Дар Русия барои муҳоҷирон боҷҳои иловагӣ ҷорӣ мешавад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкЗдание Государственной Думы РФ
Здание Государственной Думы РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2025
Обуна шудан
Думаи давлатии Русия дар ҳафтаи ҷорӣ лоиҳаи қонун дар бораи боҷҳои иловагӣ барои муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҳафтаи равон вакилони Думаи давлатӣ лоиҳаҳаи қонун дар бораи ҷорӣ кардани боҷҳои нави давлатӣ барои сабти номи муҳоҷирон баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ин бора раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин дар шабакаи Telegram-и худ хабар дод.
"Ин ҳафта мо ба баррасии лоиҳаҳое қонунҳое шурӯъ мекунем, ки барои муҳоҷирон боҷи иловагии давлатӣ ҷорӣ мекунанд", - навиштааст Володин.
Ташаббусҳо дар бораи боло бурдани қимати додани патент то 4200 рубл, азнавбақайдгирии патент ё тамдиди иҷозаи кор баррасӣ хоҳанд шуд.
Арзиши патенти такрорӣ ё иҷозатномаи корӣ 2100 рублро ташкил хоҳад дод.
Ба гуфтаи раиси Думаи давлатии Русия, пешниҳод шудааст, ки як қатор боҷҳои дигари давлатӣ: барои бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ дар ҷои будубош, барои сабти ном дар ҷои истиқомат, тамдиди муҳлати будубоши муваққатӣ дар Русия, анҷом додани амалҳои бақайдгирии марбут ба мошинҳо ва воситаҳои нақлиёт ва ғайра баррасӣ шавад.
Выдача разрешения на работу в России иностранным гражданам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2025
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Ҳузури худро қонунӣ кунед вагарна баъд ду моҳ депорт мешавед
"Ҳамаи ин на танҳо воридшавии маблағ ба буҷаро афзоиш медиҳад, балки ҳамчунин назоратро аз болои муҳоҷирон пурзӯр мекунад ва маҳалли зисти воқеии онҳоро муқаррар мекунад. Ин дар навбати худ ба коҳиши мизони муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат мекунад", - гуфт Володин.
Лоиҳаҳои қонун бо ташаббуси ҳукумати Русия таҳия шудааст. Тавре дар Девони Вазирон қайд шудааст, афзоиши боҷи давлатӣ ба зарурати ба назар гирифтани таваррум ва шароити тағйирёбандаи иқтисодӣ, инчунин навсозии арзиши хизматрасониҳои давлатӣ вобаста аст.
Лентаи хабарҳо
0