https://sputnik.tj/20250715/sud-rektori-sobiqi-donishgohi-khujand-zindon-mahkum-1069004437.html
Суд ректори собиқи Донишгоҳи Хуҷандро ба 7 соли зиндон маҳкум кард
Суд ректори собиқи Донишгоҳи Хуҷандро ба 7 соли зиндон маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Ректори пешини Донишгоҳи Хуҷанд бо ҷурми ришваситонӣ дар ҳаҷми калон равонаи зиндон шудааст
2025-07-15T09:36+0500
2025-07-15T09:36+0500
2025-07-15T09:42+0500
дар тоҷикистон
ришва
ришваситонӣ
ректор
хуҷанд
донишгоҳ
суд
қарори додгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0b/1047547715_0:54:948:587_1920x0_80_0_0_346259e997f2b703a2253c78fd853699.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Аюб Усмонзода, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҷурми гирифтани пора ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.Тавре ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон манобеъ аз суди вилояти Суғд иттилоъ дод, ҳукми додгоҳ рӯзи 26 уми июн дар суди шаҳри Хуҷанд содиршудааст.Собиқ ректор моҳи марти имсол аз ҷониби мақомоти амниятӣ дар вилояти Суғд боздошт шуда буд.Усмонзода дар пайи боздошти Парвиз Пулодӣ декани факултети биология ва химияи донишгоҳ дастгир шуд.Пулодӣ рӯзи 13 уми июн дар пайи шиддат гирифтани бемории қалб дар боздоштгоҳ (СИЗО) даргузашт ва дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт ба хок супурда шуд.Аюб Усмонзода 53-сола буда, унвони профессори улуми таърих аст. Аз соли 2022 то 2025 то замони боздошташ вазифаи ректори донишгоҳро бар уҳда дошт.Моҳи майи соли ҷорӣ ба ҷойи ӯ, Мирзотоҳир Набизода бо Қарори ҳукумат ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров таъйин гардид.
https://sputnik.tj/20250320/rektor-donishgoh-khujand-kumta-amniyat-dastgir-1066650066.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0b/1047547715_0:0:949:712_1920x0_80_0_0_48c287d4103e78ee40e7b97a1731583d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суд, донишгоҳ хуҷанд, додгоҳ, равонаи зиндон, ришваситонӣ, ректор
тоҷикистон, суд, донишгоҳ хуҷанд, додгоҳ, равонаи зиндон, ришваситонӣ, ректор
Суд ректори собиқи Донишгоҳи Хуҷандро ба 7 соли зиндон маҳкум кард
09:36 15.07.2025 (Навсозишуда: 09:42 15.07.2025) Ректори пешини Донишгоҳи Хуҷанд Аюб Усмонзода бо ҷурми ришваситонӣ дар ҳаҷми калон равонаи зиндон шудааст
ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Аюб Усмонзода, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҷурми гирифтани пора ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст.
Тавре ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон манобеъ аз суди вилояти Суғд иттилоъ дод, ҳукми додгоҳ рӯзи 26 уми июн дар суди шаҳри Хуҷанд содиршудааст.
“Парвандаи Аюб Усмонзода бар тибқи моддаи 319, қисми 4 (гирифтани пора ба миқдори калон) Кодекси ҷиноятӣ бандубаст гардида, нисбати ӯ, ҷазои маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол содир шудааст” – гуфт, манбаъ.
Собиқ ректор моҳи марти имсол аз ҷониби мақомоти амниятӣ дар вилояти Суғд боздошт шуда буд.
Усмонзода дар пайи боздошти Парвиз Пулодӣ декани факултети биология ва химияи донишгоҳ дастгир шуд.
Пулодӣ рӯзи 13 уми июн дар пайи шиддат гирифтани бемории қалб дар боздоштгоҳ (СИЗО) даргузашт ва дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт ба хок супурда шуд.
Аюб Усмонзода 53-сола буда, унвони профессори улуми таърих аст. Аз соли 2022 то 2025 то замони боздошташ вазифаи ректори донишгоҳро бар уҳда дошт.
Моҳи майи соли ҷорӣ ба ҷойи ӯ, Мирзотоҳир Набизода бо Қарори ҳукумат ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров таъйин гардид.