https://sputnik.tj/20250710/vakili-duma-qavonin-muhojirat-parlumon-zidd-millat-1068826733.html
Вакили Дума: Қавонини муҳоҷират, ки парлумон қабул кардааст, бар зидди ҳеҷ миллате нест
Вакили Дума: Қавонини муҳоҷират, ки парлумон қабул кардааст, бар зидди ҳеҷ миллате нест
Sputnik Тоҷикистон
Вакили парлумони Русия қавонини қабулкарда аз ҷониби парлумони Русия дар бораи муҳоҷирати меҳнатиро шарҳ дод ва гуфт ин бар зтидди ҳеҷ миллате нест
2025-07-10T12:59+0500
2025-07-10T12:59+0500
2025-07-10T12:59+0500
дар тоҷикистон
русия
қавонин
муҳоҷират
вакили дума
думаи давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101991/76/1019917620_0:0:3132:1762_1920x0_80_0_0_6decc8fdbe7de9734f441a3103176c7e.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Муовини аввали раиси Кумитаи Миллатҳои Думаи Давлатии Русия Илдар Гилмутдинов ба созмонҳои ҷамъиятӣ хотиррасон кард, ки қонунҳои муҳоҷиратӣ, ки аз ҷониби Думаи давлатӣ қабулшудаанд танҳо барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ нигаронида шудаанд.Вакили парлумони Русия дар ҷаласаи шӯрои коршиносони кумитаи дахлдор таъкид кард, ки ин қавонин мушаххас бар зидди ҳеҷ як миллате нест."Қонунҳои қабулкардаи Думаи давлатӣ алайҳи ягон миллат нигаронида нашудаанд. Онҳо ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ нигаронида шудаанд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки новобаста аз кадом миллат бошад, дар қаламрави кишвар ғайриқонунӣ бошад", - гуфт вакили парлумони Русия.Номбурда қайд кард, ки дар ин масъала набояд ба иғвогарон даст дароз кард ва ба масоили байни миллатҳо доман зад.Ба эътиқоди вакили парлумони Русия, ҳукумат ва Думаро зарур аст, ки сари вақт тасмимҳое бигиранд, ки барои назорати муҳоҷират нигаронида шудаанд.Бояд гуфт, давоми соли охир дар Русия барои маҳдуд кардани фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ як қатор қонунҳои нав ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла, аз 30-юми июн шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия сафар кардан мехоҳанд, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд ба ин кишвар дар бораи мақсади вуруд ва будубош маълумот пешниҳод кунанд.Русия давоми як соли ахир наздик ба 40 қонуни нави назорат бар муҳоҷиронро қабул кард.
https://sputnik.tj/20250504/vukh-vkd-i-rusiya-kishvarhoi-iiao-masoili-muhojirat-tamos-1067219542.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101991/76/1019917620_200:0:2931:2048_1920x0_80_0_0_9db7f3789c80651e8aef38b01ab79f10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, муҳоҷират, миллат, вакили парлдумон, қавонин
тоҷикистон, русия, муҳоҷират, миллат, вакили парлдумон, қавонин
Вакили Дума: Қавонини муҳоҷират, ки парлумон қабул кардааст, бар зидди ҳеҷ миллате нест
Вакили парлумони Русия қавонини қабулкарда аз ҷониби парлумони Русия дар бораи муҳоҷирати меҳнатиро шарҳ дод ва гуфт ин бар зтидди ҳеҷ миллате нест
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Муовини аввали раиси Кумитаи Миллатҳои Думаи Давлатии Русия Илдар Гилмутдинов ба созмонҳои ҷамъиятӣ хотиррасон кард, ки қонунҳои муҳоҷиратӣ, ки аз ҷониби Думаи давлатӣ қабулшудаанд танҳо барои пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ нигаронида шудаанд.
Вакили парлумони Русия дар ҷаласаи шӯрои коршиносони кумитаи дахлдор таъкид кард, ки ин қавонин мушаххас бар зидди ҳеҷ як миллате нест.
"Қонунҳои қабулкардаи Думаи давлатӣ алайҳи ягон миллат нигаронида нашудаанд. Онҳо ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ нигаронида шудаанд. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки новобаста аз кадом миллат бошад, дар қаламрави кишвар ғайриқонунӣ бошад", - гуфт вакили парлумони Русия.
Номбурда қайд кард, ки дар ин масъала набояд ба иғвогарон даст дароз кард ва ба масоили байни миллатҳо доман зад.
Ба эътиқоди вакили парлумони Русия, ҳукумат ва Думаро зарур аст, ки сари вақт тасмимҳое бигиранд, ки барои назорати муҳоҷират нигаронида шудаанд.
Бояд гуфт, давоми соли охир дар Русия барои маҳдуд кардани фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ як қатор қонунҳои нав ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла, аз 30-юми июн шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия сафар кардан мехоҳанд, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд ба ин кишвар дар бораи мақсади вуруд ва будубош маълумот пешниҳод кунанд.
Русия давоми як соли ахир наздик ба 40 қонуни нави назорат бар муҳоҷиронро қабул кард.