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2024
Бештари сармоя ба вилояти Хатлон аз Русия, Чин ва Эрон ворид шудааст
Қайд карда шуд, ки имрӯзҳо дар вилояти Суғд зиёда аз 117 ҳазор соҳибкорон ва 1100 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд.
Вай зикр кард, ки соҳибкорони вилоят дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт саҳмгузорӣ намуда, дар фаъолияти худ технологияҳои муосирро ба таври васеъ мавриди истифода додаанд.
Вай афзуд, ки дар вилоят иқтидорҳои бузурги саноатӣ, теъдоди зиёди соҳибкорони ташаббускор, ҷавон ва навовар, инфрасохтори зарурӣ ва захираҳои фаровон мавҷуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин дар ин Шӯро гуфт, ки барои таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як силсила иқдомҳои шоиста роҳандозӣ гардиданд.
“Дар натиҷа, ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамасола афзуда истодааст”, - қайд кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Бояд гуфт, ки дар охир аз ҷониби аъзои Шӯро Нақшаи кории Шӯрои соҳибкорию сармоягузории назди Раиси вилоят барои соли 2025 ва рўзномаи ҷаласаи нуҳуми Шўрои машваратии назди Раиси вилоят оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ тасдиқ карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0