Тоҷикистон хостори ба сатҳи нав баровардани равобити тиҷориву сармоягузорӣ бо АМА шуд

© Sputnik / Юрий АбрамочкинПамятник в честь создания независимого федеративного государства Объединенных Арабских Эмиратов
Памятник в честь создания независимого федеративного государства Объединенных Арабских Эмиратов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2025
Обуна шудан
АМА омодагии худро барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон эълон камудааст
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб қасд доранд робитаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузориро ба сатҳи нав бароранд.
Ин масъала дар дидори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Вазири давлатии савдои берунаи Амороти Муттаҳидаи Араб Танӣ бин Аҳмад Ал-Зайюдӣ дар шаҳри Абу-Забӣ баррасӣ шуд.
Дар мулоқот тарафҳо масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти сармоягузорӣ, савдо ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ.
"Мусоҳибон аҳамияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, логистика, кишоварзӣ ва технологияҳои рақамиро таъкид намуданд",- афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути истифодаи платформаҳои шарикии стратегӣ ва ширкатҳои сармоягузории Аморат изҳор намуданд.
Султон Раҳимзода Вазири давлатии савдои беруна ва соҳибкорони Аморати Муттаҳидаи Арабро барои иштирок дар форуми Душанбе-Инвест — 2025, ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намудааст.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки худро барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд таъкид карданд.
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.12.2024
Ҳамкориҳои бонкии Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб тақвият меёбанд
Ёдовар мешавем, ки қаблан масъулини низоми бонкии ду кишвар дидор кардаанд, ки дар натиҷа миёни БМТ ва Бонки марказии АМА ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот ба имзо расид.
Тарафҳои инчунин барои рушду тавсеаи ҳамкории байнибонкӣ дар самти назорати бонкӣ, низомҳои пардохтӣ, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, асъори рақамӣ ва дар маҷмуъ рақамикунонии низоми бонкӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0