https://sputnik.tj/20241219/emomali-rahmon-boz-raisi-hizbi-khalqii-demokratii-tojikiston-intikhob-shud-1065567636.html
Эмомалӣ Раҳмон боз раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуд
Эмомалӣ Раҳмон боз раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман Эмомалӣ Раҳмон аз нав Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуд
2024-12-19T09:36+0500
2024-12-19T09:36+0500
2024-12-19T09:36+0500
ҳхдт
эмомалӣ раҳмон
раис
интихоб
раисҷумҳур
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/12/1065564898_568:383:1818:1086_1920x0_80_0_0_072d6fb4b369556201f4ddcfe6f11406.jpg
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Дар анҷумани навбатии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дигарбора раиси ин ҳизб интихоб шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҲХДТ. Анҷумани навбатии ҲХДТ, ки 18-уми декабр, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд.Ҳамчунин Маликшо Неъматзода – муовини якум, Абдуллозода Умеда Бекмурод ва Каримзода Мирзоқосим муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар анҷумани навбатии ҳизб як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ барои панҷ соли оянда, аз ҷумла омодагӣ ба интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуд.Гуфта мешавад, ки дар оғози кори Анҷуман раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 30-умин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ кард.Масъалаи дигари рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.Мувофиқи қавонони Тоҷикистон вакилони Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ ва ҷиҳати ширкат дар интихоботи дарпешистода пешбарӣ намуданд.Номзадҳои пешниҳодгардида мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои маҳорату нигоҳи нав ба равандҳои ҷомеа ва ҳам қисмати зиёде аз бонувони соҳибтахассус мебошанд.Дар анҷуман ҳамчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти сохторҳои ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки фарогири муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2025-2030 мебошад, тасдиқ ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.
https://sputnik.tj/20241214/emomali-rahmon-panjum-prezident-kmot-intikhob-1065515837.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/12/1065564898_604:332:1791:1222_1920x0_80_0_0_a637146a361dbbb5d000b9c772fdf499.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳхдт, эмомалӣ раҳмон, раиси ҳизб, интихоб, раисҷумҳур, сиёсат
тоҷикистон, ҳхдт, эмомалӣ раҳмон, раиси ҳизб, интихоб, раисҷумҳур, сиёсат
Эмомалӣ Раҳмон боз раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуд
Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман Эмомалӣ Раҳмон аз нав Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуд
ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Дар анҷумани навбатии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дигарбора раиси ин ҳизб интихоб шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҲХДТ.
Анҷумани навбатии ҲХДТ, ки 18-уми декабр, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Ҳамчунин Маликшо Неъматзода – муовини якум, Абдуллозода Умеда Бекмурод ва Каримзода Мирзоқосим муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар анҷумани навбатии ҳизб як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ барои панҷ соли оянда, аз ҷумла омодагӣ ба интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки дар оғози кори Анҷуман раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 30-умин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ кард.
Масъалаи дигари рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.
Мувофиқи қавонони Тоҷикистон вакилони Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ ва ҷиҳати ширкат дар интихоботи дарпешистода пешбарӣ намуданд.
Номзадҳои пешниҳодгардида мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои маҳорату нигоҳи нав ба равандҳои ҷомеа ва ҳам қисмати зиёде аз бонувони соҳибтахассус мебошанд.
Дар анҷуман ҳамчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти сохторҳои ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.
Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки фарогири муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2025-2030 мебошад, тасдиқ ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.