https://sputnik.tj/20250721/ryazan-moldova-josusi-ukraina-bozdosht-1069174972.html
Дар Рязан як зодаи Молдова бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи артиши Украина боздошт шуд - видео
Дар Рязан як зодаи Молдова бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи артиши Украина боздошт шуд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Сервиси амнияти федеролии Русия як зодаи Молдоваро дар шаҳри Рязан барои иртибот бо хадамоти иктишофии Украина боздошт кард
2025-07-21T17:39+0500
2025-07-21T17:39+0500
2025-07-21T17:39+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёти вижа
украина
фсб
боздошт
ҷосусӣ
русия
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/15/1069175154_0:0:800:450_1920x0_80_0_0_72cd7bec33ccffce499040885e4cd96f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Сервиси амнияти федеролии Русия (ФСБ) як зодаи Молдоваро дар Рязан боздошт кард, ки ӯ дар бораи як воҳиди нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва корхонаи саноати дифоъӣ ба хадамоти иктишофии Украина маълумот медодааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ФСБ."ФСБ як шаҳрванди Русия, соли таваллудаш 2001, зодаи Ҷумҳурии Молдоваро боздошт кардааст, ки ба манфиати Украина аз дар шаҳри Рязан маълумот медод", — омадааст дар хабар.Муайян карда шуд, ки гумонбар дар соли 2024 ба таври фаъол бо намояндаи хадамоти махсуси Украина тавассути паёмрасони Telegram тамос барқарор кардааст.Кремл: Русия омода аст барои ҳалли буҳрони Украина сареъ пеш равадБо дастур аз Украина, вай дар бораи яке аз воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва як корхонаи саноати дифоъӣ дар вилояти Рязан маълумот ҷамъоварӣ карда, ба хадамоти иктишофии Украина ирсол намудааст.Таъкид мешавад, ки Хадамоти иктишофии Украина бар ивази маълумот ба сокини Рязан ваъда додааст, ки тибқи дархости ӯ ба убури бехатар аз Русия ба кишвари узви НАТО мусоидат хоҳад кард.Ӯ мехост ба Фаронса биравад ва аз онҷо ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина пайвандад."Шӯъбаи тафтишотии Раёсати ФСБ дар вилояти Рязан аз рӯи моддаи 275-и Кодекси ҷиноии Русия (хиёнат ба давлат дар шакли ҷосусӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст", - хабар додааст ФСБ-и Русия.Маълум шуд, сарбозони амалиёти вижаи Русия кадом китобҳоро мехонандФСБ бори дигар ёдовар шуд, ки хадамоти махсуси Украина дар фазои интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо барои ҷалби русҳо ба амалҳои ғайриқонунӣ фаъолона кор мекунанд.
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/15/1069175154_149:0:749:450_1920x0_80_0_0_98e407580e8dac4a3e449e0be09ed0fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, молдова, ҷосус, боздошт, амалиёти вижа, рязан, фсб, видео
русия, украина, молдова, ҷосус, боздошт, амалиёти вижа, рязан, фсб, видео
Дар Рязан як зодаи Молдова бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи артиши Украина боздошт шуд - видео
Сервиси амнияти федеролии Русия як зодаи Молдоваро дар шаҳри Рязан барои иртибот бо хадамоти иктишофии Украина боздошт кард
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Сервиси амнияти федеролии Русия (ФСБ) як зодаи Молдоваро дар Рязан боздошт кард, ки ӯ дар бораи як воҳиди нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва корхонаи саноати дифоъӣ ба хадамоти иктишофии Украина маълумот медодааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ФСБ.
"ФСБ як шаҳрванди Русия, соли таваллудаш 2001, зодаи Ҷумҳурии Молдоваро боздошт кардааст, ки ба манфиати Украина аз дар шаҳри Рязан маълумот медод", — омадааст дар хабар.
Муайян карда шуд, ки гумонбар дар соли 2024 ба таври фаъол бо намояндаи хадамоти махсуси Украина тавассути паёмрасони Telegram тамос барқарор кардааст.
Бо дастур аз Украина, вай дар бораи яке аз воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва як корхонаи саноати дифоъӣ дар вилояти Рязан маълумот ҷамъоварӣ карда, ба хадамоти иктишофии Украина ирсол намудааст.
Таъкид мешавад, ки Хадамоти иктишофии Украина бар ивази маълумот ба сокини Рязан ваъда додааст, ки тибқи дархости ӯ ба убури бехатар аз Русия ба кишвари узви НАТО мусоидат хоҳад кард.
Ӯ мехост ба Фаронса биравад ва аз онҷо ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина пайвандад.
"Шӯъбаи тафтишотии Раёсати ФСБ дар вилояти Рязан аз рӯи моддаи 275-и Кодекси ҷиноии Русия (хиёнат ба давлат дар шакли ҷосусӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст", - хабар додааст ФСБ-и Русия.
ФСБ бори дигар ёдовар шуд, ки хадамоти махсуси Украина дар фазои интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо барои ҷалби русҳо ба амалҳои ғайриқонунӣ фаъолона кор мекунанд.