Муҷозот барои напардохтани пули барқ расмӣ шуд: Раҳмон қонунро имзо кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон. Архивное фото
Эмомали Рахмон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2025
Обуна шудан
Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки парлумон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузошт
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зери санаде имзо гузошт, ки тибқи он шаҳрванд барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ё барои бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои м анбаъ, раисҷумҳур субҳи имрӯз Қонунҳои Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон", "Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ва "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон"- ро имзо кард.
Тавре манбаъ қайд кардааст, тибқи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон" барои дахолат кардан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ё бе пайваст шудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ истифода бурдани қувваи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шудааст.
Эмомали Рахмон принял участие в работе первой сессии Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан седьмого созыва  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2025
Супориши Раҳмон: Ба мардум фаҳмонед, ки напардохтани пули барқ ҷавобгарӣ дорад
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки барои содир намудани ин ҷиноят ба маблағи калон ё махсусан калон, бо истифода аз вазифаи хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, гурӯҳи муташаккил ё ташкилоти ҷиноятӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то даҳ сол пешбинӣ шудааст.
Зикр гардидааст, ки қонунҳои дигари баимзорасида бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ аз партовҳои нақлиёти автомобилии фарсуда, инчунин такмили меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ қабул гардидаанд.
Қайд гардидааст, ки қонунҳои баимзорасида барои таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва некуаҳволии шаҳрвандон равона шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0