https://sputnik.tj/20250714/hushdori-maqomot-muhojiron-qonuni-deport-1068986258.html
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Ҳузури худро қонунӣ кунед вагарна баъд ду моҳ депорт мешавед
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Ҳузури худро қонунӣ кунед вагарна баъд ду моҳ депорт мешавед
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагии вазорати меҳнат дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват доранд, ки ҳузури худро дар Русияқонунӣ кунанд ё ин кишварро давоми ду моҳ тарк намоянд
2025-07-14T12:13+0500
2025-07-14T12:13+0500
2025-07-14T16:13+0500
русия
дар русия
дар тоҷикистон
муҳоҷират
ҳуқуқ
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0a/1066926106_0:211:3072:1939_1920x0_80_0_0_ca083c62b494efd60f591cee5b16f953.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистан дар Русия хабар додааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доранд, танҳо 2 моҳ барои танзими мақоми ҳуқуқии худ доранд.Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардааст, ки агар дар ин муддат ҳузури худро қонунӣ накунанд қаламрави Русия ихтиёран тарк намоянд.Намояндагии вазорат қайд кардааст, ки дар акси ҳол, нисбати муҳоҷирон чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Русия дар оянда татбиқ мегарданд.Бояд таъкид кард, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони раисҷумҳури Русия, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад.Пас аз 10 сентябри соли 2025 танзими мақоми ҳуқуқӣ ғайриимкон мегардад.Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Русия, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ ба филиали ФГУП "ПВС" ВКД Русия, МБМ "Сахарово"-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Маскав иқомат доранд) ва наздиктарин шӯъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Русия муроҷиат намоянд.Ин ниҳод таъкид кардааст, ки дар ҳолати мушкилот пайдо кардан ва дигар суолҳо ба идораҳои намояндагӣ ё мақомоти расмӣ муроҷиат намоянд.
https://sputnik.tj/20250710/vakili-duma-qavonin-muhojirat-parlumon-zidd-millat-1068826733.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/0a/1066926106_256:0:2987:2048_1920x0_80_0_0_a8f00ff6d73cf02231cb5368df8d1634.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, русия, намояндагии вазорати меҳнат, зҳушдор, қонунигардонӣ
тоҷикистон, муҳоҷират, русия, намояндагии вазорати меҳнат, зҳушдор, қонунигардонӣ
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Ҳузури худро қонунӣ кунед вагарна баъд ду моҳ депорт мешавед
12:13 14.07.2025 (Навсозишуда: 16:13 14.07.2025) Намояндагии вазорати меҳнат дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатӣ даъват доранд, ки ҳузури худро дар Русияқонунӣ кунанд ё ин кишварро давоми ду моҳ тарк намоянд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистан дар Русия хабар додааст, ки шаҳрвандони хориҷие, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия қарор доранд, танҳо 2 моҳ барои танзими мақоми ҳуқуқии худ доранд.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардааст, ки агар дар ин муддат ҳузури худро қонунӣ накунанд қаламрави Русия ихтиёран тарк намоянд.
Намояндагии вазорат қайд кардааст, ки дар акси ҳол, нисбати муҳоҷирон чораҳои вобаста ба ихроҷ ва манъи вуруд ба Русия дар оянда татбиқ мегарданд.
Бояд таъкид кард, ки баъди 10 сентябри соли 2025 муҳлати амали Фармони раисҷумҳури Русия, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро танзим намоянд, ба поён мерасад.
Пас аз 10 сентябри соли 2025 танзими мақоми ҳуқуқӣ ғайриимкон мегардад.
Барои ҳалли масъалаи будубоши минбаъдаи қонунии худ дар қаламрави Русия, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд то 10 сентябри соли ҷорӣ ба филиали ФГУП "ПВС" ВКД Русия, МБМ "Сахарово"-и (барои шаҳрвандоне, ки дар шаҳри Маскав иқомат доранд) ва наздиктарин шӯъбаи масъалаҳои муҳоҷирати мақомоти ҳудудии ВКД Русия муроҷиат намоянд.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки дар ҳолати мушкилот пайдо кардан ва дигар суолҳо ба идораҳои намояндагӣ ё мақомоти расмӣ муроҷиат намоянд.