https://sputnik.tj/20250712/vurud-tufon-chang-ghubuor-tojikiston-ziyod-mutakhassis-zarar-1068910087.html
Вуруди тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон зиёд шудааст: мутахассис гуфт, чӣ зарар дорад
Вуруди тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон зиёд шудааст: мутахассис гуфт, чӣ зарар дорад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барасари тағйири иқлим ва таъсири омилҳои метеорологӣ тӯфони ғуборбор бештар шудааст, мегӯяд намояндаи Агентии обуҳавошиносии кишвар
2025-07-12T17:25+0500
2025-07-12T17:25+0500
2025-07-15T13:35+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
агентии ҳавосанҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067035997_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_7e7b3f14641120ff266eeaa3a24e9844.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои пурғубор бештару бештар мешавад. Мизони вуруди чангу ғубор ба фазои Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.Танҳо дар зарфи шаш моҳи гузашта 38 маротиба вуруди тӯфони чангу ғубор ба кишвар сабт шуд, гуфтааст Сангинмурод Самиев, сардори раёсати назорати муҳити зисти Агентии обуҳавошиносӣ ба “Ховар”.Ба иттилои манбаъ, ин нишондод дар ҳамин давраи соли қаблӣ 35 маротиба мушоҳида шуда буд.Ба гуфтаи мутахассис, тӯфони чангу ғубор бахусус дар фасли баҳор мушоҳида шуд.Ба таъкиди Самиев чангу ғубор аз шимоли Афғонистон, аз биёбонҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ, Эрону Туркманистон ва аз шимолу ғарб аз минтақаҳои хушкшудаи баҳри Арал ба Тоҷикистон ворид мешавад.“Дар таркиби ғубори баҳри Арал намакҳо ва дигар моддаҳо мавҷуд аст, ки боиси об шудани пирях шудааст”, - гуфт намояндаи Агентии обуҳавошиносӣ.Ҳамчунин ба таъкиди ӯ, чунин чангу ғубор ба парвариши меваю сабзавот ва нахуд низ таъсири манфй расонда, боиси паст шудани сифати нахи пахта мегардад.
https://sputnik.tj/20250531/sheralizoda-piryakh-tojikiston-mushkilot-tashvishovar-nomid-1067586742.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067035997_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_df7adf7a65157dbb6308aeef7d908307.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вуруд тӯфон чанг ғубуор тоҷикистон зиёд мутахассис зарар
вуруд тӯфон чанг ғубуор тоҷикистон зиёд мутахассис зарар
Вуруди тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон зиёд шудааст: мутахассис гуфт, чӣ зарар дорад
17:25 12.07.2025 (Навсозишуда: 13:35 15.07.2025) Дар Тоҷикистон барасари тағйири иқлим ва таъсири омилҳои метеорологӣ тӯфони ғуборбор бештар шудааст, мегӯяд намояндаи Агентии обуҳавошиносии кишвар
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои пурғубор бештару бештар мешавад. Мизони вуруди чангу ғубор ба фазои Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Танҳо дар зарфи шаш моҳи гузашта 38 маротиба вуруди тӯфони чангу ғубор ба кишвар сабт шуд, гуфтааст Сангинмурод Самиев, сардори раёсати назорати муҳити зисти Агентии обуҳавошиносӣ ба “Ховар”.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондод дар ҳамин давраи соли қаблӣ 35 маротиба мушоҳида шуда буд.
Ба гуфтаи мутахассис, тӯфони чангу ғубор бахусус дар фасли баҳор мушоҳида шуд.
Ба таъкиди Самиев чангу ғубор аз шимоли Афғонистон, аз биёбонҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ, Эрону Туркманистон ва аз шимолу ғарб аз минтақаҳои хушкшудаи баҳри Арал ба Тоҷикистон ворид мешавад.
“Дар таркиби ғубори баҳри Арал намакҳо ва дигар моддаҳо мавҷуд аст, ки боиси об шудани пирях шудааст”, - гуфт намояндаи Агентии обуҳавошиносӣ.
Ҳамчунин ба таъкиди ӯ, чунин чангу ғубор ба парвариши меваю сабзавот ва нахуд низ таъсири манфй расонда, боиси паст шудани сифати нахи пахта мегардад.