https://sputnik.tj/20250718/rahmon-mushkilot-zamon-nav-1069094820.html
"Ҷанги сард" ва яроқнокшавии бошитоб: Раҳмон мушкилоти замони навро номбар кард
"Ҷанги сард" ва яроқнокшавии бошитоб: Раҳмон мушкилоти замони навро номбар кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон шиддати бесобиқа пайдо кардани равандҳои номатлубро аз мушкилоти замони нав арзёбӣ кард
2025-07-18T10:49+0500
2025-07-18T10:49+0500
2025-07-18T10:49+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
ҳхдт
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/11/1069094299_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_0de24e9326d0214940de7b14dadd78c8.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз мушкилоти замон ҳушдор дода, масъулинро ба масъулиятшиносӣ даъват намуд.Дар ин бора хадамоти матбуотии президент гузориш медиҳад.Дар ин росто, раисиҷумҳур ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дастур дод, ки фаъолиятро дар самти густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон тақвият бахшанд."Ҳар як шаҳрванди кишвар худро дар раванди давлатдорӣ масъул ҳисобад, моҳият ва ҳадафи хатарҳоеро, ки ба давлатдории мо ва истиқлолу озодии он таҳдид мекунанд, амиқ дарк намояд ва вазифаи худро дар татбиқи ҳадафҳои давлат ва ҳукумати кишвар мустақилона муайяну мушаххас карда тавонад", - таъкид кард президент.Эмомалӣ Раҳмон боз раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шудӮ таъкид кард, ки ҳизб ҳамчун неруи пешбаранда нақши калидӣ дошта, фаъолияти он дар татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум возеҳ эҳсос мешавад.Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоти ибтидоӣ дорад, ки тавассути онҳо барномаҳоро амалӣ месозад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/11/1069094299_229:0:2048:1364_1920x0_80_0_0_2039dc6a688d21f22c2103bf9c933bf8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳхдт, вазифаҳо
"Ҷанги сард" ва яроқнокшавии бошитоб: Раҳмон мушкилоти замони навро номбар кард
Президенти Тоҷикистон шиддати бесобиқа пайдо кардани равандҳои номатлубро аз мушкилоти замони нав арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз мушкилоти замон ҳушдор дода, масъулинро ба масъулиятшиносӣ даъват намуд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президент гузориш медиҳад.
"Шиддати бесобиқаи равандҳои номатлуби сиёсиву низомӣ дар сайёра — мухолифату низоъҳо, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, тағйирёбии босуръати иқлим аз ҳар яки мо барои ҳалли масъалаҳои пешомада масъулият ва муносибати ҷиддӣ талаб мекунад", - гуфт кишвардор.
Дар ин росто, раисиҷумҳур ба кумитаҳои иҷроияи ҳизб дастур дод, ки фаъолиятро дар самти густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон тақвият бахшанд.
"Ҳар як шаҳрванди кишвар худро дар раванди давлатдорӣ масъул ҳисобад, моҳият ва ҳадафи хатарҳоеро, ки ба давлатдории мо ва истиқлолу озодии он таҳдид мекунанд, амиқ дарк намояд ва вазифаи худро дар татбиқи ҳадафҳои давлат ва ҳукумати кишвар мустақилона муайяну мушаххас карда тавонад", - таъкид кард президент.
Ӯ таъкид кард, ки ҳизб ҳамчун неруи пешбаранда нақши калидӣ дошта, фаъолияти он дар татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум возеҳ эҳсос мешавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоти ибтидоӣ дорад, ки тавассути онҳо барномаҳоро амалӣ месозад.