https://sputnik.tj/20250320/rektor-donishgoh-khujand-kumta-amniyat-dastgir-1066650066.html
Ректори Донишгоҳи Хуҷандро Кумитаи амният дастгир кардааст
Ректори Донишгоҳи Хуҷандро Кумитаи амният дастгир кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан Донишгоҳи давлатии Хуҷандро мақомот фасодзадатарин унвон карда, ҳамакнун раҳбарияти онро бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир намуданд
2025-03-20T11:55+0500
2025-03-20T11:55+0500
2025-03-20T16:34+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
боздошти гумонбарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/14/1066658407_0:10:2576:1459_1920x0_80_0_0_332a0349544d2596524185652b331c88.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мавриди боздошти мақомот қарор гирифтаастХабари боздошти ректорро манобеъ дар ректорати донишгоҳ ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд. Бино ба иттилоъи манобеъ, Аюб Усмонзода чанд рӯз қабл ба гумони даст доштан дар фасодкорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ дар вилояти Суғд мавриди боздошт қароргирифтааст. Рӯзи гузашта дар ин донишгоҳ аз иди Наврӯз таҷлил карданд. Аз аксҳои нашрнамудаи раёсати донишгоҳ дида мешавад, ки Аюб Усмонзода дар ин он ҳузур надорад ва Наврӯзи донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, деканҳо ва омӯзгорони факултаҳо таҷлил карда шудааст. Аюб Усмонзода 53-сола буда, унвони профессори улумитаърих аст. Аз соли 2022 вазифаи ректори донишгоҳро бар уҳда дорад. То замони боздошти ректор, Парвиз Пӯлодӣ, мудири факултаи биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дастгир шуда, нисбати номбурда аз рӯи чандин моддаҳои Кодекси ҷиноӣ аз ҷумла ришвахорӣ парванда боз шудааст. Эҳтимол меравад, боздошти ду масъули донишгоҳ бо ҳам пайванд дорад. Дар Раёсати донишгоҳ аз шарҳи бештар дар бораи боздошти Аюб Усмонзода худдорӣ карда, танҳо ҳамин қадар мегуянд, ки “умедворем озод мешаванд”. Сафар Салимзода, директори Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд ахиран дар нишасти хабарӣ дар моҳи феврали имсол Донишгоҳи давлатии Хуҷандро муассисае номид, ки мизони ришвахорӣ дар он аз ҳама болост. Ба иттилои ин масъулони мақомот, танҳо дар соли 2024-ум 49 мавриди фасодкорӣ аз сӯи масъулинродар донишгоҳ ошкор карданд.
https://sputnik.tj/20250216/sughd-fasod-shahr-nohiya-guftand-rishvakhor-ziyod-1066246171.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/14/1066658407_0:0:2576:1932_1920x0_80_0_0_c8a3f9eba551c5971a6ad3b8d1b3cea9.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ректори донишгоҳ хуҷанд кумта амният дастгир
ректори донишгоҳ хуҷанд кумта амният дастгир
Ректори Донишгоҳи Хуҷандро Кумитаи амният дастгир кардааст
11:55 20.03.2025 (Навсозишуда: 16:34 20.03.2025) Қаблан Донишгоҳи давлатии Хуҷандро мақомот фасодзадатарин унвон карда, ҳамакнун раҳбарияти онро бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир намуданд
ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мавриди боздошти мақомот қарор гирифтааст
Хабари боздошти ректорро манобеъ дар ректорати донишгоҳ ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Бино ба иттилоъи манобеъ, Аюб Усмонзода чанд рӯз қабл ба гумони даст доштан дар фасодкорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ дар вилояти Суғд мавриди боздошт қароргирифтааст.
“Ду ҳафта ба ин тараф ректор дар кор нестанд” – гуфт манбаъ аз ректорати ДДХ.
Рӯзи гузашта дар ин донишгоҳ аз иди Наврӯз таҷлил карданд. Аз аксҳои нашрнамудаи раёсати донишгоҳ дида мешавад, ки Аюб Усмонзода дар ин он ҳузур надорад ва Наврӯзи донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, деканҳо ва омӯзгорони факултаҳо таҷлил карда шудааст.
Аюб Усмонзода 53-сола буда, унвони профессори улумитаърих аст. Аз соли 2022 вазифаи ректори донишгоҳро бар уҳда дорад.
То замони боздошти ректор, Парвиз Пӯлодӣ, мудири факултаи биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дастгир шуда, нисбати номбурда аз рӯи чандин моддаҳои Кодекси ҷиноӣ аз ҷумла ришвахорӣ парванда боз шудааст.
Эҳтимол меравад, боздошти ду масъули донишгоҳ бо ҳам пайванд дорад.
Дар Раёсати донишгоҳ аз шарҳи бештар дар бораи боздошти Аюб Усмонзода худдорӣ карда, танҳо ҳамин қадар мегуянд, ки “умедворем озод мешаванд”.
Сафар Салимзода, директори Ожонси мубориза бо фасод дар вилояти Суғд ахиран дар нишасти хабарӣ дар моҳи феврали имсол Донишгоҳи давлатии Хуҷандро муассисае номид, ки мизони ришвахорӣ дар он аз ҳама болост.
Ба иттилои ин масъулони мақомот, танҳо дар соли 2024-ум 49 мавриди фасодкорӣ аз сӯи масъулинродар донишгоҳ ошкор карданд.