Сокинони Душанбе бо хӯрокҳои миллии Покистон ошно шуданд - видео

Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе бо ҳузури садҳо меҳмонону сокинони пойтахт Фестивали хӯрокҳои миллии Покистон баргузор гардид
Ахиран дар Майдони шаршараи назди "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт Фестивали хӯрокҳои миллии Покистон баргузор гардид.
Дар фестивал навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллии покистонӣ пешниҳод гардиданд, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон пайдо карданд аз таъми лазизи онҳо баҳра бубаранд.
Дар ин рӯз навъҳои гуногуни таомҳои бирёнӣ, самбӯса, ҳалво, лаҳмаҷун пешниҳод шуд.
Ҳамчунин барои иштирокдорони Фестивали хӯрокҳои миллии Покистон барномаи фарҳангӣ бо пешниҳоди сурудҳои тоҷикӣ ва покистонӣ баргузор шуд.
Гуфтугӯи телефонии вузарои хориҷаи Тоҷикистону Покистон: Ду вазир чиро баррасӣ карданд?
Ҳадаф аз баргузории ин фестивал шиносоии мардум бо фарҳанги ғании таомҳои покистонӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангиву дӯстона байни ду мамлакат ва тақвияти ҳамкории фарҳангӣ мебошад.
Ин фестивал бо ташаббуси сафорати Покистон дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0