https://sputnik.tj/20250716/kor-maqomot--sughd-nimsol-1069045281.html
Миллионҳо ва миллиардҳо: натиҷаи кори мақомоти вилояти Суғд дар нимсол чӣ гуна аст?
Миллионҳо ва миллиардҳо: натиҷаи кори мақомоти вилояти Суғд дар нимсол чӣ гуна аст?
Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якум бармеояд, ки вилоят дар ҳамаи самтҳо бурд кардааст, вале камбудӣ ҳас ҳаст
2025-07-16T15:58+0500
2025-07-16T15:58+0500
2025-07-17T11:17+0500
суғд
дар тоҷикистон
рушд
иҷтимоъ
маориф
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170036_0:83:1596:981_1920x0_80_0_0_67d1ea1a85be3fa05240c963341f43cc.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғд аз рушди иҷтимоию иқтисодӣ давоми шаш моҳи соли 2025 натиҷагирӣ карданд.Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки таҳти раҳбарии раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид, бурду бохти соҳаҳои иқтисод, маориф ва иҷтимоъ баррасӣ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси вилоят.Нақшаи буҷа ва суръати афзоиш 100%Дар нимсолаи аввал ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 18,1 млрд. сомонӣ расида, суръати афзоиш 132,8%-ро ташкил дод. Миқдори маҳсулоти истеҳсолшаванда ба 253 номгӯй расонида шудааст. Дар ҳудуди вилоят, 84 корхонаи нав бо 536 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 6,1 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, суръати афзоиш 110,5% таъмин гардид. Масоҳати кишти зироатҳо 262,8 ҳаз. гектарро ташкил дод. Ҳаҷми сармоягузории асосӣ ба иқтисодиёт ба 1,3 млрд. сомонӣ расида, суръати афзоиш 104% таъмин гардидааст.Табодули коло миёни Суғду Русия дар шаш моҳи соли равонДар ин давра, 215 ҳаз. метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаасту дар соҳаи нақлиёт 23 млн. тонна бор ва 155,5 млн. нафар мусофир кашонида шудааст. Ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба 10 млрд. сомонӣ расида, содирот 727,2 млн. доллар ва воридот 1,3 млрд. долларро ташкил додааст. Ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ 223,8 млн. долларро ташкил дода, суръати афзоиш 115,9 фоиз таъмин шуд. Нақшаи даромади буҷа 107,5% таъмин гардида, ба буҷа 3,1 млрд. сомонӣ ворид гардидааст. Дар соҳаи маориф 287 муассисаи томактабӣ бо фарогирии беш аз 48 ҳаз. кӯдак, 962 мактаб бо фарогирии беш аз 578 ҳазор хонанда фаъолият доранд. Шумораи омӯзгорон 37 ҳазору 610 нафарро ташкил медиҳад. Дар вилоят 944 муассисаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ ва 293 муассисаи хусусӣ фаъолият мекунанд. Ин ҳама қонеъкунанда нестРаиси вилоят таъкид намуд, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, имкониятҳои мавҷуда дар аксари бахшҳо то ҳол пурра ва мақсаднок истифода нашудаанд. Ӯ ба масъулин супориш дода, ки ҷиҳати афзун гардонидани нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар семоҳаи оянда аз тамоми захираву имкониятҳо самаранок истифода намоянд. Ҳамчунин Аҳмадзода таъкид кардааст, ки захираи маҳсулоти озуқаворӣ барои ду сол дар ҳар оила таъмин карда шавад ва зиёдаравиҳо ҳангоми баргузории маъракаҳо пешгирӣ шавад.Дастури Аҳмадзода барои истихроҷи тилои бештар дар корхонаи "Зарафшон"Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар беморхонаҳову мактабҳо, инчунин таҳкими оилаҳо низ масъалаҳои мубрам гуфта шуд.Дар баробари ин, масъулин барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таъмиру васеъ намудани роҳҳои мошингард ва иҷрои босифати нақшаҳои андоз ҷалб карда шуданд. Раиси вилоят гуфтааст, ки дар вилояти Суғд бахшида ба 35-солагии Истиқлол бунёди беш аз 12 ҳаз. иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 90%-и нақша иҷро гардидааст.
https://sputnik.tj/20250714/khujand-miqdori-korkhonaho-sanoati-1068992666.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170036_89:0:1508:1064_1920x0_80_0_0_555151e41d6c7b496fb943d6f3eac534.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақомот, суғд, нимсол
Миллионҳо ва миллиардҳо: натиҷаи кори мақомоти вилояти Суғд дар нимсол чӣ гуна аст?
15:58 16.07.2025 (Навсозишуда: 11:17 17.07.2025) Аз ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якум бармеояд, ки вилоят дар ҳамаи самтҳо бурд кардааст, вале камбудӣ низ ҳаст
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Дар вилояти Суғд аз рушди иҷтимоию иқтисодӣ давоми шаш моҳи соли 2025 натиҷагирӣ карданд.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки таҳти раҳбарии раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода баргузор гардид, бурду бохти соҳаҳои иқтисод, маориф ва иҷтимоъ баррасӣ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси вилоят.
Нақшаи буҷа ва суръати афзоиш 100%
Дар нимсолаи аввал ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 18,1 млрд. сомонӣ расида, суръати афзоиш 132,8%-ро ташкил дод. Миқдори маҳсулоти истеҳсолшаванда ба 253 номгӯй расонида шудааст.
Дар ҳудуди вилоят, 84 корхонаи нав бо 536 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 6,1 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, суръати афзоиш 110,5% таъмин гардид.
Масоҳати кишти зироатҳо 262,8 ҳаз. гектарро ташкил дод. Ҳаҷми сармоягузории асосӣ ба иқтисодиёт ба 1,3 млрд. сомонӣ расида, суръати афзоиш 104% таъмин гардидааст.
Дар ин давра, 215 ҳаз. метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаасту дар соҳаи нақлиёт 23 млн. тонна бор ва 155,5 млн. нафар мусофир кашонида шудааст.
Ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба 10 млрд. сомонӣ расида, содирот 727,2 млн. доллар ва воридот 1,3 млрд. долларро ташкил додааст. Ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ 223,8 млн. долларро ташкил дода, суръати афзоиш 115,9 фоиз таъмин шуд.
Нақшаи даромади буҷа 107,5% таъмин гардида, ба буҷа 3,1 млрд. сомонӣ ворид гардидааст. Дар соҳаи маориф 287 муассисаи томактабӣ бо фарогирии беш аз 48 ҳаз. кӯдак, 962 мактаб бо фарогирии беш аз 578 ҳазор хонанда фаъолият доранд.
Шумораи омӯзгорон 37 ҳазору 610 нафарро ташкил медиҳад. Дар вилоят 944 муассисаи нигаҳдории тандурустии давлатӣ ва 293 муассисаи хусусӣ фаъолият мекунанд.
Ин ҳама қонеъкунанда нест
Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, имкониятҳои мавҷуда дар аксари бахшҳо то ҳол пурра ва мақсаднок истифода нашудаанд.
Ӯ ба масъулин супориш дода, ки ҷиҳати афзун гардонидани нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дар семоҳаи оянда аз тамоми захираву имкониятҳо самаранок истифода намоянд.
Ҳамчунин Аҳмадзода таъкид кардааст, ки захираи маҳсулоти озуқаворӣ барои ду сол дар ҳар оила таъмин карда шавад ва зиёдаравиҳо ҳангоми баргузории маъракаҳо пешгирӣ шавад.
Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар беморхонаҳову мактабҳо, инчунин таҳкими оилаҳо низ масъалаҳои мубрам гуфта шуд.
Дар баробари ин, масъулин барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таъмиру васеъ намудани роҳҳои мошингард ва иҷрои босифати нақшаҳои андоз ҷалб карда шуданд.
Раиси вилоят гуфтааст, ки дар вилояти Суғд бахшида ба 35-солагии Истиқлол бунёди беш аз 12 ҳаз. иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 90%-и нақша иҷро гардидааст.