https://sputnik.tj/20250713/eron-shart-azsargiri-mukolama-ima-guft-1068933317.html
Эрон шартҳои азсаргирии муколама бо ИМА-ро гуфт
Эрон шартҳои азсаргирии муколама бо ИМА-ро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи Ироқчӣ, Амрико бархӯрди дипломатии худро тағйир додааст, аз ин рӯ, агар мехоҳад музокиротро аз сар бигирад, Эрон бояд итминон дошта бошад, ки... 13.07.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-07-13T16:45+0500
2025-07-13T16:45+0500
2025-07-13T16:45+0500
эрон
има
муколама
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/08/1066896880_0:0:1801:1013_1920x0_80_0_0_5a34c5862f1252258bb6538369c1498f.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Теҳрон ба музокирот дар бораи барномаи ҳастаии худ омода буд ва омода хоҳад буд, агар иқдомоти Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигар ҳангоми аз сар гирифтани муколама боиси ҷанг нашаванд. Дар ин бора Аббос Арағчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон зимни дидор бо намояндагони дипломатии кишварҳои мухталиф дар вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ изҳор дошт."Мо ҳамеша барои муколама дар бораи барномаи ҳастаии худ омода будем ва дар оянда ҳам омода (ба он - ред.) хоҳем буд, аммо табиист, ки бояд боварӣ ҳосил кард, ки агар музокирот дубора оғоз шавад, (амалиёти - ред.) Амрико ва дигар кишварҳо боиси ҷанг нахоҳад шуд",- гуфт ӯ.Ба гуфтаи Ироқчӣ, Амрико бархӯрди дипломатии худро тағйир додааст, аз ин рӯ, агар мехоҳад музокиротро аз сар бигирад, Эрон бояд итминон дошта бошад, ки Вошингтон дигар ин корро намекунад.Шаби 13-уми июн Исроил алайҳи Эрон амалиёт оғоз кард ва онро ба иҷрои барномаи махфии низомии ҳастаӣ муттаҳам кард. Ҳадафи бомбаборони ҳавоӣ ва ҳамлаҳои гурӯҳҳои тахрибӣ иншооти ҳастаӣ, генералҳо, физикҳои намоёни ҳастаӣ ва базаҳои ҳавоӣ буданд. Эрон иттиҳомотро рад кард ва бо ҳамлаҳои худ посух дод. Ду тараф тайи 12 рӯз ба табодул зарба заданд ва Иёлоти Муттаҳида низ ба он ҳамроҳ шуда, шаби 22 июн ҳамлаи якдафъаина ба таъсисоти ҳастаии Эронро анҷом дод. Ба дунболи ин, Теҳрон шоми 23 июн ба пойгоҳи Ал-Удейди Амрико дар Қатар ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод ва изҳор дошт, ки ҷониби Эрон қасд надорад, то авҷ гирифтани авзоъро идома диҳад. Дар пайи он Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ки ба ҳамалот посух намедиҳад ва Теҳрону Тел-Авив оташбас карданд.
эрон
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/08/1066896880_0:0:1667:1250_1920x0_80_0_0_0c38215bc2deb3e272189629b70136b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, има, муколама, сиёсат , дар ҷаҳон
эрон, има, муколама, сиёсат , дар ҷаҳон
Эрон шартҳои азсаргирии муколама бо ИМА-ро гуфт
Ба гуфтаи Ироқчӣ, Амрико бархӯрди дипломатии худро тағйир додааст, аз ин рӯ, агар мехоҳад музокиротро аз сар бигирад, Эрон бояд итминон дошта бошад, ки Вошингтон дигар ин корро намекунад
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Теҳрон ба музокирот дар бораи барномаи ҳастаии худ омода буд ва омода хоҳад буд, агар иқдомоти Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои дигар ҳангоми аз сар гирифтани муколама боиси ҷанг нашаванд.
Дар ин бора Аббос Арағчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон зимни дидор бо намояндагони дипломатии кишварҳои мухталиф дар вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ изҳор дошт.
"Мо ҳамеша барои муколама дар бораи барномаи ҳастаии худ омода будем ва дар оянда ҳам омода (ба он - ред.) хоҳем буд, аммо табиист, ки бояд боварӣ ҳосил кард, ки агар музокирот дубора оғоз шавад, (амалиёти - ред.) Амрико ва дигар кишварҳо боиси ҷанг нахоҳад шуд",- гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ироқчӣ, Амрико бархӯрди дипломатии худро тағйир додааст, аз ин рӯ, агар мехоҳад музокиротро аз сар бигирад, Эрон бояд итминон дошта бошад, ки Вошингтон дигар ин корро намекунад.
Шаби 13-уми июн Исроил алайҳи Эрон амалиёт оғоз кард ва онро ба иҷрои барномаи махфии низомии ҳастаӣ муттаҳам кард.
Ҳадафи бомбаборони ҳавоӣ ва ҳамлаҳои гурӯҳҳои тахрибӣ иншооти ҳастаӣ, генералҳо, физикҳои намоёни ҳастаӣ ва базаҳои ҳавоӣ буданд. Эрон иттиҳомотро рад кард ва бо ҳамлаҳои худ посух дод.
Ду тараф тайи 12 рӯз ба табодул зарба заданд ва Иёлоти Муттаҳида низ ба он ҳамроҳ шуда, шаби 22 июн ҳамлаи якдафъаина ба таъсисоти ҳастаии Эронро анҷом дод.
Ба дунболи ин, Теҳрон шоми 23 июн ба пойгоҳи Ал-Удейди Амрико дар Қатар ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод ва изҳор дошт, ки ҷониби Эрон қасд надорад, то авҷ гирифтани авзоъро идома диҳад.
Дар пайи он Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ки ба ҳамалот посух намедиҳад ва Теҳрону Тел-Авив оташбас карданд.