https://sputnik.tj/20250714/khujand-miqdori-korkhonaho-sanoati-1068992666.html
Хуҷанд миқдори умумии корхонаҳои саноатиашро ба 321 адад расонид
Хуҷанд миқдори умумии корхонаҳои саноатиашро ба 321 адад расонид
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Хуҷанд мегӯяд сарфи назар аз таъсири мушкилиҳои пешомадаи ҷаҳонӣ дар шаш моҳи соли равон 23 корхонаи хурду миёнаи нав ифтитоҳ ёфт
2025-07-14T15:13+0500
2025-07-14T15:13+0500
2025-07-14T15:54+0500
дар тоҷикистон
саноат
суғд
хуҷанд
истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/09/1064253084_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_1e2dcc4aae064c26ed28d660fe768e0c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи чораҳои андешдашуда дар шаш моҳи соли равон 23 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ба истифода дода шуд.Ба иттилои манбаъ, дар ин корхонаҳо 142 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.Қайд карда шудааст, ки ин корхонаҳо бо ҷалби зиёда аз 20 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шудаанд.Мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 321 адад расонида шуд.Ҳамчунин ба иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида дар ин давра ба 922 миллиону 735,5 ҳазор сомонӣ расида, аз ин миқдор 214,7 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст.Ҳамзамон дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 126 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 490,9 млн. сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 82,8 млн. сомонӣ ё 20,3 банди фоизӣ зиёд гаштааст.
https://sputnik.tj/20250421/vazorati-sanoat-pork-sanoati-mushtarak-rusiya-tojikiston-idora-1067067630.html
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/09/1064253084_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_0d5f83325c113684933818927e122ae5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, хуҷанд, истеҳсол, корхона, суғд, корхонаи хурду миёна, ифтитоҳ
тоҷикистон, саноат, хуҷанд, истеҳсол, корхона, суғд, корхонаи хурду миёна, ифтитоҳ
Хуҷанд миқдори умумии корхонаҳои саноатиашро ба 321 адад расонид
15:13 14.07.2025 (Навсозишуда: 15:54 14.07.2025) Мақомоти Хуҷанд мегӯяд сарфи назар аз таъсири мушкилиҳои пешомадаи ҷаҳонӣ дар шаш моҳи соли равон 23 корхонаи хурду миёнаи нав ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи чораҳои андешдашуда дар шаш моҳи соли равон 23 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ба истифода дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин корхонаҳо 142 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
Қайд карда шудааст, ки ин корхонаҳо бо ҷалби зиёда аз 20 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шудаанд.
Мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 321 адад расонида шуд.
“Ин нишондиҳандаҳо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, барои тақвияти соҳа, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулотҳои истеҳсолгардидаистода саҳми босазо гузошта истодааст”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамчунин ба иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд, ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида дар ин давра ба 922 миллиону 735,5 ҳазор сомонӣ расида, аз ин миқдор 214,7 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст.
Ҳамзамон дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 126 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 490,9 млн. сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 82,8 млн. сомонӣ ё 20,3 банди фоизӣ зиёд гаштааст.