"Амонатбонк" ҳаҷми дороию даромади софашро эълон кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонЗдание Амонатбанка Дангаринском районе
Здание Амонатбанка Дангаринском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2025
Обуна шудан
Сатҳи дороиҳои бузургтарин бонки низомсози Тоҷикистон - "Амонатбонк" дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ афзоиш ёфта, ба 9,6 млрд сомонӣ баробар гардидааст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ҳаҷми дороиҳо ва уҳдадориҳои "Амонатбонк" дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта муттаносибан ҳудуди 20,5% ва 21,6% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора раёсати "Амонатбонк" дар пайи ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти шашмоҳааш иттидлоъ дода, афзуд, ки ҳаҷми дороиҳо ба 9,6 млрд сомонӣ ва андозаи ӯҳдадориҳо ба 8,6 млрд сомонӣ баробар гардидаст.
Фоидаи бонк то андозбандӣ ба 96,1 млн сомонӣ ва пас аз андозбандӣ ба 76,9 млн сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 — 10,6% зиёд мебошад.
Калонтарин бонки низомсози Тоҷикистон ҳамчунин пардохтҳои ҳатмиро ба буҷаи давлат қариб 22,6% зиёд кардааст. Раёсати "Амонатбонк" ҳаҷми пулҳои пардохтшуда ба буҷаи давлатро наздики 62,1млн сомонӣ ҳисоб кардаст.
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2025
Дар ноҳияи Мастчоҳ мизони қарзгирӣ аз бонкҳо 19% афзудааст
Таъкид гардидаст, ки бонки мазкур аз ҳисоби захираҳои дохиливу хориҷӣ ба зиёда аз 28 ҳазор мизоҷ беш аз 1 млрд. сомонӣ қарз пешниҳод намуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 7,9% афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, таъкид мешавад, ки бонк барои дастгирии сиёсати иҷтимоии ҳукумат дар самти таъмини шароити беҳтари зиндагии аҳолӣ, ба қарзҳои истеъмолӣ ва ипотекӣ низ аҳамияти хос медиҳад.
Ҳамин тариқ, бо чунин ҳадаф дар нимсолаи якум, ба 113 нафар қарзҳои ипотекӣ дар ҳаҷми 34 млн. сомонӣ дода шудааст, ки ин нишондод 4 маротиба бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Ба иттилои ин ниҳоди молӣ, бақияи умумии пасандозҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) дар Амонатбонк ҳоло ба 7,7 млрд сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 31,7% афзоиш ёфтааст.
Зикр шудааст,ки сатҳи баланди пардохтпазирӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии устуворӣ ва эътимоднокӣ ба ҳисоб рафта, бонк аз рӯи ин нишондиҳанда мавқеи намоёнро дар низоми бонкии кишвар ишғол мекунад.
Лентаи хабарҳо
0