https://sputnik.tj/20250715/khokbod-tojikistonro-ghubor-hifz-1069014830.html
"Камарбанди сабз" муқобили хокбод: чӣ тавр Тоҷикистонро аз ғубор ҳифз кардан мумкин аст
"Камарбанди сабз" муқобили хокбод: чӣ тавр Тоҷикистонро аз ғубор ҳифз кардан мумкин аст
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносон роҳи наҷоти кишвар аз "боди афғон" ва дигар паёмадҳои манфии тағйири иқлим дар минтақаро дар шинондани дарахтони нав мебинанд
2025-07-15T16:01+0500
2025-07-15T16:01+0500
2025-07-15T18:36+0500
таҳлил
дар тоҷикистон
обу ҳаво
чангу ғубор
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067035997_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_7e7b3f14641120ff266eeaa3a24e9844.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik, Муаззам Норова. Тӯфонҳои чангу ғубор Тоҷикистонро торафт бештар фаро мегиранд, осмони кабуд бо қабати ғафси ғуборолуд печида мешавад, нафаскашӣ душвор мешавад ва шаҳрро чангу ғубор фаро мегирад. Чунин инҷиқии табиат ба як тамоюли ваҳшатангез табдил меёбад, ки яке аз сабабҳои аслии онро хушк шудани баҳри Арал медонанд. Қабл аз қисман хушкшавӣ ин баҳр чангу ғуборро нигоҳ медошт, ҳоло бошад ба ҷои он биёбони азими шӯрхок ба вуҷуд омадааст, ки шамол аз он ҷо зарраҳои чангу ғуборро ба масофаи ҳазорон километр, аз ҷумла ба Тоҷикистон мебарад.Аммо, мушкил на танҳо дар баҳри Арал аст, ин кӯли азим даҳҳо сол пеш хушк шуда буд, аммо мушкили чангу ғубор дар се-панҷ соли охир авҷ гирифтааст. Хокбодҳо, ки Тоҷикистону Ӯзбекистонро фаро мегиранд, бар асари оқибатҳои буридани ҷангалҳо, харобшавии чарогоҳҳо, шароити бади хок ва дигар тағйироти иқлимӣ бештар мешаванд. Дар даҳсолаҳои охир Тоҷикистон бештар бо тағирёбии иқлим рӯбарӯ шудааст, ки бо болоравии ҳарорат, хушксолиҳои зуд-зуд ва ҳаводиси шадиди обу ҳаво, аз ҷумла тӯфонҳои чангӣ зоҳир мешавад. Ин дигаргуниҳо махсусан дар навоҳии ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ бештар мушоҳида мегарданд.Вуруди тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон зиёд шудааст: мутахассис гуфт, чӣ зарар дорадМувофиқи маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи солона 0,8—1,2°С баландтар шудааст. Дар баробари ин марҳилаҳои хушксолӣ зиёдтар шуда, зуд-зуд ба амал омадани ҳодисаҳои хокбоду чангу ғубор зиёд шуданд. Ин ҳодисаҳо дар Шохиси сифати ҳаво (Air Quality Index — AQI) ,- нишондиҳандаи ададӣ, ки барои арзёбии дараҷаи тозагӣ ё ифлосшавии ҳаво дар як минтақаи мушаххас истифода мешавад, ба таври равшан инъикос ёфтааст. Дар пойтахти Тоҷикистон ин нишондод дар фасли тобистон бештар чун "барои гурӯҳҳои алоҳида зараровар" арзёбӣ мегардад. Чунончӣ, ҳангоми навиштани ин мавод, консентратсияи PM2.5 (зарраҳои хурд) аз нишондиҳандаҳои миёнаи солонаи тавсиякардаи Ташкилоти Ҷаҳонии Тандурустӣ 6,6 маротиба зиёдтар буд. Иқлимшиносон ва фаъолони ҳифзи муҳити зисти тоҷик ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи то ҳадди имкон кам кардани оқибатҳои хокбод ва чӣ гуна онро анҷом додан, чунин ибрози ақида намуданд. Чунончӣ, ба қавли иқлимшинос Умар Аҳмадов, сифати ҳаво дар шаҳрҳо дар натиҷаи таъсири мутақобилаи мураккаби омилҳои табиӣ ва антропогенӣ ба вуҷуд меояд. Масалан, сокинони шаҳрҳо, ки дар наздикии сохтмонҳои калон ё иншооти калони истеҳсолӣ (масалан, заводи кӯҳнаи сементи Душанбе) зиндагӣ мекунанд, ба ғайр аз хокбодҳои даврӣ, ба чангу ғубори майдаи бинокорӣ дучор мешаванд. Аммо, агар аз ҷиҳати назариявӣ аз ифлосшавии техногенӣ бо роҳи якчанд километр дуртар шудан аз он наҷот ёфтан мумкин бошад, пас аз тӯфонҳои чангу ғубор ягон нафар дар канор намемонад. "Ифлосшавии ҳаво бо зарраҳои майда ба саломатии бештари одамон таъсири манфӣ мерасонад, зеро ҳадди бехатаре вуҷуд надорад, ки пасттар аз он таъсири ин омехтаҳо хатарнок набошанд. Зарраҳои чанг ба роҳҳои нафас таъсир расонда, метавонанд бемориҳоро ба мисли бронхит, эмфизема, бемориҳои дилу рагҳо, сироятҳои чашм ва касалиҳои пӯст, менингитҳо ва ғайраро ба вуҷуд оранд. Бидуни ин тӯфони чангу ғубор метавонад сабаби ғайримустақими марг ва захм бардоштан шавад, ки бо коҳиши дидан ва садамаҳои нақлиётӣ алоқаманд аст”, - таъкид мекунад Аҳмадов. Нишондиҳандаи дигари иқлимӣ, ки самтҳои бартарӣ ва басомади ҷараёни ҳаворо дар як минтақаи мушаххас инъикос мекунад, самти бод мебошад. Маҳз самти бод, ки самти ҳаракати массаи ҳаворо муайян мекунад ва дар паҳн ва шиддати тӯфонҳои чангу ғубор нақши муҳим мебозад. Ҳамин тариқ, самти ҷуғрофӣ ва рушди маҳалҳои аҳолинишин бояд самти шамолро ба инобат гирад, то ки чангу ғуборе, ки ба маҳалҳои истиқоматӣ ворид мешавад, кам карда шавад ва сифати ҳаво беҳтар гардад.Ба гуфтаи Шоҳрух Абдуллоев, як муҳитшиноси дигар, маҳз мушкилоти саломатӣ ӯро водор кардааст, ки мушкилоти иқлими Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро фаъолона таҳқиқ кунад. "Баробари дарки ҷиддияти мушкилоти муҳити зист ман фаъоли экологӣ шудам. Баъди ба Душанбе кӯчиданам ба мавзӯи мубориза бо тӯфонҳои чангу ғубор шавқ пайдо кардам ва дар вақти яке аз хокбодҳо фаҳмидам, ки ман ба чанг аллергияи ҷиддӣ дорам. Бо дарки он, ки барои беморони дучори аллергия ва астма чӣ қадар мушкил аст, қарор додам, ки дар бораи оқибатҳои ин тӯфон ба мардум бештар маълумот диҳам, ки чӣ гуна бо он мубориза баранд, то онҳо фаҳманд, ки тӯфони чанг чист ва саломатии худро чӣ гуна муҳофизат кунанд",-гуфт ӯ. Дар самти тадбирҳои воқеӣ ва дастраси ҳифзи шаҳр ва сокинони он бошад, роҳи соддатарин ва муассир ин зиёд кардани майдони дарахтзор дар ҳудуди шаҳр аст. "Бунёд сохтани "камарбанди сабз" яке аз усулҳои муассири мубориза бо мушкилоти экологӣ, аз қабили ифлосшавии ҳаво, офатҳои табиӣ ва аз байн рафтани гуногунии биологӣ мебошад. Дарахтҳо ҳамчун филтри табиӣ амал мекунанд ва ҳавои ифлосро тоза мекунанд. Барқарор кардани ҷангалҳо ва бунёди "камарбандҳои сабз" метавонад як садди табиие бошад, ки тавассути тоза кардани ҳаво аз чангу ғубор роҳи хокборо бигирад", – мегӯяд Шоҳрух Абдуллоев.Коршиносон даъват намуданд, ки муносибати глобалӣ ба масъалаи пиряхҳо тағйир дода шавадБа гуфтаи ӯ, айни замон дар маркази пайдоиши онҳо дар қаъри хушкшудаи баҳри Арал ва биёбонҳои Қайроқуму Қизилқум дар кишварҳои ҳамсоя таҷриба барои мубориза бо тӯфони чангу ғубор ҷараён дорад. Ҳамин тавр, дар қаламрави қазоқистонии баҳри хушкшудаи Арал барои мубориза бо хокбод шинондани саксавул — буттаҳои ба иқлими хушк мутобиқшуда анҷом дода мешавад. Пешбинӣ шудааст, ки дар майдони ним миллион гектар саксавул шинонда шуда, он ба пайдо шудани хокбод имкон намедиҳад. Шоҳрух Абдуллоев таъкид мекунад, ки дар пайравӣ аз Қазоқистон дар мубориза бо тӯфони чангу ғубор дар қаламрави баҳри Арал, бояд ҷангалҳои Тоҷикистонро низ барқарор карда, теъдоди "камарбанди сабз"-ро дар кишвар афзоиш дод. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ ду раванди ба ҳам зид мушоҳида карда мешавад. Аз як тараф, аксар вақт дар шаҳрҳо майдонҳои сабзи кӯҳна ба манфиати сохтмонҳои калон ва барои азхудкунии минтақаҳои нави сохтмонӣ, бурида мешаванд. Оқибатҳои манфии инро бештар сокинони Душанбе ва Хуҷанд эҳсос мекунанд, ки нисбат ба дигар шаҳрвандони кишвар аз тундбоди ғубор камтар эмин ҳастанд. Аз сӯи дигар, тайи 4-5 соли ахир мақомот барои кабудизоркунӣ ва шинондани чанд миллион ниҳоли дарахт дар манотиқи осебпазири чангу ғубор чанд барномаи густурда қабул кардаанд. Аммо, таъсири мусбати ин ниҳолҳо ҳадди аққал дар ибтидои солҳои 2030 ва эҳтимолан дар миёнаҳои аср намоён хоҳад шуд. Мувофиқи пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ маҳз дар ин вақт афзоиши партовҳои зарраҳо пешгӯӣ карда мешавад, зеро ҳарорат дар тамоми қаламрав аз биёбони Гоби то Осиёи Марказӣ боло меравад.Аз пиряхҳои Тоҷикистон чӣ боқӣ мондааст: оморДар баробари ин худи шамол, ки чангу ғубор мебарад, дар айни замон шарти муҳим ва зарурии мустаҳкам намудани ин гуна "камарбандҳои сабз" мебошад. Умар Аҳмадов ба унвони мисол таҷрибаи "Биосфера-2"-ро, ки дар авохири қарни XX анҷом шуда буд, мисол меорад: 8 нафар одам, ҳайвонот ва гиёҳҳои гуногунро дар озмоишгоҳи пӯшидаи масоҳати умумии 1,5 гектар ҷойгир карда буданд, то бисанҷанд, ки оё дар чунин шароит зиндагӣ кардан мумкин аст ё на. Ҳама чиз то хурдтарин ҷузъиёт пешбинӣ шуда буд, ба истиснои мавҷудияти шамол. Ва ногаҳон маълум шуд, ки барои растаниҳо ҳамеша эҳсос кардани таъсири ҷараёнҳои ҳаво муҳим аст, ки онҳо дар мубодилаи гази фазои сабз нақши бузург доранд, бидуни шамол, дарахтон осебпазир мешаванд. Яке аз монеаҳои калон дар мубориза бо паёмадҳо ва сабабҳои тӯфони чангу ғубор, ба гуфтаи фаъолони муҳити зист, огоҳии пасти мардум аст. Сухан дар бораи қоидаҳои маъмултарин меравад, яъне ҳангоми ин ҳодисаҳо тирезаҳоро накушодан, бе зарурат ба берун набаромадан ва дар ҳолати зарурӣ танҳо бо ниқобҳои муҳофизатӣ баромадан. Баъзан фаъолон кӯшиш мекунанд, ки ин масъаларо тавассути ташаббусҳои экологии ҷавонон ҳал кунанд. Аз ҷумла, Шоҳрух Абдуллоев аз лоиҳаи EcoTUT оид ба шинондани дарахтон чӣ дар Душанбе ва чӣ дар шаҳрҳои дигари кишвар ёдовар шуд. "Мо аҳамияти дарахтонро дар мубориза бо тӯфони чангу ғубор ва ифлосшавии ҳаво дар маҷмӯъ дарк карда, саъй дорем, ки дар афзоиши шумораи онҳо саҳм гузорем. Аммо паёми асосие, ки мехоҳам ба ҷомеа бирасонам, ин аст, ки мо набояд дар масъалаҳои экологӣ дар канор бимонем, зеро онҳо ҳамаи моро ба ташвиш оварда, барои ҳалли онҳо талоши дастаҷамъона зарур аст. Бояд ҳар як шахс ҷиддият ва паёмадҳои онҳоро дарк кунад ва ба муқобили онҳо мубориза барад", - иброз медорад фаъоли ҳифзи муҳити зист.
https://sputnik.tj/20231210/rosatom-partov-urani-tojikiston-bezarar-1060812687.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067035997_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_df7adf7a65157dbb6308aeef7d908307.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чангу ғубор, ҳифз,
тоҷикистон, чангу ғубор, ҳифз,
"Камарбанди сабз" муқобили хокбод: чӣ тавр Тоҷикистонро аз ғубор ҳифз кардан мумкин аст
16:01 15.07.2025 (Навсозишуда: 18:36 15.07.2025) Эксклюзив
Коршиносон роҳи наҷоти кишвар аз "боди афғон" ва дигар паёмадҳои манфии тағйири иқлим дар минтақаро дар шинондани дарахтони нав мебинанд
ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik, Муаззам Норова. Тӯфонҳои чангу ғубор Тоҷикистонро торафт бештар фаро мегиранд, осмони кабуд бо қабати ғафси ғуборолуд печида мешавад, нафаскашӣ душвор мешавад ва шаҳрро чангу ғубор фаро мегирад.
Чунин инҷиқии табиат ба як тамоюли ваҳшатангез табдил меёбад, ки яке аз сабабҳои аслии онро хушк шудани баҳри Арал медонанд. Қабл аз қисман хушкшавӣ ин баҳр чангу ғуборро нигоҳ медошт, ҳоло бошад ба ҷои он биёбони азими шӯрхок ба вуҷуд омадааст, ки шамол аз он ҷо зарраҳои чангу ғуборро ба масофаи ҳазорон километр, аз ҷумла ба Тоҷикистон мебарад.
Аммо, мушкил на танҳо дар баҳри Арал аст, ин кӯли азим даҳҳо сол пеш хушк шуда буд, аммо мушкили чангу ғубор дар се-панҷ соли охир авҷ гирифтааст. Хокбодҳо, ки Тоҷикистону Ӯзбекистонро фаро мегиранд, бар асари оқибатҳои буридани ҷангалҳо, харобшавии чарогоҳҳо, шароити бади хок ва дигар тағйироти иқлимӣ бештар мешаванд.
Дар даҳсолаҳои охир Тоҷикистон бештар бо тағирёбии иқлим рӯбарӯ шудааст, ки бо болоравии ҳарорат, хушксолиҳои зуд-зуд ва ҳаводиси шадиди обу ҳаво, аз ҷумла тӯфонҳои чангӣ зоҳир мешавад. Ин дигаргуниҳо махсусан дар навоҳии ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ бештар мушоҳида мегарданд.
Мувофиқи маълумоти Оҷонсии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи солона 0,8—1,2°С баландтар шудааст. Дар баробари ин марҳилаҳои хушксолӣ зиёдтар шуда, зуд-зуд ба амал омадани ҳодисаҳои хокбоду чангу ғубор зиёд шуданд. Ин ҳодисаҳо дар Шохиси сифати ҳаво (Air Quality Index — AQI) ,- нишондиҳандаи ададӣ, ки барои арзёбии дараҷаи тозагӣ ё ифлосшавии ҳаво дар як минтақаи мушаххас истифода мешавад, ба таври равшан инъикос ёфтааст.
Дар пойтахти Тоҷикистон ин нишондод дар фасли тобистон бештар чун "барои гурӯҳҳои алоҳида зараровар" арзёбӣ мегардад. Чунончӣ, ҳангоми навиштани ин мавод, консентратсияи PM2.5 (зарраҳои хурд) аз нишондиҳандаҳои миёнаи солонаи тавсиякардаи Ташкилоти Ҷаҳонии Тандурустӣ 6,6 маротиба зиёдтар буд.
Иқлимшиносон ва фаъолони ҳифзи муҳити зисти тоҷик ба
Sputnik Тоҷикистон дар бораи то ҳадди имкон кам кардани оқибатҳои хокбод ва чӣ гуна онро анҷом додан, чунин ибрози ақида намуданд.
Чунончӣ, ба қавли иқлимшинос Умар Аҳмадов, сифати ҳаво дар шаҳрҳо дар натиҷаи таъсири мутақобилаи мураккаби омилҳои табиӣ ва антропогенӣ ба вуҷуд меояд. Масалан, сокинони шаҳрҳо, ки дар наздикии сохтмонҳои калон ё иншооти калони истеҳсолӣ (масалан, заводи кӯҳнаи сементи Душанбе) зиндагӣ мекунанд, ба ғайр аз хокбодҳои даврӣ, ба чангу ғубори майдаи бинокорӣ дучор мешаванд.
Аммо, агар аз ҷиҳати назариявӣ аз ифлосшавии техногенӣ бо роҳи якчанд километр дуртар шудан аз он наҷот ёфтан мумкин бошад, пас аз тӯфонҳои чангу ғубор ягон нафар дар канор намемонад.
"Ифлосшавии ҳаво бо зарраҳои майда ба саломатии бештари одамон таъсири манфӣ мерасонад, зеро ҳадди бехатаре вуҷуд надорад, ки пасттар аз он таъсири ин омехтаҳо хатарнок набошанд. Зарраҳои чанг ба роҳҳои нафас таъсир расонда, метавонанд бемориҳоро ба мисли бронхит, эмфизема, бемориҳои дилу рагҳо, сироятҳои чашм ва касалиҳои пӯст, менингитҳо ва ғайраро ба вуҷуд оранд. Бидуни ин тӯфони чангу ғубор метавонад сабаби ғайримустақими марг ва захм бардоштан шавад, ки бо коҳиши дидан ва садамаҳои нақлиётӣ алоқаманд аст”, - таъкид мекунад Аҳмадов.
Нишондиҳандаи дигари иқлимӣ, ки самтҳои бартарӣ ва басомади ҷараёни ҳаворо дар як минтақаи мушаххас инъикос мекунад, самти бод мебошад. Маҳз самти бод, ки самти ҳаракати массаи ҳаворо муайян мекунад ва дар паҳн ва шиддати тӯфонҳои чангу ғубор нақши муҳим мебозад.
Ҳамин тариқ, самти ҷуғрофӣ ва рушди маҳалҳои аҳолинишин бояд самти шамолро ба инобат гирад, то ки чангу ғуборе, ки ба маҳалҳои истиқоматӣ ворид мешавад, кам карда шавад ва сифати ҳаво беҳтар гардад.
Ба гуфтаи Шоҳрух Абдуллоев, як муҳитшиноси дигар, маҳз мушкилоти саломатӣ ӯро водор кардааст, ки мушкилоти иқлими Тоҷикистон ва Осиёи Марказиро фаъолона таҳқиқ кунад.
"Баробари дарки ҷиддияти мушкилоти муҳити зист ман фаъоли экологӣ шудам. Баъди ба Душанбе кӯчиданам ба мавзӯи мубориза бо тӯфонҳои чангу ғубор шавқ пайдо кардам ва дар вақти яке аз хокбодҳо фаҳмидам, ки ман ба чанг аллергияи ҷиддӣ дорам. Бо дарки он, ки барои беморони дучори аллергия ва астма чӣ қадар мушкил аст, қарор додам, ки дар бораи оқибатҳои ин тӯфон ба мардум бештар маълумот диҳам, ки чӣ гуна бо он мубориза баранд, то онҳо фаҳманд, ки тӯфони чанг чист ва саломатии худро чӣ гуна муҳофизат кунанд",-гуфт ӯ.
Дар самти тадбирҳои воқеӣ ва дастраси ҳифзи шаҳр ва сокинони он бошад, роҳи соддатарин ва муассир ин зиёд кардани майдони дарахтзор дар ҳудуди шаҳр аст.
"Бунёд сохтани "камарбанди сабз" яке аз усулҳои муассири мубориза бо мушкилоти экологӣ, аз қабили ифлосшавии ҳаво, офатҳои табиӣ ва аз байн рафтани гуногунии биологӣ мебошад. Дарахтҳо ҳамчун филтри табиӣ амал мекунанд ва ҳавои ифлосро тоза мекунанд. Барқарор кардани ҷангалҳо ва бунёди "камарбандҳои сабз" метавонад як садди табиие бошад, ки тавассути тоза кардани ҳаво аз чангу ғубор роҳи хокборо бигирад", – мегӯяд Шоҳрух Абдуллоев.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар маркази пайдоиши онҳо дар қаъри хушкшудаи баҳри Арал ва биёбонҳои Қайроқуму Қизилқум дар кишварҳои ҳамсоя таҷриба барои мубориза бо тӯфони чангу ғубор ҷараён дорад. Ҳамин тавр, дар қаламрави қазоқистонии баҳри хушкшудаи Арал барои мубориза бо хокбод шинондани саксавул — буттаҳои ба иқлими хушк мутобиқшуда анҷом дода мешавад.
Пешбинӣ шудааст, ки дар майдони ним миллион гектар саксавул шинонда шуда, он ба пайдо шудани хокбод имкон намедиҳад. Шоҳрух Абдуллоев таъкид мекунад, ки дар пайравӣ аз Қазоқистон дар мубориза бо тӯфони чангу ғубор дар қаламрави баҳри Арал, бояд ҷангалҳои Тоҷикистонро низ барқарор карда, теъдоди "камарбанди сабз"-ро дар кишвар афзоиш дод.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ ду раванди ба ҳам зид мушоҳида карда мешавад. Аз як тараф, аксар вақт дар шаҳрҳо майдонҳои сабзи кӯҳна ба манфиати сохтмонҳои калон ва барои азхудкунии минтақаҳои нави сохтмонӣ, бурида мешаванд.
Оқибатҳои манфии инро бештар сокинони Душанбе ва Хуҷанд эҳсос мекунанд, ки нисбат ба дигар шаҳрвандони кишвар аз тундбоди ғубор камтар эмин ҳастанд. Аз сӯи дигар, тайи 4-5 соли ахир мақомот барои кабудизоркунӣ ва шинондани чанд миллион ниҳоли дарахт дар манотиқи осебпазири чангу ғубор чанд барномаи густурда қабул кардаанд.
Аммо, таъсири мусбати ин ниҳолҳо ҳадди аққал дар ибтидои солҳои 2030 ва эҳтимолан дар миёнаҳои аср намоён хоҳад шуд. Мувофиқи пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ маҳз дар ин вақт афзоиши партовҳои зарраҳо пешгӯӣ карда мешавад, зеро ҳарорат дар тамоми қаламрав аз биёбони Гоби то Осиёи Марказӣ боло меравад.
Дар баробари ин худи шамол, ки чангу ғубор мебарад, дар айни замон шарти муҳим ва зарурии мустаҳкам намудани ин гуна "камарбандҳои сабз" мебошад.
Умар Аҳмадов ба унвони мисол таҷрибаи "Биосфера-2"-ро, ки дар авохири қарни XX анҷом шуда буд, мисол меорад: 8 нафар одам, ҳайвонот ва гиёҳҳои гуногунро дар озмоишгоҳи пӯшидаи масоҳати умумии 1,5 гектар ҷойгир карда буданд, то бисанҷанд, ки оё дар чунин шароит зиндагӣ кардан мумкин аст ё на. Ҳама чиз то хурдтарин ҷузъиёт пешбинӣ шуда буд, ба истиснои мавҷудияти шамол. Ва ногаҳон маълум шуд, ки барои растаниҳо ҳамеша эҳсос кардани таъсири ҷараёнҳои ҳаво муҳим аст, ки онҳо дар мубодилаи гази фазои сабз нақши бузург доранд, бидуни шамол, дарахтон осебпазир мешаванд.
Яке аз монеаҳои калон дар мубориза бо паёмадҳо ва сабабҳои тӯфони чангу ғубор, ба гуфтаи фаъолони муҳити зист, огоҳии пасти мардум аст. Сухан дар бораи қоидаҳои маъмултарин меравад, яъне ҳангоми ин ҳодисаҳо тирезаҳоро накушодан, бе зарурат ба берун набаромадан ва дар ҳолати зарурӣ танҳо бо ниқобҳои муҳофизатӣ баромадан.
Баъзан фаъолон кӯшиш мекунанд, ки ин масъаларо тавассути ташаббусҳои экологии ҷавонон ҳал кунанд. Аз ҷумла, Шоҳрух Абдуллоев аз лоиҳаи EcoTUT оид ба шинондани дарахтон чӣ дар Душанбе ва чӣ дар шаҳрҳои дигари кишвар ёдовар шуд.
"Мо аҳамияти дарахтонро дар мубориза бо тӯфони чангу ғубор ва ифлосшавии ҳаво дар маҷмӯъ дарк карда, саъй дорем, ки дар афзоиши шумораи онҳо саҳм гузорем. Аммо паёми асосие, ки мехоҳам ба ҷомеа бирасонам, ин аст, ки мо набояд дар масъалаҳои экологӣ дар канор бимонем, зеро онҳо ҳамаи моро ба ташвиш оварда, барои ҳалли онҳо талоши дастаҷамъона зарур аст. Бояд ҳар як шахс ҷиддият ва паёмадҳои онҳоро дарк кунад ва ба муқобили онҳо мубориза барад", - иброз медорад фаъоли ҳифзи муҳити зист.